https://sputnik.tj/20220323/lavrov-amriko-jahon-hukmfarmo-1047011993.html
Лавров: Амрико мехоҳад, дар тамоми ҷаҳон ҳукмфармо бошад
Лавров: Амрико мехоҳад, дар тамоми ҷаҳон ҳукмфармо бошад
Sputnik Тоҷикистон
Вазири умури хориҷаи Русия бунёди ҷаҳони якқутбиро ҳадафи аслии Ғарб номид
2022-03-23T15:00+0500
2022-03-23T15:00+0500
2022-03-23T17:26+0500
дар русия
сергей лавров
амрико
сиёсат
амалиёти вижаи русия барои ҳимояи донбасс: охирин хабарҳо
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/03/03/1046491798_0:0:1836:1034_1920x0_80_0_0_2ff2d466ff040eb1d3cbd29e0809ed00.jpg
ДУШАНБЕ, 23 мар — Sputnik. Вазири умури хориҷии Русия Сергей Лавров гуфт, он чӣ дар Украина мегузарад, хоҳиши Амрико аст ва ин кишвар мехоҳад, дар ҷаҳон ҳукмронӣ кунад.Дипломати рус ҳамчунин дар суҳбат бо донишҷӯён аз ҷараёни кунди музокироти Русия ва Украина гуфт. Ба таъкиди ӯ, аз сабабе ки Украина зуд-зуд мавқеи худро тағйир медиҳад, музокирот ба кундӣ пеш меравад.Ӯ афзуд, дар рафти гуфтушунидҳо ҷониби Украина ҳатто аз пешниҳодҳои худаш низ даст кашида истодааст.Гуфтушунидҳо миёни Маскав ва Киев, ки пас аз амалиёти низомии 24 феврал оғоз шудаанд, то ҳол идома доранд.Лавров сабаби кундии музокирот бо Украинаро гуфтАлъон 4 даври музокирот баргузор шуда, ҷонибҳо мегӯянд, гуфтушунидҳо идома хоҳанд ёфт.Президенти Русия Владимир Путин ҳадафи амалиёти низомӣ дар Украинаро "ҳимояи одамоне номид, ки дар тӯли ҳашт сол таҳти таъқиб ва наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд". Ин ҷо ҳарф дар бораи забти Украина нест, гуфт раисҷумҳури Русия.Вазорати дифои Русия эълон дошт, ки танҳо иншооти низомиро ҳадаф қарор медиҳаду ба сокинони осоишта таҳдиде вуҷуд надорад.
амрико
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/03/03/1046491798_116:0:1836:1290_1920x0_80_0_0_dc3152182f369eb7af3d0658013bf795.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
лавров амрико русия сиёсат
лавров амрико русия сиёсат
Лавров: Амрико мехоҳад, дар тамоми ҷаҳон ҳукмфармо бошад
15:00 23.03.2022 (Навсозишуда: 17:26 23.03.2022) Вазири умури хориҷии Русия бунёди ҷаҳони якқутбиро ҳадафи аслии Ғарб номид
ДУШАНБЕ, 23 мар — Sputnik. Вазири умури хориҷии Русия Сергей Лавров гуфт, он чӣ дар Украина мегузарад, хоҳиши Амрико аст ва ин кишвар мехоҳад, дар ҷаҳон ҳукмронӣ кунад.
"Ин ҳама (таҳримҳо) барои аз байн бурдани монеа - Русия дар роҳи бунёди ҷаҳони якқутбӣ аст... Ин дар бораи Украина нест, ин дар бораи тартиботи ҷаҳонӣ аст, ки Иёлоти Муттаҳида мехоҳад, дар он соҳибихтиёри ягона бошад", - гуфт ӯ дар мулоқот бо ҳайати донишҷӯёнии ИМБМ.
Дипломати рус ҳамчунин дар суҳбат бо донишҷӯён аз ҷараёни кунди музокироти Русия ва Украина гуфт. Ба таъкиди ӯ, аз сабабе ки Украина зуд-зуд мавқеи худро тағйир медиҳад, музокирот ба кундӣ пеш меравад.
Ӯ афзуд, дар рафти гуфтушунидҳо ҷониби Украина ҳатто аз пешниҳодҳои худаш низ даст кашида истодааст.
Гуфтушунидҳо миёни Маскав ва Киев, ки пас аз амалиёти низомии 24 феврал оғоз шудаанд, то ҳол идома доранд.
Алъон 4 даври музокирот баргузор шуда, ҷонибҳо мегӯянд, гуфтушунидҳо идома хоҳанд ёфт.
Президенти Русия Владимир Путин ҳадафи амалиёти низомӣ дар Украинаро "ҳимояи одамоне номид, ки дар тӯли ҳашт сол таҳти таъқиб ва наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд". Ин ҷо ҳарф дар бораи забти Украина нест, гуфт раисҷумҳури Русия.
Вазорати дифои Русия эълон дошт, ки танҳо иншооти низомиро ҳадаф қарор медиҳаду ба сокинони осоишта таҳдиде вуҷуд надорад.