https://sputnik.tj/20220318/tojikiston-havoshinoson-havo-peshgui-1046887627.html
Дар Тоҷикистон ҳавошиносон якбора бад шудани ҳаворо пешгӯӣ кардаанд
Дар Тоҷикистон ҳавошиносон якбора бад шудани ҳаворо пешгӯӣ кардаанд
Sputnik Тоҷикистон
Дар саросари кишвар боришоти шадид, жола ва ҳамчунин фаромадани селу тарма дар назар аст
2022-03-18T09:54+0500
2022-03-18T09:54+0500
2022-03-18T13:12+0500
дар тоҷикистон
обу ҳаво
барфу борон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/02/07/1045553608_0:265:3169:2048_1920x0_80_0_0_df2e656ff435c3e22fae86f6207886a1.jpg
ДУШАНБЕ, 18 мар — Sputnik. Дар Тоҷикистон сардии шадид дар назар аст. Дар ин бора Агентии обуҳавошиносии кишвар хабар медиҳад. Обуҳавошиносони Тоҷикистон дар ду рӯзи наздик — 18 ва 19 март паст шудани ҳарорати ҳаворо пешгӯӣ мекунанд. Дар баъзе навоҳии кишвар ҳаво то 10—15 дараҷа паст мешавад. Ҳамчунин гуфта мешавад, ки дар рӯзҳои наздик ҳавои ноустувор дар кишвар идома хоҳад дошт.Дар водиҳо ва ноҳияҳои доманакӯҳ борон ва дар баъзе ҷойҳо барф меборад. Дар баъзе ноҳияҳои вилояти Суғд ва навоҳии тобеи марказ раъду барқ ба амал меояд ва жола меборад. 18 март дар баъзе ноҳияҳои кӯҳӣ ва наздикии тобеи ҷумҳурӣ, вилояти Суғд ва ғарби ВМКБ, инчунин дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва водии вилояти Хатлон хатари омадани сел боқӣ мемонад. Дар роҳҳои Душанбе - Чаноқ, Душанбе - Лахш, Душанбе - Рашт, Душанбе - Сангвор, Ванҷ - Хоруғ, Хоруғ - Ишкошим ва Хоруғ - Ҷелондӣ хатари фаромадани тарма боқӣ мемонад.Инчунин дар ин рӯзҳо дар дарёҳои Яхсӯ, Қизилсӯ ва дарёҳое, ки аз нишебиҳои ҷанубии қаторкӯҳҳои Ҳисор ҷорӣ мешаванд, якбора баланд шудани сатҳи об дар назар аст. Дар робита ба ин наҷотдиҳандагон аз сокинон хоҳиш мекунанд, ки то ҳадди имкон аз сафар, сайругашт дар кӯҳҳо, моҳидорӣ ва шикор худдорӣ кунанд. Ба ронандагон пеш аз гузаштан аз ағбаҳо ва роҳҳои кӯҳӣ маслиҳат дода мешавад, ки аз вазъияти роҳҳо бохабар шуда, мошинҳоро бодиққат барои ҳаракат омода кунанд.
https://sputnik.tj/20220301/mart-tojikiston-bahor-salqin-1046367855.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/02/07/1045553608_438:0:3169:2048_1920x0_80_0_0_f02170da14cd390498175196642d7e2e.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон ҳавошиносон ҳаво пешгӯӣ
тоҷикистон ҳавошиносон ҳаво пешгӯӣ
Дар Тоҷикистон ҳавошиносон якбора бад шудани ҳаворо пешгӯӣ кардаанд
09:54 18.03.2022 (Навсозишуда: 13:12 18.03.2022) Дар саросари кишвар боришоти шадид, жола ва ҳамчунин фаромадани селу тарма дар назар аст
ДУШАНБЕ, 18 мар — Sputnik. Дар Тоҷикистон сардии шадид дар назар аст. Дар ин бора Агентии обуҳавошиносии кишвар хабар медиҳад.
Обуҳавошиносони Тоҷикистон дар ду рӯзи наздик — 18 ва 19 март паст шудани ҳарорати ҳаворо пешгӯӣ мекунанд.
Дар баъзе навоҳии кишвар ҳаво то 10—15 дараҷа паст мешавад.
Ҳамчунин гуфта мешавад, ки дар рӯзҳои наздик ҳавои ноустувор дар кишвар идома хоҳад дошт.
Дар водиҳо ва ноҳияҳои доманакӯҳ борон ва дар баъзе ҷойҳо барф меборад. Дар баъзе ноҳияҳои вилояти Суғд ва навоҳии тобеи марказ раъду барқ ба амал меояд ва жола меборад.
18 март дар баъзе ноҳияҳои кӯҳӣ ва наздикии тобеи ҷумҳурӣ, вилояти Суғд ва ғарби ВМКБ, инчунин дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва водии вилояти Хатлон хатари омадани сел боқӣ мемонад.
Дар роҳҳои Душанбе - Чаноқ, Душанбе - Лахш, Душанбе - Рашт, Душанбе - Сангвор, Ванҷ - Хоруғ, Хоруғ - Ишкошим ва Хоруғ - Ҷелондӣ хатари фаромадани тарма боқӣ мемонад.
Инчунин дар ин рӯзҳо дар дарёҳои Яхсӯ, Қизилсӯ ва дарёҳое, ки аз нишебиҳои ҷанубии қаторкӯҳҳои Ҳисор ҷорӣ мешаванд, якбора баланд шудани сатҳи об дар назар аст.
Дар робита ба ин наҷотдиҳандагон аз сокинон хоҳиш мекунанд, ки то ҳадди имкон аз сафар, сайругашт дар кӯҳҳо, моҳидорӣ ва шикор худдорӣ кунанд.
Ба ронандагон пеш аз гузаштан аз ағбаҳо ва роҳҳои кӯҳӣ маслиҳат дода мешавад, ки аз вазъияти роҳҳо бохабар шуда, мошинҳоро бодиққат барои ҳаракат омода кунанд.