https://sputnik.tj/20220322/kishvar-avrupo-tahrim-rusiya-1046983436.html
Як кишвари аврупоӣ аз таҳримҳои зидди Русия даст кашид
Як кишвари аврупоӣ аз таҳримҳои зидди Русия даст кашид
Sputnik Тоҷикистон
Яке аз давлатҳои Аврупои Ҷанубу Шарқӣ эълон кард, ки намехоҳад ба Маскав маҳдудият ҷорӣ кунад
2022-03-22T14:35+0500
2022-03-22T14:35+0500
2022-03-22T17:23+0500
дар русия
таҳримот
босния
дар ҷаҳон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/03/16/1046978911_0:0:1281:721_1920x0_80_0_0_14949136e2aa2257aa0a4c4c7ab40dfd.jpg
ДУШАНБЕ, 22 мар — Sputnik. Босния ва Ҳерсеговина алайҳи Русия таҳрим ҷорӣ нахоҳад кард. Дар ин бора дар суҳбат бо хабарнигори нашрияи "Известия" узви президиуми раёсати ҳукумати ин кишвар Милорад Додик иттилоъ дод. Ба гуфтаи вай, иддае аз намояндагони Федератсияи мусалмонони хорватии ин кишвар аз маҳдудиятҳо алайҳи Маскав ҳимоят мекунанд, аммо мақомот дар талошанд, бо кумаки сафирон дар СММ ва Иттиҳодияи Аврупо манфиатҳои худро ҳифз намоянд. Аммо як мақоми Босния ва Ҳерсеговина гуфт, сербҳо аз тасвиби таҳримҳо худдорӣ мекунанд. Ҳамин тариқ давлат ба манъи парвози ҳавопаймоҳои Русия бинобар ҳузури онҳо дар системаи назорати авиатсия даст назадааст.Ғайр аз ин Додик дар бораи имконнопазирии дохил шудани Босния ва Ҳерсеговина ба НАТО бидуни ризоияти Ҷумҳурии Сербия гуфт. Аз соли 2017 инҷониб ин кишвар мавқеи бетарафро нигоҳ дошта, аз пайвастан ба блокҳои низомӣ худдорӣ мекунад. Қаблан Туркия, Чин ва Сербистон эълон карданд, ки омода нестанд, алайҳи Федератсияи Русия таҳримот ҷорӣ кунанд. Ба гуфтаи масъулони ҳукумат, ин гуна иқдом натиҷаи дилхоҳ намедиҳад. Ёдовар мешавем, ИМА ва Иттиҳодияи Аврупо ба далели амалиёти вижа барои ҳифзи Донбасс алайҳи Русия маҳдудиятҳои густарда ҷорӣ карданд. Таҳримҳо ба соҳаҳои молӣ, энергетика, нақлиёт, технология ва сиёсати раводид таъсир расонидаанд.
https://sputnik.tj/20220318/lavrov-tahrimho-ghab-rusiya-tanho-qavitar-1046896658.html
босния
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/03/16/1046978911_0:0:1065:799_1920x0_80_0_0_4704a467e691b50a11a6468c6232f208.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
кишвар аврупо таҳрим русия
кишвар аврупо таҳрим русия
Як кишвари аврупоӣ аз таҳримҳои зидди Русия даст кашид
14:35 22.03.2022 (Навсозишуда: 17:23 22.03.2022) Яке аз давлатҳои ҷанубу шарқи Аврупо эълон кард, ки намехоҳад дар нисбати Маскав маҳдудият ҷорӣ кунад
ДУШАНБЕ, 22 мар — Sputnik. Босния ва Ҳерсеговина алайҳи Русия таҳрим ҷорӣ нахоҳад кард. Дар ин бора дар суҳбат бо хабарнигори нашрияи "Известия" узви президиуми раёсати ҳукумати ин кишвар Милорад Додик иттилоъ дод.
Ба гуфтаи вай, иддае аз намояндагони Федератсияи мусалмонони хорватии ин кишвар аз маҳдудиятҳо алайҳи Маскав ҳимоят мекунанд, аммо мақомот дар талошанд, бо кумаки сафирон дар СММ ва Иттиҳодияи Аврупо манфиатҳои худро ҳифз намоянд.
"Босния таҳрим ҷорӣ накардааст, дар ин бора қарор вуҷуд надорад. Ин на дар президиуми Босния ва Ҳерсеговина, на дар парлумон ва на дар ягон ниҳоди дигар дар сатҳи тамоми кишвар қабул нашудааст", - гуфт Додик.
Аммо як мақоми Босния ва Ҳерсеговина гуфт, сербҳо аз тасвиби таҳримҳо худдорӣ мекунанд. Ҳамин тариқ давлат ба манъи парвози ҳавопаймоҳои Русия бинобар ҳузури онҳо дар системаи назорати авиатсия даст назадааст.
Ғайр аз ин Додик дар бораи имконнопазирии дохил шудани Босния ва Ҳерсеговина ба НАТО бидуни ризоияти Ҷумҳурии Сербия гуфт.
Аз соли 2017 инҷониб ин кишвар мавқеи бетарафро нигоҳ дошта, аз пайвастан ба блокҳои низомӣ худдорӣ мекунад.
Қаблан Туркия, Чин ва Сербистон эълон карданд, ки омода нестанд, алайҳи Федератсияи Русия таҳримот ҷорӣ кунанд. Ба гуфтаи масъулони ҳукумат, ин гуна иқдом натиҷаи дилхоҳ намедиҳад.
Ёдовар мешавем, ИМА ва Иттиҳодияи Аврупо ба далели амалиёти вижа барои ҳифзи Донбасс алайҳи Русия маҳдудиятҳои густарда ҷорӣ карданд.
Таҳримҳо ба соҳаҳои молӣ, энергетика, нақлиёт, технология ва сиёсати раводид таъсир расонидаанд.