Эмомалӣ Раҳмон Наврӯзро ба мардуми Тоҷикистон табрик гуфт

© Пресс-служба Президента Республики ТаджикистанПоздравительное послание по случаю Дня Матери
Поздравительное послание по случаю Дня Матери - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.03.2022
Обуна шудан
Президенти Тоҷикистон меросбарони Наврӯзро ба эҳёи ҷашни бостонӣ ва шиносонидани он ба ҷаҳониён даъват кард
ДУШАНБЕ, 19 мар - Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон фаро расидани Соли Нави миллӣ, Иди Наврӯзро ба тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон табрик гуфт.
Дар паёми шодбошии раисҷумҳури кишвар, ки дафтари матбуотияш нашр кардааст, тоҷикон меросбарони аслии ин ҷашни бостонӣ унвон шуда, гуфта мешавад, ки ҷаҳонӣ шудани Наврӯз мо – ворисонро водор месозад, ки дар баробари ифтихор барои эҳёи суннатҳои он ва шиносонидани он ба аҳли башар талош намоем.
Ба таъкиди президент, аз нав зинда гардонидани расму ойинҳо, суннату анъанаҳо ва либосҳои миллӣ, маросиму ҷашнҳои бостонӣ, аз ҷумла Сада, Наврӯз, Тиргон, Меҳргон ва барқарорсозии номҳои ҷуғрофию таърихии сарзамини куҳанбунёдамон ба тақвияти ҳофизаи таърихиву ҳисси миллии мардуми кишвар ва махсусан, наврасону ҷавонон мусоидат менамояд.

"Арҷ гузоштан ба гузаштаи пурифтихор барои ташаккули маънавиёти наслҳои имрӯзу оянда нақши калидӣ дорад",- таъкид кардааст президент.

Раҳмон ҳамзамон мардумро ба ободӣ ва таҳаммулпазириву дастгирии якдигар, махсусан ятимону маъбон ва бепарасторон ва ҳифзи амнияту осоиштагӣ, ки аз оинҳои дигари ин иданд, даъват кардааст.
"Ба хурду бузурги мардуми азизи Тоҷикистон муроҷиат мекунам, ки Ватани маҳбубамонро сидқан дӯст доред, босабру таҳаммул бошед, иззату эҳтироми ҳамдигарро ба ҷо оваред, дар лаҳзаҳои душвор дасти ҳамдигарро гиред ва шукрона кунед, ки дар Ватани орому осуда ва давлати озоду соҳибихтиёр умр ба сар мебаред", - афзуд раисиҷумҳур.
Таджикские девушки танцуют на сцене - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.03.2022
Душанбе дар интизори Наврӯз: шаҳрдорӣ замон ва макони барномаҳои ҷашниро эълон кард
Ӯ ба ду соли гузашта, яъне давраи паҳншавии бемории КОВИД-19 ишора карда гуфтааст, ки он нишон дод, дар лаҳзаҳои душвору вазнин ҳамаи давлатҳо дар фикри мардуми худ ва дар талоши ҳалли мушкилоти хешанд.
Президент аз ҳолати камчинии маҳсулот, болоравии нархҳо, қатъ гардидани интиқоли молу маҳсулот ва ҳатто маводи доруворӣ дар он замон ёдовар шуда гуфт, мо бояд босабру таҳаммул бошем, ба воҳимаву таҳлука наафтем ва бовар дошта бошем, ки мушкилоти имрӯза муваққатӣ ва гузарандаанд.
Дар идомаи суханронияш президент вазъияти вазнинтарин солҳои ахир ва таҳримот ишора карда, аҳолиро ба сарфакорӣ даъват кардааст.
Дар поёни паёми табрикаш Эмомалӣ Раҳмон Наврӯзи байналмилалиро ба кулли тоҷикону форсизабонони ҷаҳон ва мардумони ҳавзаи тамаддуни Наврӯз табрик гуфтааст.
Лентаи хабарҳо
0