https://sputnik.tj/20220316/uzbekiston-mahdudiyat-kovidi-tojikiston-bekor-1046833945.html
Ӯзбекистон маҳдудиятҳои ковидии рафтуомад ба Тоҷикистонро бекор кард
Ӯзбекистон маҳдудиятҳои ковидии рафтуомад ба Тоҷикистонро бекор кард
Sputnik Тоҷикистон
Ӯзбекистон маҳдудиятҳои омадурафт ба Тоҷикистону Қазоқистонро, ки ба далели коронавирус ҷуорӣ шуда буданд, лағв намуд
2022-03-16T10:35+0500
2022-03-16T10:35+0500
2022-03-16T12:39+0500
ӯзбекистон
осиёи марказӣ
коронавирус
маҳдудият
марз
бекор кардан
дар тоҷикистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102501/45/1025014528_0:156:3001:1844_1920x0_80_0_0_dd735954fc7569e26a522a93ab4a5930.jpg
ДУШАНБЕ, 16 мар — Sputnik. Маҳдудияти убури марзи Ӯзбекистон бо Тоҷикистон ва Қазоқистон, ки аз моҳи январ амал мекунанд, аз 16 март бекор карда мешавад. Дар ин бора Вазорати нақлиёти Ӯзбекистон хабар дод. Таъкид шудааст, ки барои барқарорсозии кори тамоми гузаргоҳҳои марзӣ чораандешӣ шуда истодааст. Маҳдудиятҳои муваққатӣ моҳи январи соли равон ба далели хуруҷи омикрон роҳандозӣ шуда буданд. Ситоди ҷумҳуриявии мубориза бо коронавирус дар Тоҷикистон низ қаблан эълон кард, ки фаъолияти гузаргоҳҳои марзӣ бо Ӯзбекистон аз 15 март ба реҷаи муқаррарӣ бармегардад. Аз ҷумла таъкид шуда буд, ки шаҳрвандон метавонанд танҳо бо пешниҳоди гувоҳнома дар бораи ваксинатсияи пурра бар зидди бемории COVID-19 бидуни гузаштан аз озмоиши вирусологӣ омадурафт кунанд. Таъкид шудааст, ки гувоҳнома дар бораи ваксинатсия бар зидди COVID-19, ки аз ҷониби мақомот ва муассисаҳои тандурустии ҷониби Ӯзбекистон ва дигар кишварҳои ИДМ ба шаҳрвандон баъди гузаштан аз ваксинатсия пешниҳод карда мешавад, расман эътироф мегардад.Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, вазъи эпидемиологӣ дар ҷумҳурӣ ба эътидол омадааст.
https://sputnik.tj/20220313/korshinos-rushd-sayyoh-idm-peshgui-1046757756.html
ӯзбекистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102501/45/1025014528_166:0:2833:2000_1920x0_80_0_0_7a35d2a7f0af0dab985b0c15865bcc93.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
лағв, маҳдудият, омадурафт, тоҷикистон, ӯзбекистон
лағв, маҳдудият, омадурафт, тоҷикистон, ӯзбекистон
Ӯзбекистон маҳдудиятҳои ковидии рафтуомад ба Тоҷикистонро бекор кард
10:35 16.03.2022 (Навсозишуда: 12:39 16.03.2022) Ӯзбекистон маҳдудиятҳои омадурафт ба Тоҷикистону Қазоқистонро, ки ба далели коронавирус ҷорӣ шуда буданд, лағв намуд
ДУШАНБЕ, 16 мар — Sputnik. Маҳдудияти убури марзи Ӯзбекистон бо Тоҷикистон ва Қазоқистон, ки аз моҳи январ амал мекунанд, аз 16 март бекор карда мешавад.
Дар ин бора Вазорати нақлиёти Ӯзбекистон хабар дод.
"Аз 16 март маҳдудиятҳои муваққатӣ барои ҳаракати тамоми шаҳрвандон аз тариқи гузаргоҳи марзии заминии Ӯзбекистон бо Тоҷикистон ва Қазоқистон бардошта мешаванд", - омадааст дар иттилоия.
Таъкид шудааст, ки барои барқарорсозии кори тамоми гузаргоҳҳои марзӣ чораандешӣ шуда истодааст. Маҳдудиятҳои муваққатӣ моҳи январи соли равон ба далели хуруҷи омикрон роҳандозӣ шуда буданд.
Ситоди ҷумҳуриявии мубориза бо коронавирус дар Тоҷикистон низ қаблан эълон кард, ки фаъолияти гузаргоҳҳои марзӣ бо Ӯзбекистон аз 15 март ба реҷаи муқаррарӣ бармегардад. Аз ҷумла таъкид шуда буд, ки шаҳрвандон метавонанд танҳо бо пешниҳоди гувоҳнома дар бораи ваксинатсияи пурра бар зидди бемории COVID-19 бидуни гузаштан аз озмоиши вирусологӣ омадурафт кунанд.
Таъкид шудааст, ки гувоҳнома дар бораи ваксинатсия бар зидди COVID-19, ки аз ҷониби мақомот ва муассисаҳои тандурустии ҷониби Ӯзбекистон ва дигар кишварҳои ИДМ ба шаҳрвандон баъди гузаштан аз ваксинатсия пешниҳод карда мешавад, расман эътироф мегардад.
Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, вазъи эпидемиологӣ дар ҷумҳурӣ ба эътидол омадааст.