https://sputnik.tj/20220317/barrasi-sharoiti-kor-muhojironi-tojik-rezerv-rusiya-1046881443.html
Баррасии шароити кории муҳоҷирони тоҷик дар ширкати “Резерв”-и Русия
Баррасии шароити кории муҳоҷирони тоҷик дар ширкати “Резерв”-и Русия
Sputnik Тоҷикистон
Муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон зимни сафари кориаш ба Санкт-Петербурги Русия бо шароити кории муҳоҷирони меҳнатии кишвар дар корхонаи “Резерв” ошно шуд
2022-03-17T21:10+0500
2022-03-17T21:10+0500
2022-03-17T21:10+0500
дар тоҷикистон
муҳоҷират
намояндагии вазорати меҳнат дар русия
коргоҳ
шароит
кор
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0c/13/1032485540_0:273:3000:1961_1920x0_80_0_0_95edb9b148931ce429930806c11f2c8d.jpg
ДУШАНБЕ, 17 мар — Sputnik. Ба иттилои намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия Нодирӣ Шаҳноза Анвар, муовини вазири меҳнат баъд аз мулоқот бо муовини сардори Сарраёсати кор бо муҳоҷирати Вазорати корҳои дохилии Русия аз корхонаи “Резерв”-и шаҳри Санкт-Петербург дидан кард.Муовини вазир бо яке аз субъектҳои калони хоҷагидории вилояти Ленинград, роҳбари ҶДММ “Резерв” Андрей Умнов дидору гуфтугӯ кард.Тибқи иттилои манбаъ, дар ҶДММ “Резерв”-и Санкт-Петербург зиёда аз 350 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон фаъолият мекунанд ва онҳо ба шароиту имкониятҳои мусоид барои зиндагӣ ва фаъолияти корӣ таъмин карда шудаанд.Ҳамзамон намояндагии Вазорати меҳнат иттилоъ додааст, ки дар доираи мулоқот ҷонибҳо маҷмуи масъалаҳои дуҷониба дар самти муташаккилона сафарбарнамоии шаҳрвандони Тоҷикистонро бо ширкати мазкур баррасӣ карданд.Ҳамчуни дар дидор бо роҳбарияти ин корхона таъмини ҳуқуқу масоили кафолатҳои меҳнатии муҳоҷирони меҳнатӣ, фароҳамоварии шароити корӣ, риоя гардидани қонунгузории меҳнатӣ ва дигар масъалаҳои муҳоҷиратӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
https://sputnik.tj/20220128/medvedev-taghyirot-muhojirat-1045292360.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0c/13/1032485540_166:0:2833:2000_1920x0_80_0_0_38bfbaa86ed05355fb6954be1db2e454.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, русия, ҳамкорӣ, муҳоҷират, корхона, ширкат
тоҷикистон, русия, ҳамкорӣ, муҳоҷират, корхона, ширкат
Баррасии шароити кории муҳоҷирони тоҷик дар ширкати “Резерв”-и Русия
Муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон зимни сафари кориаш ба Санкт-Петербурги Русия бо шароити кории муҳоҷирони меҳнатии кишвар дар корхонаи “Резерв” ошно шуд
ДУШАНБЕ, 17 мар — Sputnik. Ба иттилои намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия Нодирӣ Шаҳноза Анвар, муовини вазири меҳнат баъд аз мулоқот бо муовини сардори Сарраёсати кор бо муҳоҷирати Вазорати корҳои дохилии Русия аз корхонаи “Резерв”-и шаҳри Санкт-Петербург дидан кард.
Муовини вазир бо яке аз субъектҳои калони хоҷагидории вилояти Ленинград, роҳбари ҶДММ “Резерв” Андрей Умнов дидору гуфтугӯ кард.
Тибқи иттилои манбаъ, дар ҶДММ “Резерв”-и Санкт-Петербург зиёда аз 350 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон фаъолият мекунанд ва онҳо ба шароиту имкониятҳои мусоид барои зиндагӣ ва фаъолияти корӣ таъмин карда шудаанд.
Ҳамзамон намояндагии Вазорати меҳнат иттилоъ додааст, ки дар доираи мулоқот ҷонибҳо маҷмуи масъалаҳои дуҷониба дар самти муташаккилона сафарбарнамоии шаҳрвандони Тоҷикистонро бо ширкати мазкур баррасӣ карданд.
Ҳамчуни дар дидор бо роҳбарияти ин корхона таъмини ҳуқуқу масоили кафолатҳои меҳнатии муҳоҷирони меҳнатӣ, фароҳамоварии шароити корӣ, риоя гардидани қонунгузории меҳнатӣ ва дигар масъалаҳои муҳоҷиратӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.