https://sputnik.tj/20220315/sukhtori-bomi-yak-bino-dar-khujand-1046817955.html
Сӯхтори боми як бинои истиқоматӣ дар Хуҷанд
Сӯхтори боми як бинои истиқоматӣ дар Хуҷанд
Sputnik Тоҷикистон
Омилҳои сар задани сӯхтор муаян нест ва ҳоло комиссияи вижа барои дақиқ кардани он кор мекунад
2022-03-15T16:40+0500
2022-03-15T16:40+0500
2022-03-15T19:30+0500
сӯхтор
хуҷанд
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/02/10/1045944176_0:169:1921:1249_1920x0_80_0_0_aca6c212fb34c904ce0b87fa77ef8ce3.jpg
ДУШАНБЕ, 15 мар — Sputnik. Боми бинои истиқоматии рақами 10-и маҳаллаи 20-уми шаҳри Хуҷанд дучори оташсӯзӣ шудааст.Аз идораи сӯхторнишонии шаҳр ба Sputnik Тоҷикистон гуфтанд, дар натиҷаи сӯхтор 350 метри мураббаъ боми бино хокистар шудааст. Гуфта мешавад, сӯхторнишонҳо тавонистаанд, алангаро дар давоми на бештар аз як соат хомӯш кунанд."Ин бино навсохт буда, одамони дохили он баробари сӯхтор онро тарк кардаанд. Хушбахтона, ягон кас зарар надидааст",- гуфт манбаъ.Дар ҳоли ҳозир гурӯҳи вижае барои маълум кардани сабабҳои сӯхтор кор мебаранд.Ин ниҳод мегӯяд, сӯхтори навбатӣ 92-юмин ҳолати оташсӯзӣ дар соли ҷорӣ дар вилояти Суғд аст.Ёдовар мешавем, сӯхтори қабл аз ахирӣ дар меҳмонхонаи "Парламент"-и Хуҷанд сабт шуда буд.Тибқи иттилои мақомот, қаҳвахонаи ин меҳмонхона оташ гирифт, аммо зуд хомӯш карда шуд ва касе дар пайи он зарар надидааст.Қабл аз он қаҳвахонаи машҳури "Баҳор" низ дар маркази ин шаҳр оташ гирифта буд.
https://sputnik.tj/20220216/sukhtor-khujand-parlament--1045946452.html
хуҷанд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/02/10/1045944176_0:0:1665:1249_1920x0_80_0_0_3c40873a8899bbf570be8b3878817240.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
сӯхтор бом як бино хуҷанд
сӯхтор бом як бино хуҷанд
Сӯхтори боми як бинои истиқоматӣ дар Хуҷанд
16:40 15.03.2022 (Навсозишуда: 19:30 15.03.2022) Омилҳои сар задани сӯхтор муайян нест ва ҳоло комиссияи вижа барои дақиқ кардани он кор мекунад
ДУШАНБЕ, 15 мар — Sputnik. Боми бинои истиқоматии рақами 10-и маҳаллаи 20-уми шаҳри Хуҷанд дучори оташсӯзӣ шудааст.
Аз идораи сӯхторнишонии шаҳр ба Sputnik Тоҷикистон гуфтанд, дар натиҷаи сӯхтор 350 метри мураббаъ боми бино хокистар шудааст.
"Сӯхтор тақрибан соатҳои 13:50 рух додааст. Бо баробари ворид шудани занги хатар 10 мошин ба ҷойи ҳодиса сафарбар карда шуд",- афзуд манбаъ.
Гуфта мешавад, сӯхторнишонҳо тавонистаанд, алангаро дар давоми на бештар аз як соат хомӯш кунанд.
"Ин бино навсохт буда, одамони дохили он баробари сӯхтор онро тарк кардаанд. Хушбахтона, ягон кас зарар надидааст",- гуфт манбаъ.
Дар ҳоли ҳозир гурӯҳи вижае барои маълум кардани сабабҳои сӯхтор кор мебаранд.
Ин ниҳод мегӯяд, сӯхтори навбатӣ 92-юмин ҳолати оташсӯзӣ дар соли ҷорӣ дар вилояти Суғд аст.
Ёдовар мешавем, сӯхтори қабл аз ахирӣ дар меҳмонхонаи "Парламент"-и Хуҷанд сабт шуда буд.
Тибқи иттилои мақомот, қаҳвахонаи ин меҳмонхона оташ гирифт, аммо зуд хомӯш карда шуд ва касе дар пайи он зарар надидааст.
Қабл аз он қаҳвахонаи машҳури "Баҳор" низ дар маркази ин шаҳр оташ гирифта буд.