https://sputnik.tj/20220323/band-tojikon-furudgoh-zhukovskiy-sabab-1046989248.html
Мунтазирии даҳҳо тоҷикистонӣ дар фурудгоҳи Жуковский: сабаб чист?
Мунтазирии даҳҳо тоҷикистонӣ дар фурудгоҳи Жуковский: сабаб чист?
Sputnik Тоҷикистон
Бинобар лағв шудани парвозҳо мусофирони тоҷик, ки хоҳишманди сафар ба ватан мебошанд. дар фурудгоҳи Жуковский дармонданд
2022-03-23T17:10+0500
2022-03-23T17:10+0500
2022-03-23T17:43+0500
дар тоҷикистон
дар русия
нақлиёт
муҳоҷират
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102113/80/1021138094_0:261:5018:3084_1920x0_80_0_0_16de27c96b21227325206a4d62d0f803.jpg
ДУШАНБЕ, 23 мар — Sputnik. Дар фурудгоҳи Жуковский шаҳри Маскав даҳҳо мусофири тоҷик дар интизори парвоз ба Ватан ҳастанд.Як видеое, ки онро корбаре бо номи Фаррух Набиев дар шабакаи "YouTube" нашр намудааст, ҳолати бади муҳоҷирони мунтазири ҳавопаймо дар фурудгоҳро намоиш медиҳад.Ин корбар мегӯяд, таҷаммуи мусофирони мунтазири парвоз дар фурудгоҳ аксаран тоҷик ва шаҳрвандони соири кишварҳои Осиёи Марказиянд ва чанд рӯз аст, ки интизори парвоз ба кишварҳои худ мебошанд.Ба гуфтаи ин корбар, мардум ҳама дар интизори иттилои тоза ҳастанд. Аммо ӯ аз он изҳори нигаронӣ намуд, ки касе ба доди мусофирони дармонда намерасад ва сабаби таъхир дар парвози ширкатҳои ҳавопаймоиро низ тавзеҳ намедиҳанд.Зимнан сафорати Тоҷикистон дар Русия ва Федератсияи муҳоҷирони Русия ба Sputnik Тоҷикистон гуфтаанд, ки дар ин бора ба онҳо ҳеҷ дархосте ворид нашудааст. Аз ширкати "Уралские авиалинии" ба Sputnik Тоҷикистон гуфтанд, дар ҳоли ҳозир мусофироне, ки аз Жуковский ба самти Хуҷанд парвоз мекунанд, дар фурудгоҳ мунтазири парвоз ҳастанд. Аксари онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд.Қаблан маълум шуда буд, ки парвозҳои ширкати "Уралские авиалинии" дар фурудгоҳҳои Тоҷикистону Русия ба таври оммавӣ ба таъхир афтодаанд ё лағв шудаанд. Лағви парвозҳо дар ҳолест, ки беш аз 80%-и парвозҳоро миёни Тоҷикистон ва Русия маҳз ҳамин ширкат анҷом медиҳад.
https://sputnik.tj/20220322/shirkat-uralskie-avialinii-parvoz-tojikiston-laghv-1046988676.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102113/80/1021138094_279:0:4739:3345_1920x0_80_0_0_f0ce2f3276eddc5b543f01771e6e6c23.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
жуковский муҳоҷирон банд
Мунтазирии даҳҳо тоҷикистонӣ дар фурудгоҳи Жуковский: сабаб чист?
17:10 23.03.2022 (Навсозишуда: 17:43 23.03.2022) Бинобар лағв шудани парвозҳо мусофирони тоҷик, ки хоҳишманди сафар ба Ватан мебошанд, дар фурудгоҳи Жуковский бидуни ҳавопаймо мондаанд
ДУШАНБЕ, 23 мар — Sputnik. Дар фурудгоҳи Жуковский шаҳри Маскав даҳҳо мусофири тоҷик дар интизори парвоз ба Ватан ҳастанд.
Як видеое, ки онро корбаре бо номи Фаррух Набиев дар шабакаи "YouTube" нашр намудааст, ҳолати бади муҳоҷирони мунтазири ҳавопаймо дар фурудгоҳро намоиш медиҳад.
Ин корбар мегӯяд, таҷаммуи мусофирони мунтазири парвоз дар фурудгоҳ аксаран тоҷик ва шаҳрвандони соири кишварҳои Осиёи Марказиянд ва чанд рӯз аст, ки интизори парвоз ба кишварҳои худ мебошанд.
Ба гуфтаи ин корбар, мардум ҳама дар интизори иттилои тоза ҳастанд. Аммо ӯ аз он изҳори нигаронӣ намуд, ки касе ба доди мусофирони дармонда намерасад ва сабаби таъхир дар парвози ширкатҳои ҳавопаймоиро низ тавзеҳ намедиҳанд.
Зимнан сафорати Тоҷикистон дар Русия ва Федератсияи муҳоҷирони Русия ба Sputnik Тоҷикистон гуфтаанд, ки дар ин бора ба онҳо ҳеҷ дархосте ворид нашудааст.
Аз ширкати "Уралские авиалинии" ба Sputnik Тоҷикистон гуфтанд, дар ҳоли ҳозир мусофироне, ки аз Жуковский ба самти Хуҷанд парвоз мекунанд, дар фурудгоҳ мунтазири парвоз ҳастанд. Аксари онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд.
"Ба таъхир гузоштани парвозҳо ба зарурати дарёфти иҷозаи иловагӣ аз мақомоти авиатсия дар ҷиҳати парвоз ва реҷаи кори фурудгоҳи Жуковский иртибот дорад", - афзуд хадамоти матбуотии ин ширкат.
Қаблан маълум шуда буд, ки парвозҳои ширкати "Уралские авиалинии" дар фурудгоҳҳои Тоҷикистону Русия ба таври оммавӣ ба таъхир афтодаанд ё лағв шудаанд. Лағви парвозҳо дар ҳолест, ки беш аз 80%-и парвозҳоро миёни Тоҷикистон ва Русия маҳз ҳамин ширкат анҷом медиҳад.