https://sputnik.tj/20220320/sugd-musofiron-garonshavii-rohkiro-narkhi-suzishvori-1046943887.html
Арзиши мусофирбарӣ дар роҳи ағба боло рафт. Гилаи мусофирону шарҳи ронандаҳо
Арзиши мусофирбарӣ дар роҳи ағба боло рафт. Гилаи мусофирону шарҳи ронандаҳо
Sputnik Тоҷикистон
Арзиши роҳкирои мусофирбарҳои масири ағба Душанбе - Хуҷанд, Панҷакент - Хуҷанд ва ё баръакси ин самт аз 120 то ба 180 сомонӣ баланд шудааст
2022-03-20T18:00+0500
2022-03-20T18:00+0500
2022-03-23T12:42+0500
дар тоҷикистон
нарх
сӯзишворӣ
мусофирон
суғд
роҳкиро
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/03/14/1046943777_0:0:1280:720_1920x0_80_0_0_0ecf8e1a2cce5fbadb92c63fed2cc78f.jpg
ДУШАНБЕ, 20 мар – Sputnik. Ин дар ҳолест, ки як ҳафта қабл баландтарин ҳаққи мусофирбарӣ 100 ва 150 сомонӣ буд.Рустам Солеҳов, як мусофири масири Хуҷанд – Панҷакент мегӯяд, тайи рӯзҳои охир роҳкирои якбора 20 сомонӣ боло рафта, ба 120 сомонӣ баробар шудааст.Дигар мусофирони масири ағба ҳам дар бораи афзоиши роҳкиро таъкид меварзанд.Бино ба гуфтаи мусофирон, роҳкирои самти Душанбе - Хуҷанд ҳам то ба 150-200 сомонӣ расидааст.Дар ҳамин ҳол ронандаҳои таксиҳо болоравии арзиши роҳкироро таъйид намуда, сабаби онро ба гароншавии нархи маводи сӯхт пайванд доданд.Фирӯз Саидов, як ронанаи таксии масири Панҷакент – Хуҷанд – Панҷакент мегӯяд, болоравии нархи сӯзишворӣ пеш аз ҳама ба кори онҳо таъсир мерасонад.Ахиран, моҳи январи имсол қимати роҳкирои масири Душанбе - Хуҷанд - Душанбе баланд шуда буд ва сабаби онро ронандагон ба баландшавии ҳаққи истифода аз роҳ рабт медоданд.Ширкати "Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД" - IRS, ки масъулияти нигоҳдорию пулчинӣ дар ягона роҳи мошингарди пайвандгари шимоли Тоҷикистон бо пойтахтро, ки 11 сол ба ин сӯ дар ихтиёр дорад, аз 1 январи соли ҷорӣ қимати тарофаҳояшро дар шаш нуқтаи пулчинӣ аз 2 то 24 сомонӣ боло бурд.Ронандагони таксиҳо мегӯянд, соли ҷорӣ ҳаққи плазаҳои роҳ то расидан ба шаҳри Душанбе 24 сомонӣ гарон шуда, ҳоло ба ҷойи 65 сомонии пешбинишуда дар соли 2021 барои категорияи якуми мошинҳо, 89 сомонӣ пардохт мекунанд.Ронандаҳо сабаби бороравии роҳкироро ба афзоиши нархи маводи сӯхт пайванд медиҳанд.Дар ҳоли ҳозир қимати газ 7, 3 сомонӣ, бензини АИ 92 – 12,3 ва АИ 95 – 12,5 сомонӣ ва сӯзишвории дизелӣ ба 12, 7 сомонӣ расидааст.
суғд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/03/14/1046943777_279:0:1239:720_1920x0_80_0_0_b2cba2c342648f6d00a49070826d1c63.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, суғд, такси, мусофирон, гароншавӣ, роҳкиро, нархи сӯзишворӣ
тоҷикистон, суғд, такси, мусофирон, гароншавӣ, роҳкиро, нархи сӯзишворӣ
Арзиши мусофирбарӣ дар роҳи ағба боло рафт. Гилаи мусофирону шарҳи ронандаҳо
18:00 20.03.2022 (Навсозишуда: 12:42 23.03.2022) Эксклюзив
Роҳкирои мусофирбарҳои масири ағба, Душанбе - Хуҷанд, Панҷакент - Хуҷанд ва ё баръакси аз 120 то ба 180 сомонӣ баланд шудааст
ДУШАНБЕ, 20 мар – Sputnik. Ин дар ҳолест, ки як ҳафта қабл баландтарин ҳаққи мусофирбарӣ 100 ва 150 сомонӣ буд.
Рустам Солеҳов, як мусофири масири Хуҷанд – Панҷакент мегӯяд, тайи рӯзҳои охир роҳкирои якбора 20 сомонӣ боло рафта, ба 120 сомонӣ баробар шудааст.
“Қаблан роҳкиро барои мусофирбарҳои 8-нафара 80-100 сомонӣ ва мошинҳои ҷипе, ки ба ҳисоби ронанда 5 мусофир мегиранд, 130 сомонӣ буд, ҳоло 120-150 сомонӣ шудааст” – гуфт, мусофир.
Дигар мусофирони масири ағба ҳам дар бораи афзоиши роҳкиро таъкид меварзанд.
Бино ба гуфтаи мусофирон, роҳкирои самти Душанбе - Хуҷанд ҳам то ба 150-200 сомонӣ расидааст.
Дар ҳамин ҳол ронандаҳои таксиҳо болоравии арзиши роҳкироро таъйид намуда, сабаби онро ба гароншавии нархи маводи сӯхт пайванд доданд.
Фирӯз Саидов, як ронанаи таксии масири Панҷакент – Хуҷанд – Панҷакент мегӯяд, болоравии нархи сӯзишворӣ пеш аз ҳама ба кори онҳо таъсир мерасонад.
“То Панҷакент 40 литр газ ва ё 30 литр бензин харҷ мешавад, ки 300-360 сомонӣ ва ба ҳисоби пардохти пули тарозуи роҳ 420 сомонӣ мешавад. Як моҳ пеш қимати 30 литр сӯзишворӣ ҳамагӣ 250-300 сомонӣ буд”, - гуфт ин ронанда.
Ахиран, моҳи январи имсол қимати роҳкирои масири Душанбе - Хуҷанд - Душанбе баланд шуда буд ва сабаби онро ронандагон ба баландшавии ҳаққи истифода аз роҳ рабт медоданд.
Ширкати "Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД" - IRS, ки масъулияти нигоҳдорию пулчинӣ дар ягона роҳи мошингарди пайвандгари шимоли Тоҷикистон бо пойтахтро, ки 11 сол ба ин сӯ дар ихтиёр дорад, аз 1 январи соли ҷорӣ қимати тарофаҳояшро дар шаш нуқтаи пулчинӣ аз 2 то 24 сомонӣ боло бурд.
Ронандагони таксиҳо мегӯянд, соли ҷорӣ ҳаққи плазаҳои роҳ то расидан ба шаҳри Душанбе 24 сомонӣ гарон шуда, ҳоло ба ҷойи 65 сомонии пешбинишуда дар соли 2021 барои категорияи якуми мошинҳо, 89 сомонӣ пардохт мекунанд.
Ронандаҳо сабаби бороравии роҳкироро ба афзоиши нархи маводи сӯхт пайванд медиҳанд.
Дар ҳоли ҳозир қимати газ 7, 3 сомонӣ, бензини АИ 92 – 12,3 ва АИ 95 – 12,5 сомонӣ ва сӯзишвории дизелӣ ба 12, 7 сомонӣ расидааст.