Туҳфаи наврӯзӣ ба Суғд - барқ дар ин вилоят доимӣ шуд

© PixabayЛампочка
Лампочка - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.03.2022
Обуна шудан
Эксклюзив
Мушкили барқрасонӣ, ки сокинони рустоҳои Суғд ба мисли дигар манотиқи кишвар ҳалли онро дер боз мунтазир буданд, бо шуруъ шудани Ҷашни ҷаҳонии Наврӯз бартараф шуд
ДУШАНБЕ, 23 мар – Sputnik. Аз оғози рӯзҳои наврӯзӣ қатъи барқи хонаҳо дар вилояти Суғд хотима ёфтааст.
Сунатулло Раҷабов, як сокини деҳаи Далёни Болои ноҳияи Деваштич гуфт, ки аз рӯзи 20 март ба ин тараф мушкили бебарқӣ пурра ҳал шудааст.

"Чаҳор рӯз аст, ки барқрасонӣ 24-соата аст”, - гуфт ҳамсуҳбати Sputnik Тоҷикистон

Сокинони дигар навоҳии Суғд ҳам дар бораи доимӣ шудани барқ иттилоъ доданд.
Исмоил Мадумаров, як сокини ҷамоати Ошобаи ноҳияи Ашт гуфт, ки ҳоло маҳдудияти интиқоли барқ ба хонаҳо бекор карда шудааст. Ба қавли ӯ, равшаншавии фурӯзонакҳоро онҳо дер боз интизор буданд.
"Дар рӯзҳои Иди Наврӯз аз доимӣ шудани барқ шоду хушҳол шудем, умедворем, ин шодиҳои мо танҳо як лаҳзаина набошанд”, - иброз намуд Мадумаров.
Хуроки шом дар хонаводаи тоҷик. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.02.2022
Шабона хомӯш мекунанд. Дар остонаи баҳор сокинон аз мушкили барқрасонӣ мегӯянд
Дар ҳамин ҳол Ҳусейн Шарифиён, муовини директори филиали ҶСК “Шабакаҳои тақсимоти барқ” дар шаҳри Истаравшан, ки тақсимоти барқи аксари шаҳру навоҳии Суғдро ҳамин идора зери назорат дорад, дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон гуфт, ҳоло ҳама шаҳру навоҳии вилоят сокинон бо барқи доимӣ таъмин ҳастанд.
"Таъмири хатҳои баландшиддат ва зеристогоҳҳои барқӣ, ки кори чоҳ ва пойгоҳҳои обкашии хоҷагиҳои кишоварзӣ аз онҳо вобастааст, ба охир расонида шуд. Алҳол дар самти барқрасонӣ мушкиле ҷой надорад”, - афзуд Шарифиён.
Дар навоҳии Суғд ва дигар манотиқи умдатан рустоии кишвар аз оғози моҳи феврал маҳдудият ва ё “лимит” -и барқ ҷорӣ гардида буд.
Дар пайи ин вазъ дар 24 соати шабонарӯзӣ 16 соат, рӯзона аз соати 08:00 то соати 17:00 ва шабона аз соати 22:00 то 05:00-и саҳар барқи манзили сокинон қатъ карда мешуд.
Масъулини соҳа сабаби бо чунин реҷа қатъ намудани барқи манзили сокинон дар шаҳру навоҳии кишварро ба ҷараёни таъмири хатҳои барқрасонӣ рабт медоданд.
Лентаи хабарҳо
0