https://sputnik.tj/20220317/tojikiston-tatil-bahor-maktabbachagon-elon-1046861308.html
Дар Тоҷикистон рӯзҳои таътили баҳорӣ барои мактаббачагон эълон шуд
Дар Тоҷикистон рӯзҳои таътили баҳорӣ барои мактаббачагон эълон шуд
Sputnik Тоҷикистон
Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон мушаххас кард, ки мактаббачаҳои тоҷик дар таътили баҳорӣ ва таҷлили Наврӯз аз кадом сана истироҳат мекунанд
2022-03-17T10:41+0500
2022-03-17T10:41+0500
2022-03-17T12:55+0500
дар тоҷикистон
маориф
баҳор
талабагон
таътил
иди наврӯз
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102082/09/1020820997_0:0:2667:1501_1920x0_80_0_0_e341a697f2c5eddbccddf4f5d7d19c87.jpg
ДУШАНБЕ, 17 мар — Sputnik. Хонандагони мактабҳои миёнаи Тоҷикистон 21 март ба таътили баҳорӣ баромада, 31 март ба мактаб бармегарданд. Дар ин бора Вазорати маориф ва илми кишвар хабар медиҳад. Хамин тавр донишомӯзонро 10 рӯзи истироҳатӣ интизор аст. То 21 март дар ҳамаи мактабҳо чоряки сеюм ҷамъбаст карда мешавад. Таътили баҳорӣ танҳо ба мактаббачагон дахл дорад. Дар мавриди омӯзгорон бошад, пас аз анҷоми таътили расмӣ дар Наврӯз онҳо ба корҳои методӣ машғул мешаванд. Дар баъзе аз муассисаҳо вохӯриҳо, суҳбатҳо бо падару модарони талабагон ва дигар маҳофили тарбиятӣ гузаронда мешаванд. Пеш аз ба таътили навбатӣ рафтан ба талабагони синфҳои боло рӯйхати китобҳои тавсияшуда дода мешавад, ки дар рӯзҳои таътил мутолиа кунанд. Ин ниҳод қайд кардааст, бо вуҷуди он ки ҳама гуна таътил барои истироҳат пешбинӣ шудааст, бачаҳо набояд тамоми ин вақтро дар назди телевизор, бозиҳои компютерӣ ва ё кӯча гузаронанд.Вазорати маориф ва илм дар ин давра ба волидон ва роҳбарони синфҳо тавсия медиҳад, ки бо кӯдакон ба ҷойҳои таърихию фарҳангӣ, осорхонаву намоишгоҳҳо сафар кунанд. Ёдовар мешавем, дар Тоҷикистон ҳафтаи корӣ аз 14 то 19 март ба ҳафтаи кории шашрӯза табдил мешавад. Аммо аз сӯйи дигар, ба далели гузаштани рӯзи истироҳат аз рӯзи шанбе ба ҷумъа, сокинони ҷумҳуриро пай иҳам 8 рӯзи истироҳат интизор аст. Дар Ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ дар шаҳру навоҳии кишвар баргузории барномаҳои бошукӯҳу фарҳангӣ дар назар аст.
https://sputnik.tj/20220316/dushanbe-intizor-navruz-barnomaho-jashni-1046839649.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102082/09/1020820997_294:0:2667:1780_1920x0_80_0_0_62eacc9b1370e90d6a6fd5aaffbd16af.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон таътил баҳор мактаббачагон
тоҷикистон таътил баҳор мактаббачагон
Дар Тоҷикистон рӯзҳои таътили баҳорӣ барои мактаббачагон эълон шуд
10:41 17.03.2022 (Навсозишуда: 12:55 17.03.2022) Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон эълон кард, ки мактаббачаҳои тоҷик дар таътили баҳорӣ ва таҷлили Наврӯз аз кадом рӯз то кадом рӯз истироҳат мекунанд
ДУШАНБЕ, 17 мар — Sputnik. Хонандагони мактабҳои миёнаи Тоҷикистон 21 март ба таътили баҳорӣ баромада, 31 март ба мактаб бармегарданд. Дар ин бора Вазорати маориф ва илми кишвар хабар медиҳад.
Хамин тавр донишомӯзонро 10 рӯзи истироҳатӣ интизор аст. То 21 март дар ҳамаи мактабҳо чоряки сеюм ҷамъбаст карда мешавад.
Таътили баҳорӣ танҳо ба мактаббачагон дахл дорад. Дар мавриди омӯзгорон бошад, пас аз анҷоми таътили расмӣ дар Наврӯз онҳо ба корҳои методӣ машғул мешаванд.
Дар баъзе аз муассисаҳо вохӯриҳо, суҳбатҳо бо падару модарони талабагон ва дигар маҳофили тарбиятӣ гузаронда мешаванд.
Пеш аз ба таътили навбатӣ рафтан ба талабагони синфҳои боло рӯйхати китобҳои тавсияшуда дода мешавад, ки дар рӯзҳои таътил мутолиа кунанд.
Ин ниҳод қайд кардааст, бо вуҷуди он ки ҳама гуна таътил барои истироҳат пешбинӣ шудааст, бачаҳо набояд тамоми ин вақтро дар назди телевизор, бозиҳои компютерӣ ва ё кӯча гузаронанд.
Вазорати маориф ва илм дар ин давра ба волидон ва роҳбарони синфҳо тавсия медиҳад, ки бо кӯдакон ба ҷойҳои таърихию фарҳангӣ, осорхонаву намоишгоҳҳо сафар кунанд.
Ёдовар мешавем, дар Тоҷикистон ҳафтаи корӣ аз 14 то 19 март ба ҳафтаи кории шашрӯза табдил мешавад. Аммо аз сӯйи дигар, ба далели гузаштани рӯзи истироҳат аз рӯзи шанбе ба ҷумъа, сокинони ҷумҳуриро пай иҳам 8 рӯзи истироҳат интизор аст.
Дар Ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ дар шаҳру навоҳии кишвар баргузории барномаҳои бошукӯҳу фарҳангӣ дар назар аст.