https://sputnik.tj/20220316/utair-aloqa-havoi-tojikiston-1046850078.html
"Utair" дар бораи алоқаи ҳавоӣ бо Тоҷикистон гуфт
"Utair" дар бораи алоқаи ҳавоӣ бо Тоҷикистон гуфт
Sputnik Тоҷикистон
Ин ширкати ҳавопаймоӣ парвозҳоро ба як қатор кишварҳо, аз ҷумла Тоҷикистон бо ҳавопаймоҳои мутааллиқ ба ин ширкат идома медиҳад
2022-03-16T18:45+0500
2022-03-16T18:45+0500
2022-03-16T19:02+0500
парвозҳои миёни русия ва тоҷикистон: хабарҳои охирин
дар тоҷикистон
дар русия
нақлиёт
"ютэйр"
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/04/07/1034905539_0:97:3073:1825_1920x0_80_0_0_20ddd47fa2420eb31747c371ca5fced1.jpg
ДУШАНБЕ, 16 мар — Sputnik. Ширкати ҳавопаймоии русии "Ютейр" (Utair) парвозҳои байналмилалиро ба Тоҷикистон, Озарбойҷон, Арманистон, Туркия ва Ӯзбекистон тавассути ҳавопаймоҳое анҷом медиҳад, ки ба ширкати мазкур мутааллиқ буда, дар Русия сабти ном шудаанд.Дар ин бора котиботи ширкати мазкур хабар дод.Ҳамчунин қайд карда мешавад, ки хатсайрҳо ба кишварҳои хориҷӣ тавассути ҳавопаймоҳои мутааллиқ ба "Utair" сурат мегиранд ва дар феҳристи ҳавопаймоҳои шаҳрвандии Русия сабти ном шудаанд. Хидматрасонии ҳавопаймоҳо аз ҷониби ширкати ҳавопаймоӣ дар марказҳои сертификатсияшудаи TS "Technic" дар Уфа, Тюмен ва Сургут анҷом дода мешавад. Марказҳо дорои захираи кофии ҷузъҳои авиатсионӣ ва тамоми таҷҳизоти зарурӣ барои нигоҳ доштани қобилияти парвози ҳавопаймо мебошанд, афзуд хадамоти матбуотӣ. Ёдовар мешавем, ки ширкатҳои ҳавопаймоии Русия ба хотири нигоҳ доштани ҳавопаймоҳо аз 8 март аксари парвозҳои байналмилалиро мутаваққиф кардаанд: хатари боздошти онҳо дар хориҷ аз кишвар ба далели таҳримҳои марбут ба амалиёти низомии Русия дар Украина вуҷуд дорад.
https://sputnik.tj/20220315/uralski-avialinii-jadval-parvoz-tojikiston-taghyir-1046814246.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/04/07/1034905539_0:0:2731:2048_1920x0_80_0_0_fe532c19165ea276dc526f2d1b6a650b.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон utair
"Utair" дар бораи алоқаи ҳавоӣ бо Тоҷикистон гуфт
18:45 16.03.2022 (Навсозишуда: 19:02 16.03.2022) Ин ширкати ҳавопаймоӣ парвозҳоро ба як қатор кишварҳо, аз ҷумла Тоҷикистон бо ҳавопаймоҳои мутааллиқ ба ин ширкат идома медиҳад
ДУШАНБЕ, 16 мар — Sputnik. Ширкати ҳавопаймоии русии "Ютейр" (Utair) парвозҳои байналмилалиро ба Тоҷикистон, Озарбойҷон, Арманистон, Туркия ва Ӯзбекистон тавассути ҳавопаймоҳое анҷом медиҳад, ки ба ширкати мазкур мутааллиқ буда, дар Русия сабти ном шудаанд.
Дар ин бора котиботи ширкати мазкур хабар дод.
"Ширкати ҳавопаймоӣ парвозҳоро дар шабакаи хатсайр ҳам дар дохили Русия ва ҳам дар хориҷи кишвар идома медиҳад", - омадааст дар изҳорот.
Ҳамчунин қайд карда мешавад, ки хатсайрҳо ба кишварҳои хориҷӣ тавассути ҳавопаймоҳои мутааллиқ ба "Utair" сурат мегиранд ва дар феҳристи ҳавопаймоҳои шаҳрвандии Русия сабти ном шудаанд.
Хидматрасонии ҳавопаймоҳо аз ҷониби ширкати ҳавопаймоӣ дар марказҳои сертификатсияшудаи TS "Technic" дар Уфа, Тюмен ва Сургут анҷом дода мешавад.
Марказҳо дорои захираи кофии ҷузъҳои авиатсионӣ ва тамоми таҷҳизоти зарурӣ барои нигоҳ доштани қобилияти парвози ҳавопаймо мебошанд, афзуд хадамоти матбуотӣ.
Ёдовар мешавем, ки ширкатҳои ҳавопаймоии Русия ба хотири нигоҳ доштани ҳавопаймоҳо аз 8 март аксари парвозҳои байналмилалиро мутаваққиф кардаанд: хатари боздошти онҳо дар хориҷ аз кишвар ба далели таҳримҳои марбут ба амалиёти низомии Русия дар Украина вуҷуд дорад.