https://sputnik.tj/20220321/mirziyoev-amaliyot-rusiya-hifz-donbass-pushtiboni-1046963621.html
Мирзиёев аз амалиёти вижаи Русия барои ҳифзи Донбасс пуштибонӣ кард
Мирзиёев аз амалиёти вижаи Русия барои ҳифзи Донбасс пуштибонӣ кард
Sputnik Тоҷикистон
Раҳбарони кишварҳо вазъ дар атрофи бӯҳрони Украинаро баррасӣ карда, дар бораи ҳамкориҳои минбаъда дар бахшҳои тиҷоративу иқтисодӣ, гуманитарӣ ва ғайра ба мувофиқа расиданд
2022-03-21T17:45+0500
2022-03-21T17:45+0500
2022-03-21T21:34+0500
шавкат мирзиёев
дар русия
ӯзбекистон
владимир путин
сиёсат
идм
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102719/86/1027198663_0:0:3073:1728_1920x0_80_0_0_2cb1218227f119765ee476b77dbb9819.jpg
ДУШАНБЕ, 21 мар — Sputnik. Президенти Русия Владимир Путин бо ҳамтои ӯзбекаш Шавкат Мирзиёев суҳбати телефонӣ анҷом дод, дар ин бора дафтари матбуотии Кремл иттилоъ дод.Зимни суҳбат раҳбари Русия дар бораи ҷараёни амалиёти вижаи низомӣ барои ҳифзи Донбасс дар қаламрави Украина маълумот дод.Мирзиёев дар бораи мавқеъ ва амали Русия бо дарки вазъ сухан гуфт. Илова бар ин раҳбарон масъалаҳои мубрами ҳамкориҳои дуҷониба, аз ҷумла татбиқи созишномаҳоеро, ки дар натиҷаи сафари президенти Ӯзбекистон ба Федератсияи Русия ба даст омаданд, баррасӣ карданд."Сарони давлатҳо ба муносибати 30-юмин солгарди барқарории муносибатҳои дипломатӣ миёни Федератсияи Русия ва Ӯзбекистон табодули назар карданд", — омадааст дар хабари Кремл.Президентҳо ба таҳкими минбаъдаи шарикии стратегӣ ва ҳамкории Маскаву Тошканд дар самтҳои муҳими тиҷоратӣ ҳавасмандии тарафайн изҳор намуданд.Ёдовар мешавем, Русия 24 феврали соли 2022 амалиёти низомиро дар Украина оғоз кард. Раисҷумҳури Русия Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки тӯли 8 сол аз сӯйи режими Киев мавриди таҳқиру наслкушӣ қарор гирифтаанд". Ба ин далел Русия "безараргардонӣ ва нозизудоии Украина"-ро анҷом медиҳад ва қасд дорад, тамоми ҷинояткорони ҷангиро, ки барои "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс масъуланд, ба ҷавобгарӣ кашад. Вазорати дифои Русия мегӯяд, нерӯҳои мусаллаҳ танҳо ба зерсохтҳои низомӣ ва нерӯҳои Украина зарба мезананд. Путин таъкид кард, ки дар бораи ишғоли Украина гап нест.
https://sputnik.tj/20220321/siyosatshinos-zelenskiy-rezhim-gharq-1046954287.html
ӯзбекистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102719/86/1027198663_0:0:2731:2048_1920x0_80_0_0_c5f4974a88748fdc3138ebf959d96759.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
мирзиёев амалиёти русия донбасс пуштибонӣ
мирзиёев амалиёти русия донбасс пуштибонӣ
Мирзиёев аз амалиёти вижаи Русия барои ҳифзи Донбасс пуштибонӣ кард
17:45 21.03.2022 (Навсозишуда: 21:34 21.03.2022) Раҳбарони кишварҳо вазъ дар атрофи буҳрони Украинаро баррасӣ карда, дар бораи ҳамкориҳои минбаъда дар бахшҳои тиҷоративу иқтисодӣ, гуманитарӣ ва ғайра ба мувофиқа расиданд
ДУШАНБЕ, 21 мар — Sputnik. Президенти Русия Владимир Путин бо ҳамтои ӯзбекаш Шавкат Мирзиёев суҳбати телефонӣ анҷом дод, дар ин бора дафтари матбуотии Кремл иттилоъ дод.
Зимни суҳбат раҳбари Русия дар бораи ҷараёни амалиёти вижаи низомӣ барои ҳифзи Донбасс дар қаламрави Украина маълумот дод.
"Бо ташаббуси ҷониби Ӯзбекистон Владимир Путин, раисҷумҳури Русия бо Шавкат Мирзиёев гуфтугӯи телефонӣ анҷом дод. Владимир Путин дар бораи ҷараёни амалиёти вижаи низомӣ барои ҳифзи ҷумҳуриҳои Донбасс иттилоъ дод", — омадааст дар хабари матбуотӣ.
Мирзиёев дар бораи мавқеъ ва амали Русия бо дарки вазъ сухан гуфт.
Илова бар ин раҳбарон масъалаҳои мубрами ҳамкориҳои дуҷониба, аз ҷумла татбиқи созишномаҳоеро, ки дар натиҷаи сафари президенти Ӯзбекистон ба Федератсияи Русия ба даст омаданд, баррасӣ карданд.
"Сарони давлатҳо ба муносибати 30-юмин солгарди барқарории муносибатҳои дипломатӣ миёни Федератсияи Русия ва Ӯзбекистон табодули назар карданд", — омадааст дар хабари Кремл.
Президентҳо ба таҳкими минбаъдаи шарикии стратегӣ ва ҳамкории Маскаву Тошканд дар самтҳои муҳими тиҷоратӣ ҳавасмандии тарафайн изҳор намуданд.
Ёдовар мешавем, Русия 24 феврали соли 2022 амалиёти низомиро дар Украина оғоз кард.
Раисҷумҳури Русия Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки тӯли 8 сол аз сӯйи режими Киев мавриди таҳқиру наслкушӣ қарор гирифтаанд".
Ба ин далел Русия "безараргардонӣ ва нозизудоии Украина"-ро анҷом медиҳад ва қасд дорад, тамоми ҷинояткорони ҷангиро, ки барои "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс масъуланд, ба ҷавобгарӣ кашад.
Вазорати дифои Русия мегӯяд, нерӯҳои мусаллаҳ танҳо ба зерсохтҳои низомӣ ва нерӯҳои Украина зарба мезананд. Путин таъкид кард, ки дар бораи ишғоли Украина гап нест.