Ҷойҳои ҷашни Наврӯз дар Душанбе

Обуна шудан
Шаҳрдории Душанбе барномаи таҷлили Наврӯз дар пойтахти Тоҷикистонро нашр кард, ки дар он макону замони маросими идона мушаххас шудаанд
Дарвозаҳо, боғу бозор ва майдонҳои Душанбе дар даҳаи сеюми моҳи март ба базмгоҳ табдил меёбанд, ки дар он ҷо барои тоҷикистониён намоишгоҳ, консертҳо, мусобиқаҳои варзишӣ баргузор мешаванд.
Дар Тоҷикистон бахшида ба иди Наврӯз ҳафтаи истироҳатӣ хоҳад буд ва дар ин муддат барномаҳои гуногуни ҷашнӣ дар ҳар шаҳру ноҳияи кишвар дар назаранд. Маросими асосии ҷашнӣ дар Хатлон ба нақша гирифта шудааст.
Душанбе тайи рӯзҳои наврӯзӣ мизбони мусобиқаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ ва барномаҳои гуногуни тафреҳию фарҳангӣ мегардад. Аз ҷумла мусобиқаи қаҳрамонии Осиё дар риштаи куштигирӣ, сабқати дучархаронҳо дар назар аст. Тафсилоти чорабиниҳои ҷашнӣ дар тасвирбаёни Sputnik Тоҷикистон инъикос ёфтаанд.
Лентаи хабарҳо
0