https://sputnik.tj/20220317/smm-naqshi-tojikiston-halli-mushkilot-gurezaho-1046882230.html
СММ нақши Тоҷикистон дар ҳалли мушкилоти гурезаҳоро муҳим арзёбӣ кард
СММ нақши Тоҷикистон дар ҳалли мушкилоти гурезаҳоро муҳим арзёбӣ кард
Sputnik Тоҷикистон
Комиссари Олии Созмони милали Муттаҳид дар умури паноҳандагон иқдомҳои Ҳукумати Тоҷикистонро дар ҳалли мушкилоти гурезаҳои Афғонистон баланд арзёбӣ кард 17.03.2022, Sputnik Тоҷикистон
2022-03-17T21:40+0500
2022-03-17T21:40+0500
2022-03-17T21:40+0500
дар тоҷикистон
вкд
смм
рамазон раҳимзода
гурезаҳо
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/03/11/1046881975_0:0:1024:577_1920x0_80_0_0_0498836782e7c1f039820e4720d96a0f.jpg
ДУШАНБЕ, 17 мар — Sputnik. Ин нуктаро Филиппо Гранди, Комиссари Олии СММ дар умури гурезаҳо дар дидор бо Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон баён кард, иттилоъ додааст дафтари матбуоти вазорати корҳои дохила.Тибқи иттилои манбаъ, Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон бо Комиссари Олии СММ дар умури гурезаҳо вобаста ба ҳалли мушкилоти гурезаҳо аз Афғонистон, роҳҳои ҳифзи ҳуқуқ ва расонидани кумак ба онҳоро матраҳ кард.Инчунин ба иттилои манбаъ, вазири корҳои дохилӣ дар ҷараёни мулоқот зикр кард, ки Тоҷикистон ҳамеша ба гурезаҳо ва шахсони паноҳҷӯянда таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, баҳри ҳимояи ҳифзи ҳуқуқ ва амнияти онҳо мутобиқи меъёрҳои байналмилалӣ тадбирҳои зарурӣ меандешад.Филиппо Гранди иброз дошт, ки ин аввалин сафари ӯ ба ҳайси Комиссари Олии СММ дар умури ба гурезаҳо ба Тоҷикистон аст. Вай қаблан ба Тоҷикистон соли 2000 ташриф оварда буд.Комиссари Олии СММ дар умури ба гурезаҳо дар идомаи суҳбат иқдомҳои пешгирифтаи Ҳукумати Тоҷикистонро дар самти қабулу ҷобаҷокунии гурезаҳо баланд арзёбӣ намуда, омодагии худро дар ҳалли мушкилоти мавҷуда изҳор намуд.Ҳамзамон Филиппо Гранди аз иқдомҳои Тоҷикистон дар ҳалли масъалаҳои бешаҳрвандӣ изҳори хушнудӣ кард.Манбаъ қайд кардааст, ки ҷонибҳо барои тақвияти ҳамкорӣ дар самти кор бо гурезаҳо, паноҳҷӯяндагон ва шахсони бешаҳрванд ибрози боварӣ намуданд.
https://sputnik.tj/20220317/rahmon-namoyanda-smm-kumak-bashardustona-afghoniston-1046880780.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/03/11/1046881975_89:0:1000:683_1920x0_80_0_0_131214ed9fe64b30c0b4d7ef41e8c1b1.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, вкд, смм, рамазон раҳимзода, гурезаҳо
дар тоҷикистон, вкд, смм, рамазон раҳимзода, гурезаҳо
СММ нақши Тоҷикистон дар ҳалли мушкилоти гурезаҳоро муҳим арзёбӣ кард
Комиссари Олии Созмони милали Муттаҳид дар умури паноҳандагон иқдомҳои Ҳукумати Тоҷикистонро дар ҳалли мушкилоти гурезаҳои Афғонистон баланд арзёбӣ кард
ДУШАНБЕ, 17 мар — Sputnik. Ин нуктаро Филиппо Гранди, Комиссари Олии СММ дар умури гурезаҳо дар дидор бо Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон баён кард, иттилоъ додааст дафтари матбуоти вазорати корҳои дохила.
Тибқи иттилои манбаъ, Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон бо Комиссари Олии СММ дар умури гурезаҳо вобаста ба ҳалли мушкилоти гурезаҳо аз Афғонистон, роҳҳои ҳифзи ҳуқуқ ва расонидани кумак ба онҳоро матраҳ кард.
Инчунин ба иттилои манбаъ, вазири корҳои дохилӣ дар ҷараёни мулоқот зикр кард, ки Тоҷикистон ҳамеша ба гурезаҳо ва шахсони паноҳҷӯянда таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, баҳри ҳимояи ҳифзи ҳуқуқ ва амнияти онҳо мутобиқи меъёрҳои байналмилалӣ тадбирҳои зарурӣ меандешад.
Филиппо Гранди иброз дошт, ки ин аввалин сафари ӯ ба ҳайси Комиссари Олии СММ дар умури ба гурезаҳо ба Тоҷикистон аст. Вай қаблан ба Тоҷикистон соли 2000 ташриф оварда буд.
Комиссари Олии СММ дар умури ба гурезаҳо дар идомаи суҳбат иқдомҳои пешгирифтаи Ҳукумати Тоҷикистонро дар самти қабулу ҷобаҷокунии гурезаҳо баланд арзёбӣ намуда, омодагии худро дар ҳалли мушкилоти мавҷуда изҳор намуд.
Ҳамзамон Филиппо Гранди аз иқдомҳои Тоҷикистон дар ҳалли масъалаҳои бешаҳрвандӣ изҳори хушнудӣ кард.
Манбаъ қайд кардааст, ки ҷонибҳо барои тақвияти ҳамкорӣ дар самти кор бо гурезаҳо, паноҳҷӯяндагон ва шахсони бешаҳрванд ибрози боварӣ намуданд.