https://sputnik.tj/20220319/berdimuhammadov-maqom-raisijumhur-turkmaniston-1046924001.html
Бердимуҳаммадови хурдӣ расман дар мақоми раисиҷумҳури Туркманистон корро оғоз кард
Бердимуҳаммадови хурдӣ расман дар мақоми раисиҷумҳури Туркманистон корро оғоз кард
Sputnik Тоҷикистон
Писари раисиҷумҳури ҳамакнун собиқ Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов расман ба курсии падараш нишаст
2022-03-19T17:00+0500
2022-03-19T17:00+0500
2022-03-21T16:45+0500
сардор бердимуҳаммадов
туркманистон
сиёсат
ом
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/03/13/1046922788_0:0:3176:1787_1920x0_80_0_0_0f7335c7b48ab561bf31647338b6d11f.jpg
ДУШАНБЕ, 19 мар — Sputnik. Сардор Бердимуҳаммадов расман кор дар мақоми раҳбарии Туркманистонро шуруъ кард. Дар ин бора хабаргузории давлатии Туркманистон хабар медиҳад. Ёдовар мешавем, ки интихоботи пеш аз муҳлати раисҷумҳури Туркманистон 12 март баргузор шуд. Тибқи иттилои Комиссияи марказии интихоботи ҷумҳурӣ, муовини собиқи нахуствазир ва писари раисиҷумҳури собиқ Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов Сардао 72,97% овозҳоро ба даст овардааст. Ӯ аз Ҳизби демократии Туркманистон пешбарӣ шудааст. Барои ӯ ин аввалин интихоботи президентист. Мутобиқи моддаи 76-и Кодекси интихоботи Туркманистон ва бар асоси қарори КМИ аз 14 марти соли 2022 ӯ президенти интихобшуда эътироф гардид. Сайфулло Сафаров, раиси Анҷумани сиёсатшиносони Тоҷикистон изҳори назар кард, ки муносибатҳои Туркманистон ва ҳамсоягони он дар минтақа дар замони раисҷумҳури нав ба самти беҳтар тағйир хоҳанд ёфт.Худи президенти тозаинтихоб гуфта буд, ки сиёсати падарашро идома медиҳад ва робитаҳои зич бо ҳамсояҳо аз авлавиятҳои робитаҳои хориҷияш хоҳад буд.Қаблан раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Сардор Бердимуҳаммадов барқияи шодбошӣ ирсол карда, ҳамзамон бо ӯ ва падараш суҳбати телефонӣ анҷом дод.
https://sputnik.tj/20220315/javon-muhandis-diplomat-prezident-turkmaniston-1046746253.html
туркманистон
ом
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/03/13/1046922788_445:0:3176:2048_1920x0_80_0_0_87e167793a67b38d8501aa708eb60317.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
бердимуҳаммадови президент туркманистон
бердимуҳаммадови президент туркманистон
Бердимуҳаммадови хурдӣ расман дар мақоми раисиҷумҳури Туркманистон корро оғоз кард
17:00 19.03.2022 (Навсозишуда: 16:45 21.03.2022) Писари раисҷумҳури ҳамакнун собиқи Туркманистон расман ба курсии падараш нишаст
ДУШАНБЕ, 19 мар — Sputnik. Сардор Бердимуҳаммадов расман кор дар мақоми раҳбарии Туркманистонро шуруъ кард.
Дар ин бора хабаргузории давлатии Туркманистон
хабар медиҳад.
"Рӯзи 19 март дар Ишқобод, дар Қасри "Рӯҳият" маросими ботантанаи савгандёдкунии раисҷумҳури тозаинтихоби кишвар баргузор шуд", — омадааст дар хабар.
Ёдовар мешавем, ки интихоботи пеш аз муҳлати раисҷумҳури Туркманистон 12 март баргузор шуд.
Тибқи иттилои Комиссияи марказии интихоботи ҷумҳурӣ, муовини собиқи нахуствазир ва писари раисиҷумҳури собиқ Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов Сардао 72,97% овозҳоро ба даст овардааст.
Ӯ аз Ҳизби демократии Туркманистон пешбарӣ шудааст. Барои ӯ ин аввалин интихоботи президентист.
Мутобиқи моддаи 76-и Кодекси интихоботи Туркманистон ва бар асоси қарори КМИ аз 14 марти соли 2022 ӯ президенти интихобшуда эътироф гардид.
Сайфулло Сафаров, раиси Анҷумани сиёсатшиносони Тоҷикистон изҳори назар кард, ки муносибатҳои Туркманистон ва ҳамсоягони он дар минтақа дар замони раисҷумҳури нав ба самти беҳтар тағйир хоҳанд ёфт.
Худи президенти тозаинтихоб гуфта буд, ки сиёсати падарашро идома медиҳад ва робитаҳои зич бо ҳамсояҳо аз авлавиятҳои робитаҳои хориҷияш хоҳад буд.
Қаблан раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Сардор Бердимуҳаммадов барқияи шодбошӣ ирсол карда, ҳамзамон бо ӯ ва падараш суҳбати телефонӣ анҷом дод.