Снаряженные магазины от автомата Калашникова  - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Бетарафӣ ва бехатарӣ: Лавров мавзуъҳои баррасишаванда бо Украинаро гуфт

© Sputnik / Алексей Никольский / Гузариш ба медиабонкПрезидент РФ В. Путин встретился с главой МИД РФ С. Лавровым
Президент РФ В. Путин встретился с главой МИД РФ С. Лавровым - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.03.2022
Обуна шудан
Вазири умури хориҷии Русия мегӯяд, аз мавзуъҳои калидии музокирот бо Украина ин мақоми бетарафии ин кишвар мебошад
ДУШАНБЕ, 16 мар — Sputnik. Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия мегӯяд, талаботи Маскав барои кафолати амният дар ҳоли баррасӣ бо Украина мебошад.

"Айни ҳол мақоми бетарафии Украина дар ҳамбастагӣ бо талаботи Русия барои кафолати амният ба таври ҷиддӣ барасӣ шуда истодааст", - гуфт Лавов дар суҳбат бо шабакаи РБК.

Ӯ афзуд, дар гуфтушунидҳо нукоти мушаххасе мавҷуданд, ки наздик ба мувофиқасозӣ мебошанд.
"Умедворам, он бархӯрди корие, ки айни ҳол бо мушкилӣ зоҳир шуда истодааст, бартар мешаваду мо созиш мекунем. Рӯшан аст, ки танҳо изҳорот дар мавриди мақоми нейтралию кафолати амниятӣ, албатта, қадами ҷиддӣ ба пеш хоҳад буд, аммо мушкил доманадортар аст, аз нуқтаи назари арзишҳои маълум", - изҳор дошт вазир.
Вай таъкид намудааст, ки дар Украина набояд он навъи силоҳҳое бошанд, ки Русияро таҳдид кунанд. Маскав омодааст, он навъи силоҳҳоеро мувофиқа кунад, ки барои Русия хатар надоранд.
Спикер Государственной думы РФ Сергей Нарышкин. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.03.2022
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Наришкин: Русия ақибнишинӣ намекунад, тақдираш ҳал шуда истодааст
Гуфтушунидҳо миёни Маскав ва Киев ҳамзамон бо амалиёти низомии Русия дар Украина сурат мегиранд, ки 24 феврал оғоз шуда, феълан идома дорад.
То ҳол 4 даври музокирот баргузор шуда, ҷонибҳо мегӯянд, гуфтушунидҳо идома хоҳанд ёфт.
Қаблан Владимир Зеленский, раисҷумҳури Украина низ дар суҳбат бо расонаҳо масоили марбут ба Қрим ва Донбассро қобили баррасӣ хонда, муҳим донистааст, ки роҳи муросо пайдо шавад.
Дмитрий Песков, сухангӯи раисиҷумҳури Русия изҳор карда буд, ки амалиёти низомӣ дар Украина метавонад "дар як лаҳза" қатъ шавад, дар сурате агар Киев шартҳои Маскавро иҷро намояд. Ӯ дар феҳрасти шартҳо эътирофи Қрим чун қаламрави Русия, розигии Киев бо мустақилияти ҷумҳуриҳои Донетску Луганск ва сабти мақоми ғайриблокии Украина дар қонунгузориро зикр кардааст.
Лентаи хабарҳо
0