https://sputnik.tj/20220321/iftitoh-maqbara-mavlono-tojikiston-rahmon-1046947748.html
Ифтитоҳи мақбараи Мавлоно дар Хатлон бо хоки оварда аз Қуния ва дуохонии Раҳмон
Ифтитоҳи мақбараи Мавлоно дар Хатлон бо хоки оварда аз Қуния ва дуохонии Раҳмон
Sputnik Тоҷикистон
Мақбараи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ бо риояи рукнҳои дини Ислом бунёд карда шудаст, мегӯяд дафтари матбуоти президент
2022-03-21T09:54+0500
2022-03-21T09:54+0500
2022-03-21T12:15+0500
дар тоҷикистон
фарҳанг
ҷалолиддини балхӣ
мақбара
эмомалӣ раҳмон
дуо
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/03/15/1046951724_0:70:2049:1222_1920x0_80_0_0_6b06c8b0da239517fc07c65e7291deea.jpg
ДУШАНБЕ, 21 мар – Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон оромгоҳи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ дар ноҳияи ҳамноми ин адиби маъруфро зиёрат кардааст. Тибқи иттилои дафтари матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон назди оромгоҳи рамзӣ, ки хоки он аз дахмаи асосии шоир аз шаҳри Қунияи Туркия ба кишвар оварда шудааст, ба хотири суботи сартосарии Ватан ва эҳтиром ба гузаштагон дасти дуо бардошт. Таъкид шудааст, ки хоки оромгоҳи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ бо дастури раисҷумҳур аз Туркия оварда шуд ва тибқи муқаррароти дини мубини ислом, бо риояи аркони суннатии тоҷикон ба оромгоҳ гузошта шуд. Мақбараи олим ва донишманди тоҷик дар ҳудуди Гулгашти Балхӣ ҷойгир мебошад. Мақбара дар масоҳати 50 метри мураббаъ бо баландии 5 метр бунёд гардида, деворҳои он бо нақшу нигори қадима, ки ба давраи зиндагии шоир хос аст, оро ёфтаанд. Ба иттилои дафтари матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон, Ҷалолиддин Муҳаммад ибни Баҳоуддин Муҳаммад ибни Ҳусайн Хатибии Балхӣ соли 1207 дар ноҳияи Вахши Тоҷикистон таваллуд шуда, яке аз бузургтарин олимон ва шоирони равияи тасаввуфи халқи тоҷик аст. Осори бегазанди ӯ, аз ҷумла "Девони ғазалиёт" ё "Девони кабир" ва "Маснавии маънавӣ"-и Балхӣ аз дурдонаҳои арзишмандтарини адабиёти на танҳо мардуми тоҷик, балки кулли халқиятҳои дунё мебошад.
ҷалолиддини балхӣ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/03/15/1046951724_97:0:1914:1363_1920x0_80_0_0_f305378b5fac93256f4ab8d02b093df2.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дуо, эмомалӣ раҳмон, хатлон, наврӯз
дуо, эмомалӣ раҳмон, хатлон, наврӯз
Ифтитоҳи мақбараи Мавлоно дар Хатлон бо хоки оварда аз Қуния ва дуохонии Раҳмон
09:54 21.03.2022 (Навсозишуда: 12:15 21.03.2022) Мақбараи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ бо риояи рукнҳои дини Ислом бунёд шудааст, мегӯяд дафтари матбуотии президент
ДУШАНБЕ, 21 мар – Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон оромгоҳи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ дар ноҳияи ҳамноми ин адиби маъруфро зиёрат кардааст.
Тибқи иттилои дафтари матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон назди оромгоҳи рамзӣ, ки хоки он аз дахмаи асосии шоир аз шаҳри Қунияи Туркия ба кишвар оварда шудааст, ба хотири суботи сартосарии Ватан ва эҳтиром ба гузаштагон дасти дуо бардошт.
Таъкид шудааст, ки хоки оромгоҳи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ бо дастури раисҷумҳур аз Туркия оварда шуд ва тибқи муқаррароти дини мубини ислом, бо риояи аркони суннатии тоҷикон ба оромгоҳ гузошта шуд.
"Минбаъд ихлосмандон ва ҳаводорони ашъори пурғановати Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ метавонанд онро зиёрат намоянд", - омадааст дар иттилоия.
Мақбараи олим ва донишманди тоҷик дар ҳудуди Гулгашти Балхӣ ҷойгир мебошад. Мақбара дар масоҳати 50 метри мураббаъ бо баландии 5 метр бунёд гардида, деворҳои он бо нақшу нигори қадима, ки ба давраи зиндагии шоир хос аст, оро ёфтаанд.
Ба иттилои дафтари матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон, Ҷалолиддин Муҳаммад ибни Баҳоуддин Муҳаммад ибни Ҳусайн Хатибии Балхӣ соли 1207 дар ноҳияи Вахши Тоҷикистон таваллуд шуда, яке аз бузургтарин олимон ва шоирони равияи тасаввуфи халқи тоҷик аст. Осори бегазанди ӯ, аз ҷумла "Девони ғазалиёт" ё "Девони кабир" ва "Маснавии маънавӣ"-и Балхӣ аз дурдонаҳои арзишмандтарини адабиёти на танҳо мардуми тоҷик, балки кулли халқиятҳои дунё мебошад.