Дар Думаи давлатӣ пешниҳод карданд, ки амволи олигархҳои украинӣ мусодира шавад

© Sputnik / Евгений ФилипповГостиница "Украина", Москва
Гостиница Украина, Москва - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.03.2022
Обуна шудан
Вакили Қрим пешниҳод кард, ки амволи дар Русиябудаи олигархҳои украинӣ мусодира ва даромад аз фурӯши он дар барқарорсозии Донбасс масраф шавад
ДУШАНБЕ, 17 мар — Sputnik. Вакили Думаи давлатӣ аз Қрим Михаил Шеремет хостори мусодираи амволи дар Русиябудаи олигархҳои украинӣ шуд, хабар медиҳад РИА "Новости".
Ба андешаи ӯ, бояд тамоми моликияти сарватмандони украинӣ, ки ба Русия мухолифат мекунанд, гирифта шавад.

"Олигархҳои украинӣ, ки ба кишвари мо мухолифанд, гурӯҳҳои миллатгароро маблағгузорӣ ва режими ҷиноии Зеленскийро дастгирӣ мекунанд, набояд дар Русия моликият дошта бошанд",- гуфт ӯ.

Ба гуфтаи Шеремет, ин "молу мулк бояд мусодираву фурӯхта" ва тамоми даромад аз он дар барқарорсозии Донбасс масраф шавад.
Вакили Думаи давлатӣ аз минтақаи Қрим афзуд, онҳо бояд бо амволи худ дар қаламрави Украина низ ҳамин тавр кунанд. Ин пул бояд барои барқарор кардани инфрасохтор ва иқтисоди кишвар сарф шавад.
"Тамоми амволи онҳо натиҷаи фоида ва дуздӣ аст. Аз ин рӯ вақти он расидааст, ки барои кори кардаашон посух гӯянд", - таъкид кард вакили парлумон.
Ёдовар мешавем, ки рӯзи 24-уми феврал Русия амалиёти вижаи низомиро барои безарарсозӣ ва нозизудоӣ дар Украинаро оғоз кард. Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин ҳадаф аз онро "ҳимояи мардуме, ки дар тӯли ҳашт сол таҳти таъқибу генотсиди режими Киев қарор гирифтаанд", номид.
Президент РФ В. Путин провел встречу с руководителями ведущих итальянских компаний - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.03.2022
Путин амалиёти вижа барои ҳифзи Донбассро арзёбӣ кард: Киевро огоҳ карда будем
Ба гуфтаи Вазорати дифои ин кишвар, нерӯҳои мусаллаҳи Русия танҳо ба зербинои низомӣ ва нерӯҳои Украина зарба мезананд, ҳеҷ чиз ба мардуми осоишта таҳдид намекунад.
Бо дастгирии қувваҳои мусаллаҳи Русия гурӯҳҳои ҶМД ва ҶМЛ амалиёти хуҷумро вусъат медиҳанд.
Борҳо таъкид шудааст, ки сухан дар бораи ишғоли Украина намеравад. Русия ва Украина барои ҳалли қазия аллакай чанд мулоқоти дипломатӣ баргузор кардаанд, аммо то кунун натиҷаи назаррасе аз ин музокирот ҳосил нашудааст.
Лентаи хабарҳо
0