https://sputnik.tj/20220323/lavrov-avrupo-mavqe-rusiya-1047020637.html
Лавров: Агар Аврупо мавқеашро иваз кунад, Русия дарҳояшро ба рӯи онҳо намебандад
Лавров: Агар Аврупо мавқеашро иваз кунад, Русия дарҳояшро ба рӯи онҳо намебандад
Sputnik Тоҷикистон
Вазири хориҷаи Русия таъкид кард, ки агар Аврупо мавқеъашро таъғир диҳад Руся бар рӯи онҳо дарашро намебандад
2022-03-23T18:20+0500
2022-03-23T18:20+0500
2022-03-23T18:20+0500
дар русия
дар ҷаҳон
аврупо
таҳрим
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/03/12/1046902316_0:0:3072:1728_1920x0_80_0_0_c73d313154a1620b6cc3f28c2a735665.jpg
ДУШАНБЕ, 23 мар – Sputnik. Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия гуфт, бастани дар ба рӯи Аврупо аз худи аврупоиҳо вобаста аст, вале "мо аз онҳо вобаста нестем".Тавре оқои Лавров қайд кард, Иттиҳодияи Аврупо ҳамкорӣ бо Русияро дар 20 соҳа, сохтмони чаҳор фазои муштарак, кор дар самти либерализатсияи раводид ва ғайраро низ қатъ кард.Ба гуфтаи вай, ҳоло ҳамоҳанг кардани раванди Иттиҳодияи Иқтисоди АвруОсиё ва ибтикори Чин ҷараён дорад.Лавров афзуд, Маскав бо Пекин ҳам дар чаҳорчӯби равобити дуҷониба ва ҳам дар чаҳорчӯби РИК (Русия - Ҳиндустон - Чин), ки то ҳол вуҷуд дорад, робита дорад."Агар Аврупо мавқеашро иваз кунад, мо дарро ба рӯи онҳо намебандем. Аммо мо аз касе вобаста нашавем. Аврупо беэътимодии худро ҳамчун шарик нишон дод. Бо кумаки дигар созмонҳо, бахусус Иттиҳодияи Иқтисодии Авросиё, СҲШ, БРИКС ва дигар механизмҳо қавитар мешавем. Мо лоиҳаҳоеро, ки барои амалисозии муштарак ба мо пешниҳод карда мешаванд, аз диди дигар баррасӣ хоҳем кард ", - гуфт Лавров.Як қатор кишварҳои Ғарб пас аз оғози амалиёти вижаи артиши рус дар Украина бар зидди Русия таҳримҳои нав ҷорӣ карданд. Тавре ки қаблан дар Кремл изҳор доштанд, таҳримҳои Ғарб хеле ҷиддӣ ҳастанд, Русия барои муқобила бо онҳо пешакӣ омодагӣ медид. Таҳримҳо таҳлил ва ҳамоҳангсозии мақомоти дахлдорро талаб мекунанд, то чораҳои ҷавобӣ, ки ба манфиати Русияанд, дода шавад.Владимир Путин, раисҷумҳури Русия гуфт, сиёсати пешгирӣ ва заиф кардани Русия стратегияи дарозмуддат барои Ғарб аст ва таҳримҳо ба тамоми иқтисоди ҷаҳонӣ зарбаи ҷиддӣ хоҳанд зад. Ба фикри ӯ, мақсади асосии Ғарб бадтар кардани зиндагии миллионҳо нафар аст. Путин ҳамчунин гуфт, Иёлоти Муттаҳида ва Иттиҳодияи Аврупо амалан уҳдадориҳои худ дар назди Русияро иҷро накарданд ва захираҳои асъорро мунҷамид карданд.
https://sputnik.tj/20220323/rus-fas-badbini-garb-lavrov-1047018813.html
аврупо
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/03/12/1046902316_341:0:3072:2048_1920x0_80_0_0_164ff162abb552aefd81f6e52f4cdde1.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
аврупо, лавров, русия, таҳрим, дарҳоро бастан, мавқеъ
аврупо, лавров, русия, таҳрим, дарҳоро бастан, мавқеъ
Лавров: Агар Аврупо мавқеашро иваз кунад, Русия дарҳояшро ба рӯи онҳо намебандад
Вазири умури хориҷии Русия таъкид кард, агар Аврупо мавқеашро тағйир диҳад, Русия бар рӯи онҳо дарашро намебандад
ДУШАНБЕ, 23 мар – Sputnik. Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия гуфт, бастани дар ба рӯи Аврупо аз худи аврупоиҳо вобаста аст, вале "мо аз онҳо вобаста нестем".
Тавре оқои Лавров қайд кард, Иттиҳодияи Аврупо ҳамкорӣ бо Русияро дар 20 соҳа, сохтмони чаҳор фазои муштарак, кор дар самти либерализатсияи раводид ва ғайраро низ қатъ кард.
Ба гуфтаи вай, ҳоло ҳамоҳанг кардани раванди Иттиҳодияи Иқтисоди АвруОсиё ва ибтикори Чин ҷараён дорад.
Лавров афзуд, Маскав бо Пекин ҳам дар чаҳорчӯби равобити дуҷониба ва ҳам дар чаҳорчӯби РИК (Русия - Ҳиндустон - Чин), ки то ҳол вуҷуд дорад, робита дорад.
“Дар ин ҷо лоиҳаҳои зиёди ояндадор ба монанди лӯла, инфрасохтор ва нақлиётро амалӣ кардан мумкин аст ва сари онҳо кор бурда мешавад”, - гуфт вазир.
"Агар Аврупо мавқеашро иваз кунад, мо дарро ба рӯи онҳо намебандем. Аммо мо аз касе вобаста нашавем. Аврупо беэътимодии худро ҳамчун шарик нишон дод. Бо кумаки дигар созмонҳо, бахусус Иттиҳодияи Иқтисодии Авросиё, СҲШ, БРИКС ва дигар механизмҳо қавитар мешавем. Мо лоиҳаҳоеро, ки барои амалисозии муштарак ба мо пешниҳод карда мешаванд, аз диди дигар баррасӣ хоҳем кард ", - гуфт Лавров.
Як қатор кишварҳои Ғарб пас аз оғози амалиёти вижаи артиши рус дар Украина бар зидди Русия таҳримҳои нав ҷорӣ карданд. Тавре ки қаблан дар Кремл изҳор доштанд, таҳримҳои Ғарб хеле ҷиддӣ ҳастанд, Русия барои муқобила бо онҳо пешакӣ омодагӣ медид. Таҳримҳо таҳлил ва ҳамоҳангсозии мақомоти дахлдорро талаб мекунанд, то чораҳои ҷавобӣ, ки ба манфиати Русияанд, дода шавад.
Владимир Путин, раисҷумҳури Русия гуфт, сиёсати пешгирӣ ва заиф кардани Русия стратегияи дарозмуддат барои Ғарб аст ва таҳримҳо ба тамоми иқтисоди ҷаҳонӣ зарбаи ҷиддӣ хоҳанд зад. Ба фикри ӯ, мақсади асосии Ғарб бадтар кардани зиндагии миллионҳо нафар аст. Путин ҳамчунин гуфт, Иёлоти Муттаҳида ва Иттиҳодияи Аврупо амалан уҳдадориҳои худ дар назди Русияро иҷро накарданд ва захираҳои асъорро мунҷамид карданд.