Қурби рубл дар бозори нақди Тоҷикистон боло рафт

© Sputnik / Амир ИсаевДушанбе плаза
Душанбе плаза - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.03.2022
Обуна шудан
Арзиши рубли русӣ дар бозори ғайринақдӣ бетағйир монда, дар бозори нақдӣ каме боло рафтааст
ДУШАНБЕ, 22 мар — Sputnik. Бонки миллии Тоҷикистон қурбъи асъори хориҷиро дар бозори ғайринақдии кишвар бетағйир гузошта, нишондоди рӯзи қаблиро нигоҳ доштааст.
Бар асоси иттилои сомонаи Бонки миллӣ, қурби рубл ҳамоно 0,1234 сомонӣ, евро 14,3325 ва доллар 12,96 сомонӣ мебошад.
Дар ҳамин ҳол қурби рубл дар бонкҳои тиҷорӣ, ки аксари муҳоҷирони меҳнатии Тоҷикистон бо ин асъор маош мегиранду бо он ба Ватан маблағ интиқол медиҳанд, каме боло рафтааст.
Танҳо дар "Ориёнбонк" арзиш бетағйир буда, ин бонк барои 1 ҳазор рубл зимни харид ҳамоно 115 сомонӣ ва зимни фурӯш 130 сомонӣ нарх муқаррар кардааст. Ин поинтарин нишондод зимни харид ва баландтарин зимни фурӯш миёни бонкҳои тиҷории кишвар мебошад.
Денежные купюры и монеты. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.03.2022
Дастури Рустами Эмомалӣ барои ҷилавгирӣ аз болоравии беасоси қурби асъор
Дар "Спитаменбонк", ки рӯзи гузашта қурби ҳазор рубл зимни харидуфурӯш 122 - 125 сомонӣ буд, феълан зимни харид 123,5 сомонӣ ва зимни фурӯш 126 сомониро ташкил медиҳад.
Бонки "Эсхата" қурби ҳазор рублро зимни харидуфурӯш 123,5 ва 125,5 сомонӣ муайян намудааст. Рӯзи гузашта ин нишондод мутаносибан 122 ва 124 сомонӣ буд.
"Алифбонк" ҳазор рублро феълан бо нархи 123,5 сомонӣ мехараду ба ивази 129 сомонӣ мефурӯшад. Рӯзе пеш рубл дар ин муассиса бо нархи 122 - 129 сомонӣ харидуфурӯш мешуд.
Дар ҳамин ҳол Бонки миллӣ ҳушдор медиҳад, ки муомилоти асъории берун аз филиалҳо, марказҳои хидматрасонии бонкӣ, инчунин банкоматҳо ва терминалҳо мамнуъ мебошанд.
Риоя накардани ин талабот дар Тоҷикистон ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ дар пай дорад.
Лентаи хабарҳо
0