Паёми табрики Раҳмон ба раисҷумҳурҳои Маҷористон ва Куриёи Ҷанубӣ

© Пресс-служба МИД РФ / Гузариш ба медиабонкЗаседание Совета коллективной безопасности ОДКБ
Заседание Совета коллективной безопасности ОДКБ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.03.2022
Обуна шудан
Раисҷумҳури Тоҷикистон кишвардорони тозаинтихоби Маҷористон ва Куриёи Ҷанубиро табрик кардааст
ДУШАНБЕ, 16 мар — Sputnik. Дар паёмҳои табрики ҷудогонаи Эмомалӣ Раҳмон ба кишвардорони Маҷористон ва Куриёи Ҷанубӣ гуфта мешавад, “Тоҷикистон ба таҳкиму тавсеаи минбаъдаи муносибатҳои дӯстона ва ҳамкории муфид бо Маҷористон манфиатдор" буда, “Ҷумҳурии Кореяро аз ҷумлаи шарикони муҳими худ дар арсаи байналмилалӣ” медонад.
Ба гузориши дафтари матбуоти президенти кишвар, раисҷумҳури Тоҷикистон дар паёмаш ба Каталин Ева Верешне-Новак, раисҷумҳури тозаинтихоби Маҷористон гуфтааст: “Мо хоҳони вусъати бештари ин ҳамкорӣ..., кушодани саҳифаҳои нав дар ростои тавсеаи равобити густурдаи байни ду давлати дӯст ҳастем ва аз тамоми имкониятҳои мавҷуда дар ин самт истифодаи муассир ба амал хоҳем овард”.
Зимнан дар паёми дигари кишвардори Тоҷикистон ба Юн Сок Ёл, ҳамтои куриёии ӯ Сеул ба унвони шарики муҳими Душанбе дар арсаи байналмилалӣ ёд мешавад.
Гузашта аз ин президенти Тоҷикистон унвонии Юн Сок Ёл гуфтааст, “кишвари Шумо дар қатори аввалинҳо соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба расмият шинохт ва соли равон мо 30-солагии истиқрори муносибатҳои дипломатиамонро, ки ба 27 апрел рост меояд, ҷашн мегирем”.
Эмомалӣ Раҳмон ҳамзамон изҳори бовар кардааст, ки “бо саъю талошҳои муштараки ҷонибҳо робитаҳои ҳасанаи ду кишвари ба ҳам дӯст минбаъд низ дар маҷрои рушду тавсеа идомаи нек пайдо карда, натиҷаҳои самарабахш ба бор хоҳанд овард”.
Лентаи хабарҳо
0