Рустами Эмомалӣ хост, дар гузаргоҳҳои марзӣ шаҳрвандонро ташвиш надиҳанд

© Sputnik / Амир ИсаевКПП Равот на границе Таджикистана и Узбекистана в городе Канибадам, архивное фото
КПП Равот на границе Таджикистана и Узбекистана в городе Канибадам, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.03.2022
Обуна шудан
Ҳолатҳои поймол кардани ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шаҳрвандон дар гузаргоҳҳои марзӣ боиси нигаронии парлумони Тоҷикистон шудаст
ДУШАНБЕ, 23 мар — Sputnik. Риояи қонунгузории гумрукию сарҳадӣ дар Тоҷикистон таҳти назорати мунтазам қарор дода шавад, дастур дод Рустами Эмомалӣ, раиси Маҷлиси миллӣ ба додситони кулли кишвар.
Бар асоси қарори Маҷлиси миллӣ, ки дар пайи ҳисоботи солонаи Юсуф Раҳмон, додситони кулли кишвар қабул гардид, ба ҳолатҳои нақзи ҳуқуқи шаҳрвандон дар гузаргоҳҳои сарҳадӣ таъкиди махсус шудааст.
"Баҳри пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои поймол кардани ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шаҳрвандон дар гузаргоҳҳои сарҳадӣ тадбирҳои заруриро амалӣ гардонад", - омадааст дар қарор дар мавриди вазифаҳои гузошташуда дар назди додситони кул.
Юсуф Раҳмон дар ҳисоботи ахираш гуфт, дар пайи санҷиши риояи қонунгузории нақлиёт ва гумрук тайи як соли охир 4070 нафар ба ҷавобгарии маъмурӣ, интизомӣ ва моддӣ кашида шуда, 128 парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардидаст.
Таъкиди риояи ҳуқуқи шаҳрвандон дар гузаргоҳҳои марзӣ дар ҳолест, ки дар шароити маҳдудиятҳои марбути пандемия дар бисёре аз ҳолатҳо мусофирон аз навбатпоии тӯлонӣ ва даст ба фасоди морлӣ задани бархе масъулин дар марз шикоят карда буданд.
Снятие ковидных ограничений в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.03.2022
Лағви маҳдудиятҳои ковидӣ дар Тоҷикистон
Дар ҳамин ҳол мақомоти Тоҷикистон ахиран эълон карданд, ки бо дарназардошти муътадил шудани вазъи эпидемиологӣ дар ҷумҳурӣ аз 15 марти 2022 маҳдудиятҳое, ки қаблан ҳангоми вуруд ва будубош амал мекарданд, бекор карда шуданд.
Аз ҷумла таъкид шуда буд, ки шаҳрвандон метавонанд танҳо бо пешниҳоди гувоҳнома дар бораи ваксинатсияи пурра бар зидди бемории COVID-19 бидуни гузаштан аз озмоиши вирусологӣ омадурафт кунанд.
Манбаъ афзуд, гувоҳнома дар бораи ваксинатсия бар зидди COVID-19, ки аз ҷониби мақомоти кишварҳои ИДМ пешниҳод карда мешавад, расман эътироф мегардад.
Лентаи хабарҳо
0