https://sputnik.tj/20220321/qurbi-rubl-tojikiston-narkh-oriyonbonk-1046949485.html
Қурби рубл дар Тоҷикистон: поинтарин нарх дар "Ориёнбонк" аст
Қурби рубл дар Тоҷикистон: поинтарин нарх дар "Ориёнбонк" аст
Sputnik Тоҷикистон
Бонки миллии Тоҷикистон қурби асъори хориҷиро дар кишварро муайян кардаст, ки шомили тағйироти назаррасе нест
2022-03-21T12:05+0500
2022-03-21T12:05+0500
2022-03-21T18:30+0500
иқтисод
дар тоҷикистон
қурб
рубл
бонки миллӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103087/16/1030871666_0:0:3641:2048_1920x0_80_0_0_e7acd0390934aedc3e0e0f89484b7f28.jpg
ДУШАНБЕ, 21 мар — Sputnik. Қурби рубл дар бозори ғайринақдии Тоҷикистон каме боло рафта, дар бозори нақдӣ коҳиш ёфтаст. Тибқи иттилои сомонаи Бонки миллӣ, қурби рубл дар оғози ҳафтаи нав 0,1234 сомонӣ, евро 14,3325 ва доллар 12,96 сомонӣ аст. Дар ҳамин ҳол қурби рубл дар бонкҳои тиҷорӣ, ки аксари муҳоҷирони меҳнатии Тоҷикистон бо ин асъор маош мегиранду бо он ба Ватан маблағ интиқол медиҳанд, каме поин рафтаст. Аз ҷумла "Ориёнбонк" барои 1 ҳазор рубл зимни харид 115 сомонӣ ва зимни фурӯш 130 сомонӣ нарх муқаррар кардааст. Дар "Спитаменбонк", ки охири ҳафтаи гузашта қурби пули Русия аз 125 то 130 сомонӣ буд, дар аввали ҳафтаи равон 122 - 125 сомониро ташкил медиҳад. Бонки "Эсхата" қурби ҳазор рублро зимни харидуфурӯш 122 ва 124 сомонӣ муайян намудааст. Охири ҳафтаи гузашта ин нишондод мутаносибан 125 ва 134 сомонӣ буд. "Алифбонк" ҳазор рублро феълан бо нархи 122 сомонӣ мехараду ба ивази 129 сомонӣ мефурӯшад. Охири ҳафтаи гузашта рубл дар ин муассиса бо нархи 125 - 134 сомонӣ харидуфурӯш мешуд. Бонки миллӣ ҳушдор медиҳад, ки амалиёти асъории берун аз филиалҳо, марказҳои хидматрасонии бонкӣ, инчунин банкоматҳо ва терминалҳо манъ аст.Риоя накардани ин талабот дар Тоҷикистон ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ дар пай дорад.
https://sputnik.tj/20220321/hushdor-rahmon-buhron-jahon-peshnihod-roh-hal-1046949296.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103087/16/1030871666_527:0:3258:2048_1920x0_80_0_0_702af7f7ec562944b4eeed06dc559817.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
қурб, рубл, бозор, нақд, ғайринақд, тоҷикистон
қурб, рубл, бозор, нақд, ғайринақд, тоҷикистон
Қурби рубл дар Тоҷикистон: поинтарин нарх дар "Ориёнбонк" аст
12:05 21.03.2022 (Навсозишуда: 18:30 21.03.2022) Бонки миллии Тоҷикистон қурби асъори хориҷӣ дар кишварро муайян кардаст, ки шомили тағйироти назаррасе нест
ДУШАНБЕ, 21 мар — Sputnik. Қурби рубл дар бозори ғайринақдии Тоҷикистон каме боло рафта, дар бозори нақдӣ коҳиш ёфтаст.
Тибқи иттилои сомонаи Бонки миллӣ, қурби рубл дар оғози ҳафтаи нав 0,1234 сомонӣ, евро 14,3325 ва доллар 12,96 сомонӣ аст.
Дар ҳамин ҳол қурби рубл дар бонкҳои тиҷорӣ, ки аксари муҳоҷирони меҳнатии Тоҷикистон бо ин асъор маош мегиранду бо он ба Ватан маблағ интиқол медиҳанд, каме поин рафтаст.
Аз ҷумла "Ориёнбонк" барои 1 ҳазор рубл зимни харид 115 сомонӣ ва зимни фурӯш 130 сомонӣ нарх муқаррар кардааст.
Дар "Спитаменбонк", ки охири ҳафтаи гузашта қурби пули Русия аз 125 то 130 сомонӣ буд, дар аввали ҳафтаи равон 122 - 125 сомониро ташкил медиҳад.
Бонки "Эсхата" қурби ҳазор рублро зимни харидуфурӯш 122 ва 124 сомонӣ муайян намудааст. Охири ҳафтаи гузашта ин нишондод мутаносибан 125 ва 134 сомонӣ буд.
"Алифбонк" ҳазор рублро феълан бо нархи 122 сомонӣ мехараду ба ивази 129 сомонӣ мефурӯшад. Охири ҳафтаи гузашта рубл дар ин муассиса бо нархи 125 - 134 сомонӣ харидуфурӯш мешуд.
Бонки миллӣ ҳушдор медиҳад, ки амалиёти асъории берун аз филиалҳо, марказҳои хидматрасонии бонкӣ, инчунин банкоматҳо ва терминалҳо манъ аст.
Риоя накардани ин талабот дар Тоҷикистон ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ дар пай дорад.