Вазорати нақлиёти Русия гуфт, ки кадом ширкатҳои ҳавопаймоӣ ба Тоҷикистон парвоз мекунанд

© PixabayСамолёт
Самолёт - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.03.2022
Обуна шудан
Бо вуҷуди маҳдудиятҳое, ки аз ҷониби бархе кишварҳо дар нисбати парвозҳо аз Русия ҷорӣ шудаанд, ширкатҳои ҳавопаймоии ин кишвар парвозро дар хатсайрҳои байналмилалӣ идома медиҳанд
ДУШАНБЕ, 17 мар — Sputnik. Шаш ширкати ҳавопаймоии Русия парвозҳои байналмилалиро идома медиҳад, ҳамчунин 29 ширкати ҳавопаймоӣ ба Русия парвоз анҷом медиҳанд.
Дар ин бора дар паёми Вазорати нақлиёти Федератсияи Русия гуфта мешавад.
"Бо вуҷуди маҳдудиятҳое, ки як қатор кишварҳои хориҷӣ барои истифода аз фазои ҳавоии худ ҷорӣ кардаанд, ширкатҳои ҳавопаймоии Русия ҳамлу нақли байналмилалии ҳавоиро идома медиҳанд", - гуфт вазорат.
Ширкатҳои ҳавопаймоии Русия метавонанд ба Озарбойҷон, Арманистон, Беларус, Қирғизистон, АМА, Тоҷикистон, Туркия ва Ӯзбекистон парвоз кунанд.
Дар маҷмуъ, дар як ҳафта тақрибан 250 парвоз анҷом дода мешавад.
Вазорат тавзеҳ медиҳад, ки дар парвозҳои хориҷӣ ширкатҳои ҳавопаймоӣ аз ҳавопаймоҳо, бахусус аз 147 ҳавопаймои русии "Сухой Суперҷет 100"-е истифода мекунанд, ки хатари боздошт дар хориҷа онҳоро таҳдид намекунад.
Вазорат ёдовар шуд, ки дар портали хадамоти давлатӣ барои русҳое, ки дар бозгашт ба Федератсияи Русия мушкил доранд, гузинаи дарёфти варақаи бозгашт мавҷуд аст.
Самолет авиакомпании Уральские авиалинии, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.03.2022
Чаро "Уралские авиалинии" ҷадвали парвоз ба Тоҷикистонро тағйир дод?
Ёдовар мешавем, ширкатҳои ҳавопаймоии Русия ба хотири наҷоти ҳавопаймоҳо аз 8 март аксари парвозҳои байналмилалиро мутаваққиф кардаанд: хатари боздошти онҳо дар хориҷ аз ин кишвар ба далели таҳримҳои марбут ба амалиёти низомии Русия дар Украина вуҷуд дорад.
Қаблан хабар дода шуда буд, ки ширкати ҳавопаймоии "Уралские авиалинии" барои ояндаи наздик ҷадвали парвозҳо аз Русия ба Тоҷикистон ва Ӯзбекистонро тағйир додааст.
Ба иттилои дафтари матбуотии ширкати ҳавопаймоии "Уралские авиалинии", айни замон раванди ҳамоҳангсозии иҷозатномаҳои парвоз бо мақомоти авиатсионии Русия идома дорад.
"Utair" ҳамчунин итминон дод, ки парвозҳояшро дар дохили Русия ва ҳам дар хориҷ аз ин кишвар, аз ҷумла ба Тоҷикистон идома медиҳад.
Лентаи хабарҳо
0