https://sputnik.tj/20220315/qaziyai-amurro-vazorati-mehnat-tahti-nazorat-1046814841.html
Қазияи Амурро Вазорати меҳнат таҳти назорат гирифт
Қазияи Амурро Вазорати меҳнат таҳти назорат гирифт
Sputnik Тоҷикистон
Намояндагии вазорати меҳнат дар Русия муноқишаи гуруҳии муҳоҷирони меҳнатӣ дар шаҳри Свободнии вилояти Амур ҷараён дорад
2022-03-15T15:45+0500
2022-03-15T15:45+0500
2022-03-15T19:15+0500
дар тоҷикистон
муҳоҷират
сафорат
намояндагӣ
қазия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/02/09/1045693452_0:0:3073:1728_1920x0_80_0_0_0a83fd3690634c9af6bb0c78c8d7a79e.jpg
ДУШАНБЕ, 15 мар — Sputnik. Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия хабар додааст, ки муноқишаи гурӯҳии муҳоҷирони меҳнатӣ дар шаҳри Свободнии вилояти Амурро таҳқиқ мекунад ва сабабҳои рух додани ҳодиса ва дигар омилҳои қазияи мазкурро мавриди пайгирӣ қарор додааст.Тибқи иттилои манбаъ, вобаста ба қазияи мазкур намояндагӣ дар ҳамбастагӣ бо сафорати Тоҷикистон дар Русия, консули генералии кишвар дар шаҳри Новосибирск ва роҳбари Ҷамъияти тоҷикони вилояти Амур дар шаҳри Благовешенск бо мақомоти марбута дар тамос буда, сабабҳои ҳодисаи мазкурро муайян мекунанд.Ёдрас мешавем, Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон аз ҳамтои русаш Владимир Колоколтсев хоҳиш кард, тафтишоти задухӯрди дастаҷамъӣ дар яке аз майдонҳои сохтмони вилояти Амурро таҳти назорат бигирад.“Вазири корҳои дохилии ҷумҳурӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро дар доираи ҳамкориҳои дуҷониба дар робита ба занозании гурӯҳӣ миёни муҳоҷирони тоҷику қирғиз <...> ба унвони вазири корҳои дохилӣ Русия, генерали полис Владимир Колоколтсев барқия ирсол намуд”, - гуфта мешавад дар гузориш.Намояндаи Вазорати умури дохилии Тоҷикистон дар Бюрои ҳамоҳангсозии мубориза бо ҷиноятҳои муташаккил ва дигар ҷиноятҳои хатарнок дар ИДМ Абдуссатор Фаттоҳзода, ки бо масъалаҳои муҳоҷирони корӣ машғул аст, низ дастур гирифтааст, ки бо ҳамкорони русаш дар тамос бошад.Ҳодисаҳо рӯзҳои 8 ва 9 март дар корхонаи коркарди гази Амур ва комбинати гази кимиёии Амур дар наздикии Благовешенск рух доданд.Ин задухӯрд дар видео сабт шудааст, ки дар он даҳҳо коргар иштирок кардаанд.Тибқи баъзе гузоришҳо, дар задухӯрд ҳудуди 500 нафар ширкат доштанд.
https://sputnik.tj/20220310/namoyandagi-muhojiron-pulho-sarfakorona-istifoda-1046673422.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/02/09/1045693452_45:0:2776:2048_1920x0_80_0_0_afc4265fddfb638678e61c6d0a9495d2.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, русия, намояндагӣ, занозанӣ, гурӯҳӣ, зери назорат
тоҷикистон, русия, намояндагӣ, занозанӣ, гурӯҳӣ, зери назорат
Қазияи Амурро Вазорати меҳнат таҳти назорат гирифт
15:45 15.03.2022 (Навсозишуда: 19:15 15.03.2022) Намояндагии Вазорати меҳнат дар Русия муноқишаи гурӯҳии муҳоҷирони меҳнатӣ дар шаҳри Свободнии вилояти Амурро пайгирӣ мекунад
ДУШАНБЕ, 15 мар — Sputnik. Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия хабар додааст, ки муноқишаи гурӯҳии муҳоҷирони меҳнатӣ дар шаҳри Свободнии вилояти Амурро таҳқиқ мекунад ва сабабҳои рух додани ҳодиса ва дигар омилҳои қазияи мазкурро мавриди пайгирӣ қарор додааст.
Тибқи иттилои манбаъ, вобаста ба қазияи мазкур намояндагӣ дар ҳамбастагӣ бо сафорати Тоҷикистон дар Русия, консули генералии кишвар дар шаҳри Новосибирск ва роҳбари Ҷамъияти тоҷикони вилояти Амур дар шаҳри Благовешенск бо мақомоти марбута дар тамос буда, сабабҳои ҳодисаи мазкурро муайян мекунанд.
Ёдрас мешавем, Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон аз ҳамтои русаш Владимир Колоколтсев хоҳиш кард, тафтишоти задухӯрди дастаҷамъӣ дар яке аз майдонҳои сохтмони вилояти Амурро таҳти назорат бигирад.
“Вазири корҳои дохилии ҷумҳурӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро дар доираи ҳамкориҳои дуҷониба дар робита ба занозании гурӯҳӣ миёни муҳоҷирони тоҷику қирғиз <...> ба унвони вазири корҳои дохилӣ Русия, генерали полис Владимир Колоколтсев барқия ирсол намуд”, - гуфта мешавад дар гузориш.
Намояндаи Вазорати умури дохилии Тоҷикистон дар Бюрои ҳамоҳангсозии мубориза бо ҷиноятҳои муташаккил ва дигар ҷиноятҳои хатарнок дар ИДМ Абдуссатор Фаттоҳзода, ки бо масъалаҳои муҳоҷирони корӣ машғул аст, низ дастур гирифтааст, ки бо ҳамкорони русаш дар тамос бошад.
Ҳодисаҳо рӯзҳои 8 ва 9 март дар корхонаи коркарди гази Амур ва комбинати гази кимиёии Амур дар наздикии Благовешенск рух доданд.
Ин задухӯрд дар видео сабт шудааст, ки дар он даҳҳо коргар иштирок кардаанд.
Тибқи баъзе гузоришҳо, дар задухӯрд ҳудуди 500 нафар ширкат доштанд.