Тоҷикистонро дар "Тоскулоҳи бузурги Анталия-2022" шаш варзишгар намояндагӣ мекунад

© Фото : Страница Комроншоха Устопириён в FacebookКомроншох Устопириён, архивное фото
Комроншох Устопириён, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.03.2022
Обуна шудан
Дар мусобиқа барои зӯрозмоӣ 458 ҷудокор аз саросари ҷаҳон гирд меоянд
ДУШАНБЕ, 17 мар - Sputnik. Тоҷикистонро дар мусобиқаи байналмилалии "Тоскулоҳи бузург", ки дар дар шаҳри Анталияи Туркия барпо мегардад, шаш паҳлавон намояндагӣ мекунад.
"Тоскулоҳи бузурги Анталия" аз 1 то 3-юми апрел баргузор мегардад, хабар медиҳад Федератсияи Байналмилалии Ҷудо.
Тибқи иттилои манбаъ, дар ин мусобиқа 458 паҳлавон, аз ҷумла 277 мард ва 181 зан аз 62 кишвари ҷаҳон дширкат мекунанд.
Тоҷикистонро дар "Тоскулоҳи бузурги Анталия-2022" Абубакр Шеров, Шаҳбоз Саидаброров, Сомон Маҳмадбеков, Комроншоҳи Устопириён, Ҷаҳонгир Маҷидов ва Абубакри Акобир муаррифӣ мекунанд.
Комроншох Устопириён - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.01.2022
Комроншоҳ дар Гран-Прии Португалия соҳиби медали биринҷӣ шуд
Ба ҳамин тартиб Абубакр Шеров ва Шаҳбоз Саидаброров (66 кг) дар рӯзи аввали рақобатҳо ба майдон хоҳанд баромад.
Сомон Маҳмадбеков (73 кг) бошад, дар рӯзи дувуми мусобиқа қувва меозмояд.
Дар рӯзи ихтитом, ки 3 апрел аст, Комроншоҳи Устопириён, Ҷаҳонгир Маҷидов (то 90 кг), инчунин Абубакри Акобир ( то 100 кг) вориди рақобат хоҳанд шуд.
Бар иловаи медалҳо ҷудокороне, ки ҷойҳои аввалро ишғол кардаанд, 5000 доллари ИМА ва ҷойҳои 2 ва 3-юм ба маблағи 3000 ва 1500 доллар мукофотҳои пулӣ хоҳанд гирифт.
Мавриди зикр аст, ки қаблан паҳлавонони тоҷик дар "Grand Prix Portugal 2022", "Paris Grand Slam 2022", “Tel Aviv Grand Slam 2022”, "Tunis African Open 2022" ширкат карда буданд.
Лентаи хабарҳо
0