https://sputnik.tj/20220316/putin-amaliyoti-vizha-ukraina-idoma-1046852376.html
Путин: Амалиёти вижа дар Украина то охир идома меёбад
Путин: Амалиёти вижа дар Украина то охир идома меёбад
Sputnik Тоҷикистон
Раисҷумҳури Русия эълон кард, ки амалиёти вижаи низомӣ дар Украина то охир идома меёбад
2022-03-16T19:45+0500
2022-03-16T19:45+0500
2023-10-02T17:10+0500
амалиёти вижаи русия барои ҳимояи донбасс: охирин хабарҳо
дар русия
амалиёт
вижа
владимир путин
раисҷумҳур
украина
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/02/15/1046126069_0:92:2508:1503_1920x0_80_0_0_5669a53c46db9ec0ecf16939da4708c1.jpg
ДУШАНБЕ, 16 мар — Sputnik. Владимир Путин, роҳбари Русия дар ҷаласаи марбут ба чораҳои дастгирии минтақаҳо афзуд, ки амалиёти вижаи низомӣ барои ғайринизомисозӣ ва нозизудоӣ дар Украина то охир идома меёбад.Ба гуфтаи вай, Ғарб Русияро барои роҳи мустақилаш намебахшад ва талош мекунад, фишорҳояшро идома диҳаду тамомияти арзии ин кишварро нақз кунад.Ҳамчунин оқои Путин гуфт, ки Амрико ва муттаҳидонаш ба ҳадафи худ нахоҳанд расид.Ҳамзамон вай таъкид кард, ки шакли феълии амалиёт ягона роҳи ҳалли қазия хуоҳад буд.Раисҷумҳури Русия ҳамчунин қайд кард, ки Ғарб бо интиқоли аслиҳа ва зархаридон мақомоти Киевро ба хунрезӣ тела медиҳад. Путин афзуд, Кремл ба нерӯҳои мусаллаҳи Украина пешниҳод кардааст, ки воҳидҳои худро аз Донбасс хориҷ кунанд.Путин ҳамчунин ба шеваҳои истифода аз нерӯҳои мусаллаҳи Украина ишора кард.“Рӯзи 14 март, тавре медонед, дар маркази Донетск як зарбаи мушакӣ сурат гирифт. Ин як ҳамлаи террористӣ, ошкоро хунин буд, ки ҷони беш аз 20 нафарро гирифт. Ва ин гуна мушакандозӣ чанд рӯзи ахир идома дорад. Онҳо бо хашму ғазаб ба майдонҳо шиллик мекунанд. Ин мисли амали нозиҳоест, ки дар рӯзҳои охири ҷанг кӯшиш мекарданд, Рейхи Сеюмро дар ивази қурбонӣ кардани мардуми бегуноҳ ҳифз кунанд", - гуфт раисҷумҳур.Маврид ба зикр аст, ки Русия рӯзи 24 феврал амалиёти низомӣ дар Украинаро оғоз кард. Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки дар тӯли ҳашт сол таҳти таъқиб ва наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд."Ба ин манзур, ба гуфтаи ӯ, “ғайринизомисозӣ ва нозизудоии Украина”, таҳвили муҷримони ҷангии масъул дар “ҷиноёти хуношом алайҳи сокинони мулкӣ”-и Донбасс ба додгоҳ барномарезӣ шуд.Бинобар баёнияи Вазорати дифои Русия, нерӯҳои ҳарбии ин кишвар танҳо зерсохтҳои низомию низомиёни Украинаро ҳадаф қарор медиҳанд ва ин амалиёт шаҳрвандони мулкиро таҳдид намекунад.Бо ҳимояти нерӯҳои ҳавоии ФР ҳуҷуми гурӯҳҳои ҶХД ва ҶХЛ доман мегустарад. Ин ҷо ҳарф дар бораи забти Украина нест, гуфт раисҷумҳури Русия. Дар баробари амалиёт инчунин музокироти Русия ва Украина низ ҷараён дорад.
