https://sputnik.tj/20220321/din-zardusht-hazor-pesh-islom-rahmon-navruz-1046952800.html
Се ҳазор сол пеш аз дини зардуштӣ ва 4 ҳазор пеш аз Ислом: Раҳмон аз таърихи Наврӯз гуфт
Се ҳазор сол пеш аз дини зардуштӣ ва 4 ҳазор пеш аз Ислом: Раҳмон аз таърихи Наврӯз гуфт
Sputnik Тоҷикистон
Раиҷумҳури Тоҷикистон дар тантанаҳои ҷумҳуриявии наврӯзӣ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ таъриху анъанаҳои ин ҷашни бостониро тавзеҳ дод
2022-03-21T12:40+0500
2022-03-21T12:40+0500
2022-03-21T18:33+0500
дар тоҷикистон
фарҳанг
ҷашн
дин ва оин
эмомалӣ раҳмон
наврӯз
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/03/17/1033058275_0:158:3001:1846_1920x0_80_0_0_0a453a2b3090cf45497014ab9a2706a4.jpg
ДУШАНБЕ, 21 мар — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон дар Ҷашни Наврӯз-2022 гуфт, қавмҳои ориёӣ ин идро ҳанӯз дар ҳазорсолаи панҷуми пеш аз милод – дар аҳди сулолаи Пешдодиён бо шукӯҳ ҷашн мегирифтанд.Раисҷумҳур зимни суханронӣ дар тантанаҳои ҷумҳуриявӣ гуфт, Наврӯз – ин маҷмуаи маънавии неку созанда 3 ҳазор сол пеш аз пайдоиши дини зардуштӣ ва 4,5 ҳазор сол қабл аз зуҳури дини мубини ислом ба вуҷуд омадааст. Ӯ тавзеҳ дод, ки сабаби дар паҳноҳои пурвусъати ҷуғрофӣ паҳн гардидани Наврӯз дар он аст, ки он ба сифати ҷашни табиатан ва моҳиятан оммавию мардумӣ аз андешаи баробарӣ дар байни инсонҳо иборат мебошад."Боз як ҳикмати инсондӯстонаи Наврӯз аз байн бардоштани кинаву адоват, бахшидани гуноҳи ҳамдигар, таҳаммулгароиву ҳамдигарфаҳмӣ ва ба ҳамин васила поянда нигоҳ доштани суботи ҷомеа мебошад", - изҳор дошт раисҷумҳур.Президент илова намуд, ки Наврӯз ва дигар ҷашнҳои миллии тоҷикон – Сада, Тиргон ва Меҳргон падидаҳои нодире мебошанд, ки дар тӯли таърихи чандинҳазорсолаи халқ ҳамчун омилҳои пояндагии тоҷикон нақши барҷаста бозидаанд.
https://sputnik.tj/20220321/hushdor-rahmon-buhron-jahon-peshnihod-roh-hal-1046949296.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/03/17/1033058275_164:0:2835:2003_1920x0_80_0_0_8da0a64c99592a1a233e5fa8858a28da.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
раҳмон, наврӯз, дин, рабт
раҳмон, наврӯз, дин, рабт
Се ҳазор сол пеш аз дини зардуштӣ ва 4 ҳазор пеш аз Ислом: Раҳмон аз таърихи Наврӯз гуфт
12:40 21.03.2022 (Навсозишуда: 18:33 21.03.2022) Раиҷумҳури Тоҷикистон дар тантанаҳои ҷумҳуриявии наврӯзӣ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ таъриху анъанаҳои ин ҷашни бостониро тавзеҳ дод
ДУШАНБЕ, 21 мар — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон дар Ҷашни Наврӯз-2022 гуфт, қавмҳои ориёӣ ин идро ҳанӯз дар ҳазорсолаи панҷуми пеш аз милод – дар аҳди сулолаи Пешдодиён бо шукӯҳ ҷашн мегирифтанд.
Раисҷумҳур зимни суханронӣ дар тантанаҳои ҷумҳуриявӣ гуфт, Наврӯз – ин маҷмуаи маънавии неку созанда 3 ҳазор сол пеш аз пайдоиши дини зардуштӣ ва 4,5 ҳазор сол қабл аз зуҳури дини мубини ислом ба вуҷуд омадааст.
"Нуктаи муҳимтарин дар таърихи пайдоиш ва паҳншавии Наврӯз ин аст, ки фалсафа, ҳикмат ва мантиқи он бо ягон дин ё мазҳаб робитае надорад ва ойини сирф мардумӣ, баробар ба ҳама, ҷашни бузургдошти табиат ва киштукор, яъне саршавии сол мебошад", - гуфт Раҳмон.
Ӯ тавзеҳ дод, ки сабаби дар паҳноҳои пурвусъати ҷуғрофӣ паҳн гардидани Наврӯз дар он аст, ки он ба сифати ҷашни табиатан ва моҳиятан оммавию мардумӣ аз андешаи баробарӣ дар байни инсонҳо иборат мебошад.
"Боз як ҳикмати инсондӯстонаи Наврӯз аз байн бардоштани кинаву адоват, бахшидани гуноҳи ҳамдигар, таҳаммулгароиву ҳамдигарфаҳмӣ ва ба ҳамин васила поянда нигоҳ доштани суботи ҷомеа мебошад", - изҳор дошт раисҷумҳур.
Президент илова намуд, ки Наврӯз ва дигар ҷашнҳои миллии тоҷикон – Сада, Тиргон ва Меҳргон падидаҳои нодире мебошанд, ки дар тӯли таърихи чандинҳазорсолаи халқ ҳамчун омилҳои пояндагии тоҷикон нақши барҷаста бозидаанд.