https://sputnik.tj/20220317/vukh-rusiya-smm-khorij-nameshavad-1046876755.html
Захарова: Русия аз СММ хориҷ намешавад
Захарова: Русия аз СММ хориҷ намешавад
Sputnik Тоҷикистон
Захарова тавзеҳ дод, ки чаро сенарияи марҳум кардани Русия аз узвият дар СММ хандаовар менамояд
2022-03-17T18:35+0500
2022-03-17T18:35+0500
2022-03-17T19:08+0500
дар русия
смм
сиёсат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/02/18/1046217381_0:0:2901:1632_1920x0_80_0_0_eb2656463ecc93873a422a9b0397fd07.jpg
ДУШАНБЕ, 17 мар — Sputnik. Русияро аз узвият дар Созмони Милали Муттаҳид (СММ) маҳрум кардан мумкин нест. Дар ин бора намояндаи расмии Вазорати корҳои хориҷии Русия Мария Захарова хабар дод. Ба назари вай, Шӯрои амният чунин тавсияро баррасӣ намекунад. Ин ба он далел аст, ки барои тасвиби қатъномаи мувофиқ на танҳо 9 раъйи ҷонибдор, балки ҷонибдории ҳамаи панҷ узви доимии дорои ҳуқуқи вето, аз ҷумла Русия зарур аст.Вай гуфт, идеяи хориҷ шудани Русия аз Созмони Милали Муттаҳид ҳатто бо назардошти таблиғоти зиёди расонаҳои ғарбӣ ғайриимкон аст.Илова бар ин бояд дарк кард, ки ҳатто агар аксари кишварҳо ҷонибдори берун кардани Русия аз узвияти СММ бошад ҳам, ин кор аз эҳтимол дур аст. Вашингтон ва ҳамфикрони он, ки ба муқобили Русия таҳрим ҷорӣ карданро тарофдорӣ менамуданд, дар Маҷмаи умумии СММ ҳатто аксарияти оддиро ташкил намекунанд.Ба гуфтаи вай, "боқимондаи ҷомеаи ҷаҳонӣ бо вуҷуди фишорҳои дағалонаи Ғарб омодагии худро барои рушди равобити созандаи мутақобилан судманд бо Русия тасдиқ мекунад.
https://sputnik.tj/20220315/rusiya-smm-sharti-otashbas-ukraina-1046828127.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/02/18/1046217381_47:0:2778:2048_1920x0_80_0_0_1d78a306c5e01064e79326ac4b474490.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
русия смм
Захарова: Русия аз СММ хориҷ намешавад
18:35 17.03.2022 (Навсозишуда: 19:08 17.03.2022) Захарова тавзеҳ дод, ки чаро сенарияи марҳум кардани Русия аз узвият дар СММ хандаовар менамояд
ДУШАНБЕ, 17 мар — Sputnik. Русияро аз узвият дар Созмони Милали Муттаҳид (СММ) маҳрум кардан мумкин нест. Дар ин бора намояндаи расмии Вазорати корҳои хориҷии Русия Мария Захарова хабар дод.
"Сенарияи маҳрум кардани Русия аз узвияти Созмони Милали Муттаҳид, бешубҳа, ғайривоқеист. Моддаи 6-и Оинномаи ин созмони ҷаҳонӣ воқеан имкони ихроҷи як давлатро бо қарори Маҷмаи умумии СММ ва бо тавсияи Шӯрои амнияти Созмони Милал пешбинӣ мекунад", - қайд кард вай.
Ба назари вай, Шӯрои амният чунин тавсияро баррасӣ намекунад. Ин ба он далел аст, ки барои тасвиби қатъномаи мувофиқ на танҳо 9 раъйи ҷонибдор, балки ҷонибдории ҳамаи панҷ узви доимии дорои ҳуқуқи вето, аз ҷумла Русия зарур аст.
Вай гуфт, идеяи хориҷ шудани Русия аз Созмони Милали Муттаҳид ҳатто бо назардошти таблиғоти зиёди расонаҳои ғарбӣ ғайриимкон аст.
Илова бар ин бояд дарк кард, ки ҳатто агар аксари кишварҳо ҷонибдори берун кардани Русия аз узвияти СММ бошад ҳам, ин кор аз эҳтимол дур аст.
Вашингтон ва ҳамфикрони он, ки ба муқобили Русия таҳрим ҷорӣ карданро тарофдорӣ менамуданд, дар Маҷмаи умумии СММ ҳатто аксарияти оддиро ташкил намекунанд.
Ба гуфтаи вай, "боқимондаи ҷомеаи ҷаҳонӣ бо вуҷуди фишорҳои дағалонаи Ғарб омодагии худро барои рушди равобити созандаи мутақобилан судманд бо Русия тасдиқ мекунад.