https://sputnik.tj/20220319/rahmon-jinoyatkor-zindonu-artishi-tojikiston-1046928034.html
Раҳмон аз қонуншиканиҳо дар зиндону артиши Тоҷикистон гуфт
Раҳмон аз қонуншиканиҳо дар зиндону артиши Тоҷикистон гуфт
Sputnik Тоҷикистон
Додситонии кулли Тоҷикистон сатҳи ҷинояткорӣ дар зиндонҳо ва артиши ҷумҳуриро тавзеҳ дод
2022-03-19T19:35+0500
2022-03-19T19:35+0500
2022-03-21T16:05+0500
дар тоҷикистон
артиш
амният ва мудофиа
қонун
зиндон
юсуф раҳмон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/07/10/1040925801_0:159:3077:1890_1920x0_80_0_0_c1af9c2897e4e2f2de064dc17ba084b5.jpg
ДУШАНБЕ, 19 мар — Sputnik. Юсуф Раҳмон, додситонии кулли Тоҷикистон мегӯяд, дар натиҷаи санҷиши риояи қонунгузорӣ дар муассисаҳои ҳабси пешакӣ ва иҷрои ҷазои ҷиноӣ 843 санади прокурорӣ қабул гардида, 46 парвандаи ҷиноӣ оғоз карда шуд. Ин нуктаро Раҳмон ҳафтаи равон зимни ҳисоботи солонааш ба палатаи болоии парлумони Тоҷикистон баён дошта афзуд, ки ҳолатҳои нақзи қонунҳо дар қиёс бо соли пеш афзоиш ёфтаанд. Ӯ тафсилоти бештаре аз қонуншиканиҳоро зикр накард, танҳо изҳор дошт, ки 115 нафар ба ҷавобгарии интизомӣ, моддӣ ва маъмурӣ кашида шуданд. Теъдоди ҷазогирифтаҳо соли пеш 71 нафар арзёбӣ шуд.Ба гуфтаи Юсуф Раҳмон, инчунин додситонҳо риояи қонунгузорӣ дар қувваҳои мусаллаҳи ҷумҳуриро низ санҷидаанд."Қӯшунҳо ва воҳидҳои ҳарбӣ 720 бор санҷида шуда, аз натиҷаи онҳо 1490 нафар ба ҷавобгарии интизомӣ, моддӣ ва маъмурӣ кашида, 185 парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардиданд", - хабар дод додситон. Бар асоси омори расмӣ, нақзи қонун дар артиш низ афзоиш ёфтааст. Ин дар ҳолест, ки Шералӣ Мирзо, вазири мудофиаи Тоҷикистон зимни баррасии омодагиҳо ба даъвати баҳории наваксарон дастур дод, ки ба камбудиҳои қаблан ҷойдошта роҳ дода нашавад. Ӯ аз ҷумла барои сифатан хуб ба роҳ мондани чорабиниҳои даъватӣ, пешгирӣ намудани сатҳи содиршавии ҳар гуна қонуншиканиҳо, бахусус ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта супориш дод.
https://sputnik.tj/20220319/pul-zaminat-bozdoshti-rais-1046926225.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/07/10/1040925801_173:0:2904:2048_1920x0_80_0_0_2440935ac32ec4ea23a4dd8c83c4eedf.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
афзоиш, қонун, зиндон, артиш, тоҷикистон
афзоиш, қонун, зиндон, артиш, тоҷикистон
Раҳмон аз қонуншиканиҳо дар зиндону артиши Тоҷикистон гуфт
19:35 19.03.2022 (Навсозишуда: 16:05 21.03.2022) Додситонии кулли Тоҷикистон сатҳи ҷинояткорӣ дар зиндонҳо ва артиши ҷумҳуриро тавзеҳ дод
ДУШАНБЕ, 19 мар — Sputnik. Юсуф Раҳмон, додситонии кулли Тоҷикистон мегӯяд, дар натиҷаи санҷиши риояи қонунгузорӣ дар муассисаҳои ҳабси пешакӣ ва иҷрои ҷазои ҷиноӣ 843 санади прокурорӣ қабул гардида, 46 парвандаи ҷиноӣ оғоз карда шуд.
Ин нуктаро Раҳмон ҳафтаи равон зимни ҳисоботи солонааш ба палатаи болоии парлумони Тоҷикистон баён дошта афзуд, ки ҳолатҳои нақзи қонунҳо дар қиёс бо соли пеш афзоиш ёфтаанд. Ӯ тафсилоти бештаре аз қонуншиканиҳоро зикр накард, танҳо изҳор дошт, ки 115 нафар ба ҷавобгарии интизомӣ, моддӣ ва маъмурӣ кашида шуданд. Теъдоди ҷазогирифтаҳо соли пеш 71 нафар арзёбӣ шуд.
Ба гуфтаи Юсуф Раҳмон, инчунин додситонҳо риояи қонунгузорӣ дар қувваҳои мусаллаҳи ҷумҳуриро низ санҷидаанд.
"Қӯшунҳо ва воҳидҳои ҳарбӣ 720 бор санҷида шуда, аз натиҷаи онҳо 1490 нафар ба ҷавобгарии интизомӣ, моддӣ ва маъмурӣ кашида, 185 парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардиданд", - хабар дод додситон.
Бар асоси омори расмӣ, нақзи қонун дар артиш низ афзоиш ёфтааст.
Ин дар ҳолест, ки Шералӣ Мирзо, вазири мудофиаи Тоҷикистон зимни баррасии омодагиҳо ба даъвати баҳории наваксарон дастур дод, ки ба камбудиҳои қаблан ҷойдошта роҳ дода нашавад.
Ӯ аз ҷумла барои сифатан хуб ба роҳ мондани чорабиниҳои даъватӣ, пешгирӣ намудани сатҳи содиршавии ҳар гуна қонуншиканиҳо, бахусус ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта супориш дод.