Тоқаев дипломаташ дар Тоҷикистонро иваз кард: сафири пешинро ба Ишқобод фиристод - акс

© REUTERS \ SPUTNIKПрезидент Казахстана Токаев
Президент Казахстана Токаев - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.03.2022
Обуна шудан
Президенти Қазоқистон дар миёни дипломатҳои кишвараш тағйироти кадрӣ анҷом дод
ДУШАНБЕ, 15 мар — Sputnik. Қосим-Ҷомарт Тоқаев, президенти Қазоқистон бо имзои як фармон Валихон Тӯрахоновро сафири нави кишвараш дар Тоҷикистон таъйин кардааст.
Бо фармони дигар Аскар Тоҷибоев, ки аз соли 2019 то ҳол сафири Қазоқистон дар Душанбе буд, ба мақоми сафирӣ дар Туркманистон таъйин гардид. Таъйиноти мазкурро дафтари матбуотии президенти Қазоқистон таъйид кардаст.
Бар асоси гузоришҳо, Тӯрахонов Валихон Амирхонулӣ 53 сол дошта, зодаи шаҳри Шимкент мебошад.
© Пресс-служба интернет-портала СНГВалихан Амирханулы Туреханов
Валихан Амирханулы Туреханов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.03.2022
Валихан Амирханулы Туреханов
Сафири нав хатмкардаи Донишкадаи педагогии Шимкент ва Донишгоҳи иқтисодии Қарағанда буда, фаъолияташро ба ҳайси омӯзгори таърих оғоз кардааст.
Зикр шудааст, ки ӯ аз соли 1994 ба фаъолияти дипломатӣ дар раёсати консулӣ гузаштааст.
Сипас мавсуф дар мақомҳои сардори Раёсати кадрҳо, ноиби роҳбари Дастгоҳи ВКХ, мудири Департаменти маъмурӣ ва назорат ва Депортаменти кишварҳои ИДМ кор кардааст.
Монумент Астана-Байтерек в Нур-Султане. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.03.2022
Нурсултон боз Остона мешавад?
Дар баробари ин Тӯрахонов дар сафоратҳои Қазоқистон дар Русия ва Ӯзбекистон низ фаъолият кардааст.
Ӯ то мунтасаб шуданаш ба мақоми сафирӣ дар Тоҷикистон роҳбарии Департаменти кишварҳои Осиёи Марказиро ба уҳда доштааст.
Лентаи хабарҳо
0