https://sputnik.tj/20220316/razmoishi-cold-response-2022--gome-nato-robita-tashannuj-vaz-1046847583.html
украина
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/02/15/1046126069_192:0:2316:1593_1920x0_80_0_0_bd329e05adb5fd7cc3f90c0959e41276.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
русия, украина, амалиёти вижа, то охир
русия, украина, амалиёти вижа, то охир
Путин: Амалиёти вижа дар Украина то охир идома меёбад
19:45 16.03.2022 (Навсозишуда: 17:10 02.10.2023) Раисҷумҳури Русия эълон кард, ки амалиёти вижаи низомӣ дар Украина то охир идома меёбад
ДУШАНБЕ, 16 мар — Sputnik. Владимир Путин, роҳбари Русия дар ҷаласаи марбут ба чораҳои дастгирии минтақаҳо афзуд, ки амалиёти вижаи низомӣ барои ғайринизомисозӣ ва нозизудоӣ дар Украина то охир идома меёбад.
Ба гуфтаи вай, Ғарб Русияро барои роҳи мустақилаш намебахшад ва талош мекунад, фишорҳояшро идома диҳаду тамомияти арзии ин кишварро нақз кунад.
Ҳамчунин оқои Путин гуфт, ки Амрико ва муттаҳидонаш ба ҳадафи худ нахоҳанд расид.
Ҳамзамон вай таъкид кард, ки шакли феълии амалиёт ягона роҳи ҳалли қазия хуоҳад буд.
“Агар нерӯҳои Русия танҳо дар Донбасс амал мекарданд, ин таҳдидро аз байн намебурд, хатти нави ҷабҳа аз он ҷо мегузашт” - гуфт сарвари давлат.
Раисҷумҳури Русия ҳамчунин қайд кард, ки Ғарб бо интиқоли аслиҳа ва зархаридон мақомоти Киевро ба хунрезӣ тела медиҳад. Путин афзуд, Кремл ба нерӯҳои мусаллаҳи Украина пешниҳод кардааст, ки воҳидҳои худро аз Донбасс хориҷ кунанд.
"Мехоҳам, бори аввал бигӯям: дар ибтидои амалиёти вижа ба хотири пешгирӣ аз хунрезӣ аз мақомоти Киев дархост шуда буд, ки муқовимат накунанд, балки фақат нерӯҳои худро аз Донбасс берун кашанд. Нахостанд. Хуб, ин интихоби онҳост", - гуфт ӯ.
Путин ҳамчунин ба шеваҳои истифода аз нерӯҳои мусаллаҳи Украина ишора кард.
“Рӯзи 14 март, тавре медонед, дар маркази Донетск як зарбаи мушакӣ сурат гирифт. Ин як ҳамлаи террористӣ, ошкоро хунин буд, ки ҷони беш аз 20 нафарро гирифт. Ва ин гуна мушакандозӣ чанд рӯзи ахир идома дорад. Онҳо бо хашму ғазаб ба майдонҳо шиллик мекунанд. Ин мисли амали нозиҳоест, ки дар рӯзҳои охири ҷанг кӯшиш мекарданд, Рейхи Сеюмро дар ивази қурбонӣ кардани мардуми бегуноҳ ҳифз кунанд", - гуфт раисҷумҳур.
Маврид ба зикр аст, ки Русия рӯзи 24 феврал амалиёти низомӣ дар Украинаро оғоз кард. Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки дар тӯли ҳашт сол таҳти таъқиб ва наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд."
Ба ин манзур, ба гуфтаи ӯ, “ғайринизомисозӣ ва нозизудоии Украина”, таҳвили муҷримони ҷангии масъул дар “ҷиноёти хуношом алайҳи сокинони мулкӣ”-и Донбасс ба додгоҳ барномарезӣ шуд.
Бинобар баёнияи Вазорати дифои Русия, нерӯҳои ҳарбии ин кишвар танҳо зерсохтҳои низомию низомиёни Украинаро ҳадаф қарор медиҳанд ва ин амалиёт шаҳрвандони мулкиро таҳдид намекунад.
Бо ҳимояти нерӯҳои ҳавоии ФР ҳуҷуми гурӯҳҳои ҶХД ва ҶХЛ доман мегустарад. Ин ҷо ҳарф дар бораи забти Украина нест, гуфт раисҷумҳури Русия. Дар баробари амалиёт инчунин музокироти Русия ва Украина низ ҷараён дорад.