Снаряженные магазины от автомата Калашникова  - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Лукашенко шарти қатъи тирпаронӣ дар Украинаро гуфт

© Sputnik / Сергей Гунеев / Гузариш ба медиабонкПрезидент РФ В. Путин провел переговоры с президентом Белоруссии А. Лукашенко
Президент РФ В. Путин провел переговоры с президентом Белоруссии А. Лукашенко  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.03.2022
Обуна шудан
Лукашенко гуфт, ки ӯ метавонад барои қатъи муноқиша дар Украина барои ҳамеша кумак кунад
ДУШАНБЕ, 18 мар — Sputnik. Имзои созишнома дар асоси музокираи эҷодшуда дар сатҳи вазорати корҳои хориҷа ба қатъи амалиёти ҷангӣ дар Украина мусоидат мекунад. Дар ин бора раисиҷумҳури Беларус Александр Лукашенко дар мусоҳиба бо телевизиони Ҷопон TBS изҳори назар кард.
"Ҳамин ки созишномае дар заминаи музокироте, ки дар Беларус идома дорад, таҳия шавад ва онро вазирони корҳои хориҷӣ имзо мекунанд, оташбас имконпазир мегардад", - гуфт Лукашенко.
Вай ҳамчунин изҳори итминон кард, ки “Русия то замони имзои паймон амалиётро мутаваққиф нахоҳад кард".
Президент РФ В. Путин провел встречу с руководителями ведущих итальянских компаний - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.03.2022
Путин амалиёти вижа барои ҳифзи Донбассро арзёбӣ кард: Киевро огоҳ карда будем
Ба гуфтаи раҳбари Беларус, "Созмони Милали Муттаҳид ҳич ҷангеро дар дигар давлатҳо қатъ накардааст ва ин ҷангро низ қатъ намекунад".
Ӯ муътақид аст, ки Русия ва Украина дар сурати имзои як созишнома метавонанд ҷангро қатъ кунанд ё агар амрикоиҳо ба мақомоти Украина фармон диҳанд, ҷанг хотима меёбад.

"Агар амрикоиҳо ба ин розӣ шаванд, пас Иттиҳодияи Аврупо ва дигарон ба зудӣ аз паси Иёлоти Муттаҳида саф кашида, аз тасмими онҳо пуштибонӣ мекунанд. Аз ин рӯ ду нерӯ вуҷуд дорад - Русия ва Украина ё Амрико", - гуфт раҳбари Беларус.

Вай гуфт, Украина бояд аз фурсат истифода бурда, бо Русия музокира кунад.
"Шояд... Украина аз вазъи кунунӣ берун орад. Агар ин лаҳза аз даст дода шавад, ба эҳтимоли зиёд барнагардад. Ин вазъ дигар такрор нахоҳад шуд", - таъкид кард ӯ.
Лукашенко афзуд, чунин роҳи раҳоӣ аз вазъ барои Украина, Русия ва Беларус судманд аст.
Ёдовар мешавем, Русия субҳи панҷшанбеи 24 феврал амалиёти низомиро дар Украина оғоз кард.
Президент Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки дар тӯли 8 сол таҳти таъқиб ва наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд."
Президент Белоруссии Александр Лукашенко  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.03.2022
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Лукашенко: Русия дар низоъ бо Украина мағлуб нахоҳад шуд
Барои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "безараргардонӣ ва нозизудоии Украина" анҷом дода, тамоми ҷинояткорони ҷангии масъули "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.
Ба гуфтаи Вазорати дифои Русия, нерӯҳои мусаллаҳ танҳо ба зерсохтҳои низомӣ ва нерӯҳои Украина зарба мезананд, ҳеҷ чиз ба мардуми осоишта таҳдид намекунад.
Бо дастгирии қувваҳои мусаллаҳи Русия гурӯҳҳои ҶМД ва ҶМЛ амалиёти ҳуҷумро вусъат медиҳанд. Аммо дар бораи ишғоли Украина гап нест, таъкид кард раисҷумҳури Русия.
Русия ва Украина барои ҳалли низоъ як силсила музокирот анҷом доданд. Ҳар ду ҷониб омодагии худро барои идомаи гуфтушунид изҳор намуда, пешрафтҳои мусбатро дар мавзуи долонҳои башардӯстона қайд карданд.
Баъдан мулоқоти ҳайатҳо дар шакли видеоконфронс сурат гирифт. Ба гуфтаи намояндагони Русия дар ин музокирот, мавзеъгирии ҷонибҳо муайян шудааст, аммо худи ин раванд заиф аст.
Лентаи хабарҳо
0