https://sputnik.tj/20220317/istiqboli-tolibon-peshnihodi-eron-1046882095.html
Истиқболи толибон аз пешниҳоди Эрон
Истиқболи толибон аз пешниҳоди Эрон
Sputnik Тоҷикистон
Вазири умури дохилии толибон ва муовини сафири Эрон дар Афғонистон дар бораи эҷоди ҳайати муштарак барои рафъи суитафоҳумоти марзӣ тавофуқ карданд
2022-03-17T22:10+0500
2022-03-17T22:10+0500
2022-03-17T22:10+0500
афғонистон
толибон
эрон
ҳамкорӣ
марз
пулис
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0a/14/1042991241_0:298:3007:1989_1920x0_80_0_0_3ecf3aeca91d79cf9186a0b211d551b8.jpg
ДУШАНБЕ, 17 мар — Sputnik. Сайидҳасани Муртазавӣ, муовини сафири Эрон дар Кобул дар дидор бо Сироҷиддин Ҳаққонӣ, вазири умури дохилии толибон бо ишора ба бархе мушкилоти марзии миёни марзбонони эронию афғон эҷоди фаврии ҳайати муштараки марзӣ ва ҳаллу фасли бархе сӯитафоҳумот дар ин бораро хостор шуд, менависад хабаргузории "Парс тудэй".Ба иттилои манбаъ, ин дархости Муртазавӣ ба истиқболи Ҳаққонӣ рӯ ба рӯ шудааст. Бинобар ин ҷонибҳо ба қароре омадаанд, то дар ояндаи наздик ин ҳайат таъсис шавад.Дар ҳамин ҳол манбаъ менависад, Ҳаққонӣ низ дар ин дидор бо ишора ба баъзе мушкилоти мавҷуд дар сохтори пулиси Афғонистон гуфтааст:Ду тараф дар ин дидор ҳамчунин масоили марбут ба кишт ва қочоқи маводи мухаддир аз Афғонистон ба Эрон ва ҳамкории муштарак барои мубориза ба кочоқи маводи мухаддирро баррасӣ карданд.Толибон дар Афғонистон дар моҳи августи соли гузашта ба қудрат расиданд, аммо то ҳол ҳич як аз кишварҳои ҷаҳон ҳукумати ин гурӯҳро ба расмият нашинохтааст. Ҳарчанд ҳич кишваре аз ҷаҳон аз эътирофи расмии ҳукумати толибон дар Афғонистон хабар надодааст, аммо чандин мавриди дидорҳои мақомоти ин гурӯҳ бо дипломатҳои хориҷии муқими Кобул, ҳамчунин сафари мақомоти толибон ба хориҷ аз Афғонистон ба манзури баррасии ин ё он масоиле сурат гирифтааст.Чунин бархӯрдҳои кишварҳои хориҷӣ бо ҳукумати ин гурӯҳро бархе аз мақомоти толиб аз иқдомоти мусбат дар ҷиҳати талоши онҳо барои эътирофи ҳукуматашон гуфтаанд.
афғонистон
эрон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0a/14/1042991241_275:0:3006:2048_1920x0_80_0_0_d98ab2232ba8fbc121f8310147c82e45.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
истиқбол толибон пешниҳод эрон
истиқбол толибон пешниҳод эрон
Истиқболи толибон аз пешниҳоди Эрон
Вазири умури дохилии толибон ва муовини сафири Эрон дар Афғонистон дар бораи эҷоди ҳайати муштарак барои рафъи суитафоҳумоти марзӣ тавофуқ карданд
ДУШАНБЕ, 17 мар — Sputnik. Сайидҳасани Муртазавӣ, муовини сафири Эрон дар Кобул дар дидор бо Сироҷиддин Ҳаққонӣ, вазири умури дохилии толибон бо ишора ба бархе мушкилоти марзии миёни марзбонони эронию афғон эҷоди фаврии ҳайати муштараки марзӣ ва ҳаллу фасли бархе сӯитафоҳумот дар ин бораро хостор шуд, менависад хабаргузории "Парс тудэй".
Ба иттилои манбаъ, ин дархости Муртазавӣ ба истиқболи Ҳаққонӣ рӯ ба рӯ шудааст. Бинобар ин ҷонибҳо ба қароре омадаанд, то дар ояндаи наздик ин ҳайат таъсис шавад.
Дар ҳамин ҳол манбаъ менависад, Ҳаққонӣ низ дар ин дидор бо ишора ба баъзе мушкилоти мавҷуд дар сохтори пулиси Афғонистон гуфтааст:
“Пулиси Афғонистон ниёзманди омӯзиш ва тавонмандсозӣ аст ва Ҷумҳурии Исломии Эрон бо таваҷҷуҳ ба таҷрибаи худ дар ин замина метавонад кумак ба нерӯҳои пулиси Афғонистон кунад ва кобинаи ҷадид низ аз ин мавзуъ истиқбол мекунад”.
Ду тараф дар ин дидор ҳамчунин масоили марбут ба кишт ва қочоқи маводи мухаддир аз Афғонистон ба Эрон ва ҳамкории муштарак барои мубориза ба кочоқи маводи мухаддирро баррасӣ карданд.
Толибон дар Афғонистон дар моҳи августи соли гузашта ба қудрат расиданд, аммо то ҳол ҳич як аз кишварҳои ҷаҳон ҳукумати ин гурӯҳро ба расмият нашинохтааст. Ҳарчанд ҳич кишваре аз ҷаҳон аз эътирофи расмии ҳукумати толибон дар Афғонистон хабар надодааст, аммо чандин мавриди дидорҳои мақомоти ин гурӯҳ бо дипломатҳои хориҷии муқими Кобул, ҳамчунин сафари мақомоти толибон ба хориҷ аз Афғонистон ба манзури баррасии ин ё он масоиле сурат гирифтааст.
Чунин бархӯрдҳои кишварҳои хориҷӣ бо ҳукумати ин гурӯҳро бархе аз мақомоти толиб аз иқдомоти мусбат дар ҷиҳати талоши онҳо барои эътирофи ҳукуматашон гуфтаанд.