https://sputnik.tj/20220317/peskov-sukhanon-bayden-putin-nobakhshidani-1046867076.html
Песков суханони Байден дар ҳаққи Путинро нобахшиданӣ унвон кард
Песков суханони Байден дар ҳаққи Путинро нобахшиданӣ унвон кард
Sputnik Тоҷикистон
Ҷо Байден дар мусоҳиба бо хабарнигорон ба ин суол, ки оё метавон кишвардори Русияро "ҷинояткори ҷангӣ" номид, посух дод
2022-03-17T13:50+0500
2022-03-17T13:50+0500
2022-03-17T17:05+0500
дар русия
песков
ҷо байден
владимир путин
сиёсат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/09/1c/1031976800_0:0:3005:1691_1920x0_80_0_0_4768e13928c759309c16aac836be6670.jpg
ДУШАНБЕ, 17 мар — Sputnik. Суханони Ҷо Байден, раисҷумҳури Амрико, ки раҳбари Русия Владимир Путинро "ҷинояткори ҳарбӣ" номид, ғайриқобили қабул ва нобахшиданӣ ҳастанд.Дар ин бора котиби матбуотии президенти Русия Дмитрий Песков дар РИА "Новости" изҳори назар кардааст.Байден қаблан гуфта буд, ки раҳбари Русияро "ҷинояткори ҷангӣ" медонад.Дар ҳамин ҳол, дар видеое, ки рӯзноманигорони Кохи Сафед ба раисҷумҳури Амрико дар ин мавзуъ суол медиҳанд, ӯ нахуст посухи манфӣ дод. Вале баъди дигарбора пеши хабарнигорон баромадан ба ин суол посухи мусбат дод.Маврид ба зикр аст, ки Русия рӯзи 24 феврал амалиёти низомӣ дар Украинаро оғоз кард. Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки дар тӯли ҳашт сол таҳти таъқиб ва наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд."Ба ин манзур, ба гуфтаи ӯ, “ғайринизомисозӣ ва нозизудоии Украина”, таҳвили муҷримони ҷангии масъул дар “ҷиноёти хуношом алайҳи сокинони мулкӣ”-и Донбасс ба додгоҳ барномарезӣ шуд.Бинобар баёнияи Вазорати дифои Русия, нерӯҳои ҳарбии ин кишвар танҳо зерсохтҳои низомию низомиёни Украинаро ҳадаф қарор медиҳанд ва ин амалиёт шаҳрвандони мулкиро таҳдид намекунад.Бо ҳимояти нерӯҳои ҳавоии ФР ҳуҷуми гурӯҳҳои ҶХД ва ҶХЛ доман мегустарад. Ин ҷо ҳарф дар бораи забти Украина нест, гуфт раисҷумҳури Русия. Дар баробари амалиёт инчунин музокироти Русия ва Украина низ ҷараён дорад.
https://sputnik.tj/20220317/putin-amaliyot-vizha-donbassro-kiev-1046860484.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/09/1c/1031976800_0:0:2729:2047_1920x0_80_0_0_acfdda6a5461de8bd4a08df5d0593556.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
песков ҷо байден владимир путин
песков ҷо байден владимир путин
Песков суханони Байден дар ҳаққи Путинро нобахшиданӣ унвон кард
13:50 17.03.2022 (Навсозишуда: 17:05 17.03.2022) Ҷо Байден дар мусоҳиба бо хабарнигорон ба ин суол ки метавон кишвардори Русияро "ҷинояткори ҷангӣ" номид, посух дод
ДУШАНБЕ, 17 мар — Sputnik. Суханони Ҷо Байден, раисҷумҳури Амрико, ки раҳбари Русия Владимир Путинро "ҷинояткори ҳарбӣ" номид, ғайриқобили қабул ва нобахшиданӣ ҳастанд.
Дар ин бора котиби матбуотии президенти Русия Дмитрий Песков дар РИА "Новости" изҳори назар кардааст.
"Мо чунин суханронии сарвари давлатро, ки бомбҳояш дар саросари ҷаҳон садҳо ҳазор нафарро куштааст, ғайриқобили қабул ва нобахшиданӣ меҳисобем", - гуфт сухангӯи раҳбари Русия.
Байден қаблан гуфта буд, ки раҳбари Русияро "ҷинояткори ҷангӣ" медонад.
Дар ҳамин ҳол, дар видеое, ки рӯзноманигорони Кохи Сафед ба раисҷумҳури Амрико дар ин мавзуъ суол медиҳанд, ӯ нахуст посухи манфӣ дод. Вале баъди дигарбора пеши хабарнигорон баромадан ба ин суол посухи мусбат дод.
Маврид ба зикр аст, ки Русия рӯзи 24 феврал амалиёти низомӣ дар Украинаро оғоз кард. Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки дар тӯли ҳашт сол таҳти таъқиб ва наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд."
Ба ин манзур, ба гуфтаи ӯ, “ғайринизомисозӣ ва нозизудоии Украина”, таҳвили муҷримони ҷангии масъул дар “ҷиноёти хуношом алайҳи сокинони мулкӣ”-и Донбасс ба додгоҳ барномарезӣ шуд.
Бинобар баёнияи Вазорати дифои Русия, нерӯҳои ҳарбии ин кишвар танҳо зерсохтҳои низомию низомиёни Украинаро ҳадаф қарор медиҳанд ва ин амалиёт шаҳрвандони мулкиро таҳдид намекунад.
Бо ҳимояти нерӯҳои ҳавоии ФР ҳуҷуми гурӯҳҳои ҶХД ва ҶХЛ доман мегустарад. Ин ҷо ҳарф дар бораи забти Украина нест, гуфт раисҷумҳури Русия. Дар баробари амалиёт инчунин музокироти Русия ва Украина низ ҷараён дорад.