Давандаи тоҷик рекорди Тоҷикистонро тағйир дод

© Кумитаи миллии олимпии ТоҷикистонФаворис Музрапов, давандаи тоҷик
Фаворис Музрапов, давандаи тоҷик - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.03.2022
Обуна шудан
Ин варзишкори тоҷик қаблан масофаи 60 метрро дар 6.85 сония тай карда буд, ҳоло рекордашро тағйир дод
ДУШАНБЕ, 20 мар — Sputnik. Дар шаҳри Белгради Сербия қаҳрамонии варзиши сабуки ҷаҳон дар толор ҷараён дорад. Тоҷикистонро дар ин мусобиқа Фаворис Музрапов, давандаи тоҷик намояндагӣ мекунад.
Дафтари матбуотии Кумитаи миллии олимпӣ хабар медиҳад, ки варзишгари тоҷик дар масофаи 60 метр рекорди қаблии Тоҷикистонро иваз кард.
Ба иттиои манбаъ, Музрапов ин масофаро дар 6.83 сония давида, миёни 50 иштирокчӣ ҷои 37-умро ишғол намуд.
Давандаи барҷастаи тоҷик ба Канада даъват шуд
"Се ҷои аввалро Ламонт Марсел Якобс аз Италия (6.41) ва варзишгарони Амрико Кристиан Колеман (6.41), Марвин Бресӣ (6.44) гирифтанд", - омадааст дар хабари манбаъ.
Додохон Қурбоналиев, қаҳрамони Осиё оид ба кураш - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.03.2022
Паҳлавони тоҷик Қаҳрамони кураши Осиё шуд
Дар ҳамин ҳол мураббии варзишгари тоҷик мегӯяд, ӯ чанде пеш дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ масофаи 60 метрро бо натиҷаи 6.85 сония давида, рекорд гузошта буд ва инак, дар қаҳрамонии ҷаҳон натиҷааш боз беҳтар намуд.

Маврид ба зикр аст, ки ин навъ мусобиқа дар шаҳри Белград аз 18 март шуруъ шуда, интизор меравад, рӯзи 20 март ба анҷом расад.
Лентаи хабарҳо
0