Боздошт барои даллагӣ: духтаронро барои танфурӯшӣ то 500 доллар нархгузорӣ кардааст-видео

© Sputnik / Жоомарт УраимовЖенщина в платке
Женщина в платке - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.03.2022
Обуна шудан
Мақомот ҷавондухтареро боздошт кардаанд, ки ҷавондухтаронро ба ивази то 500 доллар ба танфурӯшӣ ҷалб мекардааст
ДУШАНБЕ, 17 мар — Sputnik. Вазорати умури дохилии Тоҷикистон ҷавондухтари 23-cолаи сокини пойтахт И.М-ро бо гумони даллагӣ ва ҷалби духтарони ҷавон ба танфурӯшӣ дастгир кардааст.
Тибқи иттилои ин ниҳод, василаи ҷалби мизоҷон ва духтаронро боздоштшуда аз тариқи замимаи "WhatsApp" анҷом медодааст.

"Боздоштшуда аз тариқи "WhatsApp" сомона боз намуда, ба мизоҷонаш акси ҷавондухтаронеро, ки ба танфурӯшӣ ҷалб намудааст, равон карда, пас аз пардохти маблағ бо корти бонкӣ онҳоро барои ҳамхобагӣ дар иртибот қарор медодааст", - афзуд ВКД.

Худи боздоштшуда зимни бозпурсии пулис мегӯяд, духтаронро аз 100 то 500 доллар ба мизоҷонаш пешниҳод мекард.
Ба иттилои мақомот ва тибқи нишондоди боздоштшуда, ӯ тули ду соли ахир ба ин кор машғул будааст.
ВУД мегӯяд, алайҳи ӯ бо моддаи 239-и Кодекси ҷиноӣ парванда боз гардидида, гумонбар ҳоло дар ҳабси пешакӣ қарор дорад.
Ин банди Кодекси ҷиноӣ барои ташкили фоҳишахона, ҳамчунин даллагӣ бо ғарази шахсӣ ё занҷаллобӣ ҷарима ба андозаи аз як ҳазор то ду ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати то панҷ солро пешбинӣ кардааст.
Марвиди зикр аст, ки дар гузашта низ мақомот борҳо аз боздошти афроде хабар дода буданд, ки дар ташкили фоҳишахона муттаҳам мешуданд.
Лентаи хабарҳо
0