https://sputnik.tj/20220318/general-vohidzoda-smm-tahkimi-sarhad-1046894147.html
Генерал Воҳидзода ба мақомдори СММ аз хатарҳои бархоста аз Афғонистон гуфт
Генерал Воҳидзода ба мақомдори СММ аз хатарҳои бархоста аз Афғонистон гуфт
Sputnik Тоҷикистон
Мудири Ожонси назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон дар Вена аз хатарҳои афзоянда аз Афғонистон гуфт
2022-03-18T13:25+0500
2022-03-18T13:25+0500
2022-03-18T15:15+0500
марзи тоҷикистону афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
дар тоҷикистон
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
покистон
смм
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/04/1d/1039137815_0:52:1000:615_1920x0_80_0_0_a634d9f4947164602867b2b827d2b974.jpg
ДУШАНБЕ, 18 мар – Sputnik. Генерал Ҳабибулло Воҳидзода, мудири Ожонси назорати маводи нашъаовари назди раисҷумҳури Тоҷикистон бо хонум Ғода Фатҳа Волӣ, ноиби дабири кул, мудири иҷроияи Раёсати мубориза бо маводи нашъаовар ва ҷинояткории СММ густариши ҳамкориҳоро баррасӣ кард. Тибқи иттилои Ожонси мубориза бо маводи мухаддир, генерал Воҳидзода аз хатарҳое гуфтааст, ки аз Афғонистон бармеоянд. Дар ин феҳраст қочоқи рӯзафзуни маводи нашъаовар, силоҳ, кирдори террористию экстремистӣ, савдои одамон ва дигар ҷиноятҳои фаромиллӣ зикр шудаанд. Воҳидзода аз Раёсати мубориза бо маводи нашъаовар ва ҷинояткории СММ даъват кардааст, ки барои таҳкими сарҳади Тоҷикистон тавассути расонидани кумакҳои моддӣ-техникӣ мусоидат кунад. Ғода Фатҳа Волӣ дар посух изҳор доштаст, ки аз ҷониби давлатҳои Ҷопон ва Итолиё барои давлатҳои Осиёи Марказӣ маблағ ҷудо гардидааст, ки бояд барои таҳкими ҳамкориҳои фаромарзӣ сарф шаванд. Ӯ афзуд, ки аз ин маболиғ маблағе барои Тоҷикистон низ ҷудо хоҳад шуд. Маврид ба зикр аст, ки Воҳидзода барои иштирок дар ҷаласаи 65-уми Комиссияи СММ оид ба маводи нашъаовар, ки то 18 март идома меёбад, дар шаҳри Вена қарор дорад. Ӯ то ҳол бо ҳамтоёнаш аз кишварҳои дигар, аз ҷумла ИМА, Арабистони Саудӣ, Покистон, Қатар густариши ҳамкорӣ дар самти мубориза бо маводи мухаддирро баррасӣ намудааст.
https://sputnik.tj/20220219/qochoq-mavod-mukhaddir-afghoniston-1046044276.html
покистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/04/1d/1039137815_55:0:945:667_1920x0_80_0_0_6ed7c41783116603a76ee57cd7665b98.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
кумакхоҳӣ, воҳидзода, смм, таҳким, сарҳад
кумакхоҳӣ, воҳидзода, смм, таҳким, сарҳад
Генерал Воҳидзода ба мақомдори СММ аз хатарҳои бархоста аз Афғонистон гуфт
13:25 18.03.2022 (Навсозишуда: 15:15 18.03.2022) Мудири Ожонси назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон дар Вена аз хатарҳои афзоянда аз Афғонистон гуфт
ДУШАНБЕ, 18 мар – Sputnik. Генерал Ҳабибулло Воҳидзода, мудири Ожонси назорати маводи нашъаовари назди раисҷумҳури Тоҷикистон бо хонум Ғода Фатҳа Волӣ, ноиби дабири кул, мудири иҷроияи Раёсати мубориза бо маводи нашъаовар ва ҷинояткории СММ густариши ҳамкориҳоро баррасӣ кард.
Тибқи иттилои Ожонси мубориза бо маводи мухаддир, генерал Воҳидзода аз хатарҳое гуфтааст, ки аз Афғонистон бармеоянд.
Дар ин феҳраст қочоқи рӯзафзуни маводи нашъаовар, силоҳ, кирдори террористию экстремистӣ, савдои одамон ва дигар ҷиноятҳои фаромиллӣ зикр шудаанд.
Воҳидзода аз Раёсати мубориза бо маводи нашъаовар ва ҷинояткории СММ даъват кардааст, ки барои таҳкими сарҳади Тоҷикистон тавассути расонидани кумакҳои моддӣ-техникӣ мусоидат кунад.
Ғода Фатҳа Волӣ дар посух изҳор доштаст, ки аз ҷониби давлатҳои Ҷопон ва Итолиё барои давлатҳои Осиёи Марказӣ маблағ ҷудо гардидааст, ки бояд барои таҳкими ҳамкориҳои фаромарзӣ сарф шаванд. Ӯ афзуд, ки аз ин маболиғ маблағе барои Тоҷикистон низ ҷудо хоҳад шуд.
Маврид ба зикр аст, ки Воҳидзода барои иштирок дар ҷаласаи 65-уми Комиссияи СММ оид ба маводи нашъаовар, ки то 18 март идома меёбад, дар шаҳри Вена қарор дорад. Ӯ то ҳол бо ҳамтоёнаш аз кишварҳои дигар, аз ҷумла ИМА, Арабистони Саудӣ, Покистон, Қатар густариши ҳамкорӣ дар самти мубориза бо маводи мухаддирро баррасӣ намудааст.