https://sputnik.tj/20220315/rahimzoda-khatlon-afghoniston-hushdor-1046805675.html
Раҳимзода ба милисаҳои Хатлон аз вазъ дар Афғонистон ҳушдор дод
Раҳимзода ба милисаҳои Хатлон аз вазъ дар Афғонистон ҳушдор дод
Sputnik Тоҷикистон
Вазири умури дохилии Тоҷикистон маъмурини милисаи вилояти Хатлонро, ки дар марз бо Афғонистон ҷойгир аст, ба ҳушёрӣ даъват кард
2022-03-15T11:15+0500
2022-03-15T11:15+0500
2022-03-15T13:11+0500
дар тоҷикистон
амният ва мудофиа
рамазон раҳимзода
мулоқот
хатлон
милиса
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102469/50/1024695063_0:0:3000:1688_1920x0_80_0_0_74db16f79fd510eb6c334e88cabf49cc.jpg
ДУШАНБЕ, 15 мар — Sputnik. Генерал-полковник Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон дар Хатлон масоилеро мушаххас кард, ки милисаҳо ба онҳо бояд таваҷҷуҳи аввалиндараҷа диҳанд. Тибқи иттилои Вазорати умури дохилӣ, Раҳимзода дар мулоқот бо ҳайати шахсии мақомоти умури дохилии Хатлон аз вазъи сиёсии мураккаби ҷомеаи ҷаҳонӣ гуфтааст. Ӯ дар хитоб ба кормандони мақомоти дохилии Хатлон аз авзои мураккаби Афғонистон ёдовар гардида, пешгирӣ аз ҷиноятҳои фаромиллӣ, терроризму экстремизмро муҳим хондааст. Генерал таъкид намудааст, ки бояд тамоми талошҳо барои ҷилавгирӣ аз ворид шудани ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротгаро равона гарданд. Вазири корҳои дохилӣ хостори пурзӯр намудани фаъолияти оперативӣ-хидматӣ шуда, аз маъмурини милиса даъват кардааст, ки дар мубориза бар зидди ҷинояткорӣ зиракию ҳушёриро аз даст надиҳанд. Омодагӣ ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз аз дастуроти дигари мулоқоти Раҳимзода ба тобеинаш дар Хатлон будааст. Ин мулоқот дар ҳолест, ки ахиран дар Раёсати мақомоти умури дохилии вилояти Хатлон дар мувофиқа бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон тағйироти кадрӣ анҷом дода шуд. Полковник Нозимзода Файзулло Ватан, ки то охирҳои моҳи феврал сардори милисаи Кӯлоб буд, сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон таъйин гардид. Генерал-лейтенант Солеҳзода Искандар, аз роҳбарии мақомоти умури дохилии Хатлон барканору ба вазифаи сардори РВУД дар нақлиёт таъйин шуд. Генерал Фотеҳ Қунғуротзода мақоми сардори милисаи Кӯлобро гирифт.
https://sputnik.tj/20220311/bozdosht-nurulloi-mavod-mukhaddir-siloh-dushanbe-1046707980.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102469/50/1024695063_205:0:2872:2000_1920x0_80_0_0_2e50974c632d19eb7d281536e7b7fdc1.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳушдор, вазъ, раҳимзода, афғонистон
ҳушдор, вазъ, раҳимзода, афғонистон
Раҳимзода ба милисаҳои Хатлон аз вазъ дар Афғонистон ҳушдор дод
11:15 15.03.2022 (Навсозишуда: 13:11 15.03.2022) Вазири умури дохилии Тоҷикистон маъмурини милисаи вилояти Хатлонро, ки дар марз бо Афғонистон ҷойгир аст, ба ҳушёрӣ даъват кард
ДУШАНБЕ, 15 мар — Sputnik. Генерал-полковник Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон дар Хатлон масоилеро мушаххас кард, ки милисаҳо ба онҳо бояд таваҷҷуҳи аввалиндараҷа диҳанд.
Тибқи иттилои Вазорати умури дохилӣ, Раҳимзода дар мулоқот бо ҳайати шахсии мақомоти умури дохилии Хатлон аз вазъи сиёсии мураккаби ҷомеаи ҷаҳонӣ гуфтааст. Ӯ дар хитоб ба кормандони мақомоти дохилии Хатлон аз авзои мураккаби Афғонистон ёдовар гардида, пешгирӣ аз ҷиноятҳои фаромиллӣ, терроризму экстремизмро муҳим хондааст.
Генерал таъкид намудааст, ки бояд тамоми талошҳо барои ҷилавгирӣ аз ворид шудани ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротгаро равона гарданд.
Вазири корҳои дохилӣ хостори пурзӯр намудани фаъолияти оперативӣ-хидматӣ шуда, аз маъмурини милиса даъват кардааст, ки дар мубориза бар зидди ҷинояткорӣ зиракию ҳушёриро аз даст надиҳанд.
Омодагӣ ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз аз дастуроти дигари мулоқоти Раҳимзода ба тобеинаш дар Хатлон будааст.
Ин мулоқот дар ҳолест, ки ахиран дар Раёсати мақомоти умури дохилии вилояти Хатлон дар мувофиқа бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон тағйироти кадрӣ анҷом дода шуд.
Полковник Нозимзода Файзулло Ватан, ки то охирҳои моҳи феврал сардори милисаи Кӯлоб буд, сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон таъйин гардид. Генерал-лейтенант Солеҳзода Искандар, аз роҳбарии мақомоти умури дохилии Хатлон барканору ба вазифаи сардори РВУД дар нақлиёт таъйин шуд. Генерал Фотеҳ Қунғуротзода мақоми сардори милисаи Кӯлобро гирифт.