https://sputnik.tj/20220317/putin-erdughon-vazi-ukraina-barrasi-1046882516.html
Путин бо Эрдуғон вазъи Украинаро баррасӣ кард
Путин бо Эрдуғон вазъи Украинаро баррасӣ кард
Sputnik Тоҷикистон
Раисҷумҳури Русия дар як суҳбати телефонӣ ба ҳамтои туркаш вазъияти Украинаро баррасӣ кард
2022-03-17T22:40+0500
2022-03-17T22:40+0500
2023-10-02T17:10+0500
дар русия
суҳбати телефонӣ
туркия
владимир путин
раҷаб тайиб эрдуғон
амалиёти вижаи русия барои ҳимояи донбасс: охирин хабарҳо
украина
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0a/05/1042656821_0:200:2933:1849_1920x0_80_0_0_459ff12c7d32c0ece8654ce3443336f0.jpg
ДУШАНБЕ, 17 мар — Sputnik. Раисҷумҳури Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон дар гуфтугӯи телефонӣ бо Владимир Путин, раисҷумҳури Русия вазъи Украинаро баррасӣ кард, иттилоъ додааст дафтари матбуотии роҳбари Туркия."Дар ҷараёни мулоқот таҳаввулоти ахири вобаста ба ҷанги Русияву Украина ва вазъи башарӣ дар минтақа баррасӣ шуд. Президент Эрдуғон гуфт, Туркия аз аввал бархӯрди самимие барои таъмини сулҳи миёни Русия ва Украина нишон додааст. Эрдуғон изҳор дошт, ки агар оташбаси доимӣ эълон шавад, роҳ ба созиши дарозмуддат боз мешавад. Раисҷумҳури Туркия интизороти самимии худро аз натиҷаҳои мусбии музокироти Русия ва Украина изҳор дошт”, - иттилоъ додааст дафтари матбуотии раисҷумҳури Туркия.Илова бар ин Раҷаб Тайиб Эрдуғон дар гуфтугӯи телефонӣ бо Владимир Путин бори дигар омодагии худро барои ба ҳузур пазируфтани раҳбарони Русия ва Украина дар Анкара ё Истанбул баён кард.“Бо ишора ба он ки барои расидан ба як роҳҳалли музокирот дар сатҳи раҳбарон лозим аст, президент Эрдуғон пешниҳоди худро дар бораи мизбонии Путин ва Владимир Зеленский дар Истанбул ё Анкара такрор кард”, - илова кардааст дафтари матбуотии раисҷумҳури Туркия.Қаблан мушовири раиси дафтари Владимир Зеленский, узви ҳайати Украина дар музокирот бо Русия Михаил Подоляк аз омода кардани аснод барои музокироти мустақими эҳтимолии Зеленский ва Путин хабар дода буд.Дмитрий Песков, сухангӯи раисҷумҳури Русия ба РИА “Новости” гуфт, Путин метавонад ва бояд бо Зеленский барои ислоҳи тавофуқҳову тафоҳумҳои ҳосилшуда мулоқот кунад.
https://sputnik.tj/20220316/1046855710.html
украина
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0a/05/1042656821_100:0:2831:2048_1920x0_80_0_0_6eab8d096c1a8ceb3943e2a41cc08f89.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
русия, туркия, путин, эрду0он, музокира, суҳбати телефонӣ, украина
русия, туркия, путин, эрду0он, музокира, суҳбати телефонӣ, украина
Путин бо Эрдуғон вазъи Украинаро баррасӣ кард
22:40 17.03.2022 (Навсозишуда: 17:10 02.10.2023) Раисҷумҳури Русия дар як суҳбати телефонӣ ба ҳамтои туркаш вазъияти Украинаро баррасӣ кард
ДУШАНБЕ, 17 мар — Sputnik. Раисҷумҳури Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон дар гуфтугӯи телефонӣ бо Владимир Путин, раисҷумҳури Русия вазъи Украинаро баррасӣ кард, иттилоъ додааст дафтари матбуотии роҳбари Туркия.
"Дар ҷараёни мулоқот таҳаввулоти ахири вобаста ба ҷанги Русияву Украина ва вазъи башарӣ дар минтақа баррасӣ шуд. Президент Эрдуғон гуфт, Туркия аз аввал бархӯрди самимие барои таъмини сулҳи миёни Русия ва Украина нишон додааст. Эрдуғон изҳор дошт, ки агар оташбаси доимӣ эълон шавад, роҳ ба созиши дарозмуддат боз мешавад. Раисҷумҳури Туркия интизороти самимии худро аз натиҷаҳои мусбии музокироти Русия ва Украина изҳор дошт”, - иттилоъ додааст дафтари матбуотии раисҷумҳури Туркия.
Илова бар ин Раҷаб Тайиб Эрдуғон дар гуфтугӯи телефонӣ бо Владимир Путин бори дигар омодагии худро барои ба ҳузур пазируфтани раҳбарони Русия ва Украина дар Анкара ё Истанбул баён кард.
“Бо ишора ба он ки барои расидан ба як роҳҳалли музокирот дар сатҳи раҳбарон лозим аст, президент Эрдуғон пешниҳоди худро дар бораи мизбонии Путин ва Владимир Зеленский дар Истанбул ё Анкара такрор кард”, - илова кардааст дафтари матбуотии раисҷумҳури Туркия.
Қаблан мушовири раиси дафтари Владимир Зеленский, узви ҳайати Украина дар музокирот бо Русия Михаил Подоляк аз омода кардани аснод барои музокироти мустақими эҳтимолии Зеленский ва Путин хабар дода буд.
Дмитрий Песков, сухангӯи раисҷумҳури Русия ба РИА “Новости” гуфт, Путин метавонад ва бояд бо Зеленский барои ислоҳи тавофуқҳову тафоҳумҳои ҳосилшуда мулоқот кунад.