https://sputnik.tj/20220322/elon-rohbandi-dushanbe-1046975648.html
Эълони панҷ рӯзи роҳбандӣ дар Душанбе
Эълони панҷ рӯзи роҳбандӣ дар Душанбе
Sputnik Тоҷикистон
Шаҳдории Душанбе аз сокинони пойтахт дархост кардааст, ки давоми роҳбандиҳо аз нақлиёти шахсӣ истифода накунанд
2022-03-22T09:37+0500
2022-03-22T09:37+0500
2022-03-22T12:36+0500
нақлиёт
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102226/87/1022268788_0:50:2155:1262_1920x0_80_0_0_018875557658bb6ba8aa344a77b6d9bb.jpg
ДУШАНБЕ, 22 мар — Sputnik. Дар Душанбе бинобар баргузории Чемпионати велосипедронии Осиё панҷ рӯзи маҳдудият дар ҳаракати воситаҳои нақлиёт эълон шудааст.Дар ин бора дафтари матбуотии шаҳрдори хабар дода гуфтааст, ки маҳдудиятҳо аз 25 то 30 март амал мекунанд.Ҳамин тавр аз 25 то 27 март, аз соати 09:00 то 17:00 ҳаракати воситаҳои нақлиёт аз буриши хиёбонҳои Рӯдакӣ - Айнӣ тавассути хиёбони Рӯдакӣ то маҳаллаи Чорбоғ, кӯчаҳои Ҳ. Шерозӣ — Карамов пайваст ба хиёбони Рӯдакӣ манъ аст.Инчунин аз 28 то 30 март, аз соати 07:30 то 16:00 ҳаракати нақлиёт аз ҳалқаи буриши хиёбони С. Айнӣ — кӯчаи Дӯстии халқҳо, хиёбонҳои Айнӣ, Рӯдакӣ то маҳаллаи Чорбоғ, хиёбонҳои Ҳ. Шерозӣ, С. Шерозӣ, кӯчаи Н. Қарабоев, роҳи мошингарди Душанбе — Бохтар то деҳаи Ачии ноҳияи Хуросон ва бозгашт бо кӯчаҳои Н. Қарабоев, С.Шерозӣ, хиёбонҳои А. Сино, И. Сомонӣ, Н. Махсум то маҳаллаи Зафар ва бозгашт тавассути хиёбонҳои Н. Махсум, И. Сомонӣ, Рӯдакӣ то майдони Дӯстии халқҳо маҳдуд мегардад.Шаҳрдорӣ аз аз шаҳрвандон дархост кардаааст, ки дар рӯзҳои баргузории рухдоди мазкур, яъне аз 25 то 30 март аз истифодаи воситаҳои нақлиёти шахсӣ худдорӣ ва аз нақлиёти ҷамъиятӣ, автобусҳо истифода намоянд.Маврид ба зикр аст, ки дар Қаҳрамонии Осиё дар риштаи дучархаронӣ, ки аз 25 то 30 март баргузор мешавад, иштироки 428 намоянда аз 27 давлати қора дар назар аст."Умуман дар доираи ин чорабинӣ дар 6 масофа 18 мусобиқа миёни мардҳо ва бонувон ба нақша гирифта шудааст", - омадааст дар иттилоия.
https://sputnik.tj/20220319/ducharkharon-jadval-qahramoni-osiyo-1046926914.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102226/87/1022268788_29:0:1944:1436_1920x0_80_0_0_527a1fcd681c26bf3869039390b35c5b.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
эълони роҳбандӣ душанбе
Эълони панҷ рӯзи роҳбандӣ дар Душанбе
09:37 22.03.2022 (Навсозишуда: 12:36 22.03.2022) Шаҳдории Душанбе аз сокинони пойтахт дархост кардааст, ки давоми роҳбандиҳо аз нақлиёти шахсӣ истифода накунанд
ДУШАНБЕ, 22 мар — Sputnik. Дар Душанбе бинобар баргузории Чемпионати велосипедронии Осиё панҷ рӯзи маҳдудият дар ҳаракати воситаҳои нақлиёт эълон шудааст.
Дар ин бора дафтари матбуотии шаҳрдори хабар дода гуфтааст, ки маҳдудиятҳо аз 25 то 30 март амал мекунанд.
Ҳамин тавр аз 25 то 27 март, аз соати 09:00 то 17:00 ҳаракати воситаҳои нақлиёт аз буриши хиёбонҳои Рӯдакӣ - Айнӣ тавассути хиёбони Рӯдакӣ то маҳаллаи Чорбоғ, кӯчаҳои Ҳ. Шерозӣ — Карамов пайваст ба хиёбони Рӯдакӣ манъ аст.
Инчунин аз 28 то 30 март, аз соати 07:30 то 16:00 ҳаракати нақлиёт аз ҳалқаи буриши хиёбони С. Айнӣ — кӯчаи Дӯстии халқҳо, хиёбонҳои Айнӣ, Рӯдакӣ то маҳаллаи Чорбоғ, хиёбонҳои Ҳ. Шерозӣ, С. Шерозӣ, кӯчаи Н. Қарабоев, роҳи мошингарди Душанбе — Бохтар то деҳаи Ачии ноҳияи Хуросон ва бозгашт бо кӯчаҳои Н. Қарабоев, С.Шерозӣ, хиёбонҳои А. Сино, И. Сомонӣ, Н. Махсум то маҳаллаи Зафар ва бозгашт тавассути хиёбонҳои Н. Махсум, И. Сомонӣ, Рӯдакӣ то майдони Дӯстии халқҳо маҳдуд мегардад.
Шаҳрдорӣ аз аз шаҳрвандон дархост кардаааст, ки дар рӯзҳои баргузории рухдоди мазкур, яъне аз 25 то 30 март аз истифодаи воситаҳои нақлиёти шахсӣ худдорӣ ва аз нақлиёти ҷамъиятӣ, автобусҳо истифода намоянд.
Маврид ба зикр аст, ки дар Қаҳрамонии Осиё дар риштаи дучархаронӣ, ки аз 25 то 30 март баргузор мешавад, иштироки 428 намоянда аз 27 давлати қора дар назар аст.
"Умуман дар доираи ин чорабинӣ дар 6 масофа 18 мусобиқа миёни мардҳо ва бонувон ба нақша гирифта шудааст", - омадааст дар иттилоия.