ВКХ Тоҷикистон дар бораи қоидаҳои нави убури марз гуфт

© Sputnik / © Sputnik / Амир ИсаевКПП "Патар" в Канибадаме, архивное фото
КПП Патар в Канибадаме, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.03.2022
Обуна шудан
Тоҷикистон бастаи асноди заруриро ҳангоми убури марз бо Ӯзбекистон тағйир дод
ДУШАНБЕ, 19 мар — Sputnik. Дар гузаргоҳҳои сарҳади давлатии Тоҷикистон бо Ӯзбекистон дигар санҷиши дуюми тести коронавирус талаб карда намешавад.
Дар ин бора сомонаи Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ хабар додааст.
Ёдовар мешавем, бо қарори Ситоди ҷумҳуриявии мубориза бо коронавирус ва бо дарназардошти муътадил шудани вазъи эпидемиологӣ дар Тоҷикистон аз 15 марти 2022 маҳдудиятҳое, ки қаблан ҳангоми вуруд ва будубош ба Тоҷикистон амал мекарданд, аз байн бурда шуданд.

"Назорати бемории сироятии коронавирус танҳо бо пешниҳоди гувоҳнома оид ба ваксинатсияи пурра бар зидди бемории COVID-19 бидуни гузаштан аз озмоиши вирусологӣ нисбат ба сирояти коронавирус дар ҳудуди Тоҷикистон ба роҳ монда шуд", - омадааст дар иттилоияи Вазорати корҳои хориҷӣ.

Гуфта мешавад, ки гувоҳномаи ваксинатсия, ки аз ҷониби мақомот ва муассисаҳои тандурустии ҷониби Ӯзбекистон ва дигар давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба шаҳрвандон пас аз гузаштани ваксинатсия дода мешавад, аз тарафи давлати дигар эътироф мегардад.
Девушка в защитной маске - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.03.2022
Ситоди ҷумҳуриявӣ истифодаи ҳатмии ниқобҳои муҳофизат байни аҳолиро бекор кард
Ин ниҳод ҳамзамон гуфтааст, ки ҳангоми ба ҳудуди кишвар ворид шудан шаҳрвандони Тоҷикистон ва шаҳрвандони хориҷӣ дар сурати пешниҳоди маълумотнома бо натиҷаи “манфӣ”-и озмоиши вирусологии кишвари хориҷшуда нисбат ба COVID-19, ки ба муҳлати то 72 соат эътибор дорад, аз гузаштани озмоиши такрорӣ дар нуқтаҳои гузаргоҳи сарҳади давлатии Тоҷикистон озод карда мешаванд.
Ёдовар мешавем, бо дарназардошти муътадил шудани вазъи эпидемиологӣ дар Тоҷикистон низоми ҳатмии пӯшидани ниқоб дар ҷойҳои ҷамъиятӣ лағв шуда, баргузории ҷашну маросими миллӣ, аз ҷумла тӯйҳо дубора иҷозат дода шуд.
Лентаи хабарҳо
0