https://sputnik.tj/20220316/aksar-nohiyaho-vmkb-inzivo-1046839992.html
Аксари ноҳияҳои ВМКБ дар инзивоъ мондаанд
Аксари ноҳияҳои ВМКБ дар инзивоъ мондаанд
Sputnik Тоҷикистон
Рафтуомади сокинон миёни ноҳияҳо ва ҳатто ба маркази вилояти шаҳри Хоруғ мушкил гардидааст
2022-03-16T14:25+0500
2022-03-16T14:25+0500
2022-03-16T17:53+0500
дар тоҷикистон
вмкб
нақлиёт
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102794/22/1027942272_0:321:3071:2048_1920x0_80_0_0_6be2abdeffe88806844ebbaf0a22b713.jpg
ДУШАНБЕ, 16 мар — Sputnik. Дар баъзе аз роҳҳои байниноҳиявии ҳудуди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаракати нақлиёт масдуд шудааст.Ҳамин тариқ роҳҳои Ванҷ – Рӯшон, Шуғнон – Хоруғ, Рӯшон – Бартанг, Хоруғ – Роштқалъа, Хоруғ – Мурғоб ва Мурғоб – Кулма баста мебошанд ва сокинони имкони рафтуомад дар байни ин навоҳиро надоранд.Ба маълумоти КҲФ, дар 24 соати ахир дар роҳҳои мошингарди вилояти мазкур тармафароии зиёд ба қайд гирифта шудааст. Аз ҷумла дар километри 65, 66 ва 71-уми роҳи Хоруғ - Ишкошим сангрезӣ сурат гирифт. Дар 473 ва 550-километерии роҳи Душанбе - Рӯшон - Хоруғ ва роҳи Кӯлоб - Дарвоз - Ванҷ сел омадааст.Манбаъ меафзояд, бар асари офатҳои табиӣ талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст ва феълан корҳои бартарафсозӣ идома доранд.Дар ҳамин ҳол, Оҷонсии ҳавошиносӣ ҳушдор медиҳад, ки давоми 4 рӯзи оянда дар навоҳии Тоҷикистон борону барф мебораду дар баъзе ҳолатҳо раъду барқ ва жола дар назар аст.Рӯзҳои 16-19 март дар водиҳо, доманакӯҳҳо борон ва навоҳии кӯҳӣ борону барф меборад. Махсусан дар робита ба борони шадид дар рӯзҳои 18-19 март ҳушдор дода шудааст.
https://sputnik.tj/20220316/chor-ruzi-barf-boron-hushdor-havoshinoson-1046835075.html
вмкб
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102794/22/1027942272_119:0:2850:2048_1920x0_80_0_0_e786844a12dae4cde479370dfc91497b.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
вмкб ноҳияҳо инзиво
Аксари ноҳияҳои ВМКБ дар инзивоъ мондаанд
14:25 16.03.2022 (Навсозишуда: 17:53 16.03.2022) Рафтуомади сокинон миёни ноҳияҳо ва ҳатто ба маркази вилоят, шаҳри Хоруғ мушкил шудааст
ДУШАНБЕ, 16 мар — Sputnik. Дар баъзе аз роҳҳои байниноҳиявии ҳудуди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаракати нақлиёт масдуд шудааст.
Ҳамин тариқ роҳҳои Ванҷ – Рӯшон, Шуғнон – Хоруғ, Рӯшон – Бартанг, Хоруғ – Роштқалъа, Хоруғ – Мурғоб ва Мурғоб – Кулма баста мебошанд ва сокинони имкони рафтуомад дар байни ин навоҳиро надоранд.
Ба маълумоти КҲФ, дар 24 соати ахир дар роҳҳои мошингарди вилояти мазкур тармафароии зиёд ба қайд гирифта шудааст. Аз ҷумла дар километри 65, 66 ва 71-уми роҳи Хоруғ - Ишкошим сангрезӣ сурат гирифт.
Дар 473 ва 550-километерии роҳи Душанбе - Рӯшон - Хоруғ ва роҳи Кӯлоб - Дарвоз - Ванҷ сел омадааст.
Манбаъ меафзояд, бар асари офатҳои табиӣ талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст ва феълан корҳои бартарафсозӣ идома доранд.
Дар ҳамин ҳол, Оҷонсии ҳавошиносӣ ҳушдор медиҳад, ки давоми 4 рӯзи оянда дар навоҳии Тоҷикистон борону барф мебораду дар баъзе ҳолатҳо раъду барқ ва жола дар назар аст.
Рӯзҳои 16-19 март дар водиҳо, доманакӯҳҳо борон ва навоҳии кӯҳӣ борону барф меборад. Махсусан дар робита ба борони шадид дар рӯзҳои 18-19 март ҳушдор дода шудааст.