https://sputnik.tj/20220316/safarov-berdimuhammadov-munosibot-hamsoya-1046836706.html
Сафаров мегӯяд, Бердимуҳаммадови хурдӣ муносибот бо ҳамсояҳоро беҳбуд мебахшад
Сафаров мегӯяд, Бердимуҳаммадови хурдӣ муносибот бо ҳамсояҳоро беҳбуд мебахшад
Sputnik Тоҷикистон
Президенти тозаинтихоби Туркманистон тамоми имконотро барои барои ба сатҳи нав баровардани кишварашро дорад, изҳор дошт сиёсатшиноси тоҷик
2022-03-16T12:15+0500
2022-03-16T12:15+0500
2022-03-16T12:52+0500
туркманистон
осиёи марказӣ
муносибат
ҳамсоя
сардор бердимуҳаммадов
сиёсат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101702/13/1017021383_0:0:1601:901_1920x0_80_0_0_52d07d1bc12b961de32adf6808a0dc7d.jpg
ДУШАНБЕ, 16 мар — Sputnik. Муносиботи Туркманистон бо кишварҳои ҳамсоя дар Осиёи Марказӣ беҳтар хоҳад шуд. Ин нуктаро Сайфулло Сафаров, раиси Ассотсиатсияи сиёсатшиносони Тоҷикистон дар суҳбат бо РИА "Новости" изҳор доштааст. Ба гуфтаи ӯ, беҳбудиҳо дар пайи сари қудрат омадани президенти тозаинтихоб Сардор Бердимуҳаммадов сурат хоҳанд гирифт. Бердимуҳаммадови хурдӣ, писари Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, президенти феълӣ мебошад, ки дар интихоботи 12 март бо гирифтани 72,97%-и ороъ баранда эълон шуд. Сафаров муътақид аст, ки бо сари қудрат омадани Бердимуҳаммадови хурдӣ муносибот бо ҳамсояҳо шаффофу беҳтар хоҳанд шуд. Дар ҳамин ҳол Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон ахиран бо Сардор Бердимуҳаммадов суҳбати телефонӣ анҷом дода, барои интихоб гардиданаш ба маснади олии давлатии Туркманистон ӯро шодбош гуфт. Ҷонибҳо омодагии хешро ҷиҳати идомаи пайвастаи муколамаи байнидавлатӣ аз рӯи ҳамаи ҷанбаҳои рӯзномаи муносибатҳои дуҷонибаву бисёрҷонибаи Тоҷикистону Туркманистон иброз намуданд.Эмомалӣ Раҳмон раисҷумҳури тозаинтихоб, Сардор Бердимуҳаммадовро барои анҷом додани сафари расмӣ ба Тоҷикистон дар фурсати барояшон муносиб даъват кардааст.
https://sputnik.tj/20220315/javon-muhandis-diplomat-prezident-turkmaniston-1046746253.html
туркманистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101702/13/1017021383_50:0:1413:1022_1920x0_80_0_0_78b7ee9e5a5beffa42dadc293d15a4b0.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
сиёсатшинос, интизорӣ, бердимуҳаммадов, хурдӣ, тағйирот
сиёсатшинос, интизорӣ, бердимуҳаммадов, хурдӣ, тағйирот
Сафаров мегӯяд, Бердимуҳаммадови хурдӣ муносибот бо ҳамсояҳоро беҳбуд мебахшад
12:15 16.03.2022 (Навсозишуда: 12:52 16.03.2022) Президенти тозаинтихоби Туркманистон тамоми имконотро барои ба сатҳи нав баровардани кишварашро дорад, изҳор дошт сиёсатшиноси тоҷик
ДУШАНБЕ, 16 мар — Sputnik. Муносиботи Туркманистон бо кишварҳои ҳамсоя дар Осиёи Марказӣ беҳтар хоҳад шуд.
Ин нуктаро Сайфулло Сафаров, раиси Ассотсиатсияи сиёсатшиносони Тоҷикистон дар суҳбат бо РИА "Новости" изҳор доштааст.
Ба гуфтаи ӯ, беҳбудиҳо дар пайи сари қудрат омадани президенти тозаинтихоб Сардор Бердимуҳаммадов сурат хоҳанд гирифт. Бердимуҳаммадови хурдӣ, писари Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, президенти феълӣ мебошад, ки дар интихоботи 12 март бо гирифтани 72,97%-и ороъ баранда эълон шуд.
Сафаров муътақид аст, ки бо сари қудрат омадани Бердимуҳаммадови хурдӣ муносибот бо ҳамсояҳо шаффофу беҳтар хоҳанд шуд.
"Пешрафтҳое дар худи Туркманистон низ хоҳанд буд, аммо дар маҷмуъ падараш, ки чеҳраи дуюми кишвар мешавад, дар доираи анъанаҳои мардуми туркман фаъолияташро маҳдуд хоҳад кард", - таъкид намуд сиёсатшинос.
Дар ҳамин ҳол Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон ахиран бо Сардор Бердимуҳаммадов суҳбати телефонӣ анҷом дода, барои интихоб гардиданаш ба маснади олии давлатии Туркманистон ӯро шодбош гуфт.
Ҷонибҳо омодагии хешро ҷиҳати идомаи пайвастаи муколамаи байнидавлатӣ аз рӯи ҳамаи ҷанбаҳои рӯзномаи муносибатҳои дуҷонибаву бисёрҷонибаи Тоҷикистону Туркманистон иброз намуданд.
Эмомалӣ Раҳмон раисҷумҳури тозаинтихоб, Сардор Бердимуҳаммадовро барои анҷом додани сафари расмӣ ба Тоҷикистон дар фурсати барояшон муносиб даъват кардааст.