https://sputnik.tj/20220315/neruho-rusiya-khersonro-purra-nazorat-1046809318.html
Нерӯҳои Русия вилояти Херсонро пурра зери назорат гирифтанд
Нерӯҳои Русия вилояти Херсонро пурра зери назорат гирифтанд
Sputnik Тоҷикистон
Мақомоти мудофиаи Русия пешрафтҳо дар амалиёти низомӣ дар Украинаро муаррифӣ карданд
2022-03-15T13:25+0500
2022-03-15T13:25+0500
2023-10-02T17:10+0500
амалиёти вижаи русия барои ҳимояи донбасс: охирин хабарҳо
дар русия
амалиёт
низомӣ
вилоят
херсон
вазорати мудофиаи русия
украина
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/03/0b/1046715473_0:0:3179:1788_1920x0_80_0_0_b5babda1a114ac0848693da7464f62e7.jpg
ДУШАНБЕ, 15 мар — Sputnik. Нерӯҳои Русия дар пайи амалиёти вижа вилояти Херсони Украинаро ишғол карданд, изҳор дошт намояндаи расмии Вазорати мудофиа, генерал-майор Игор Канашенков. Конашенков афзуд, ки нерӯҳои Ҷумҳурии Донетск низ дар навбати худ хатти дифои миллатгароёни украиниро шикаста, маҳаллаи истиқоматии Пантелеймоновкаро пурра зери назорат гирифта, ба маҳаллаҳои Верхнеторетское ва Новоселовка-2 наздик омаданд. Назорати комил ба вилоят дар ҳолест, ки нерӯҳои Русия маркази маъмурии он - шаҳри Херсонро 2 март ишғол карда буданд. Дар пайи ин ҳамкорӣ бо шаҳрдорӣ барои барқарорсозии кори иншооти иҷтимоӣ, таъмини тартибот ва амнияти аҳолӣ роҳандозӣ шудаст. Ба шаҳр кумаки гуманитарӣ интиқол дода шуд, афзуданд мақомоти Русия. Ин дар ҳолест, ки Кремл мегӯяд, Владимир Путин, раисҷумҳури Русия дар оғози амалиёти низомӣ дар Украина фармон дод, ки ҳамла ба шаҳрҳои бузург, аз ҷумла Киев ба таври фаврӣ сурат нагирад. Дмитрий Песков, сухангӯи раисҷумҳури Русия дар суҳбат бо хабарнигорон ҳадафи ин дастури Путинро ҷилавгирӣ аз қурбониёни зиёд миёни аҳолии осоишта хонд.Маврид ба зикр аст, ки Русия рӯзи 24 феврал амалиёти низомӣ дар Украинаро оғоз кард. Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки дар тӯли ҳашт сол таҳти таъқиб ва наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд."Ба ин манзур, ба гуфтаи ӯ, “ғайринизомисозӣ ва нозизудоии Украина”, таҳвили муҷримони ҷангии масъул дар “ҷиноёти хуношом алайҳи сокинони мулкӣ”-и Донбасс ба додгоҳ барномарезӣ шуд.Бинобар баёнияи Вазорати дифои Русия, нерӯҳои ҳарбии ин кишвар танҳо зерсохтҳои низомию низомиёни Украинаро ҳадаф қарор медиҳанд ва ин амалиёт шаҳрвандони мулкиро таҳдид намекунад.Бо ҳимояти нерӯҳои ҳавоии ФР ҳуҷуми гурӯҳҳои ҶХД ва ҶХЛ доман мегустарад. Ин ҷо ҳарф дар бораи забти Украина нест, гуфт раисҷумҳури Русия. Дар баробари амалиёт инчунин музокироти Русия ва Украина низ ҷараён дорад.
https://sputnik.tj/20220315/zarbazani-alligator-neru-ukraini-video-1046807586.html
херсон
украина
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/03/0b/1046715473_342:0:3073:2048_1920x0_80_0_0_89b38ab3873854218f3de9f8c485080f.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
русия, вилоят, херсон, назорат, пурра
русия, вилоят, херсон, назорат, пурра
Нерӯҳои Русия вилояти Херсонро пурра зери назорат гирифтанд
13:25 15.03.2022 (Навсозишуда: 17:10 02.10.2023) Мақомоти мудофиаи Русия пешрафтҳо дар амалиёти низомӣ дар Украинаро муаррифӣ карданд
ДУШАНБЕ, 15 мар — Sputnik. Нерӯҳои Русия дар пайи амалиёти вижа вилояти Херсони Украинаро ишғол карданд, изҳор дошт намояндаи расмии Вазорати мудофиа, генерал-майор Игор Канашенков.
"Аз ҷониби қувваҳои мусаллаҳи Русия тамоми қаламрави вилояти Херсон зери назорати комил гирифта шуд", - таъкид намуд ӯ.
Конашенков афзуд, ки нерӯҳои Ҷумҳурии Донетск низ дар навбати худ хатти дифои миллатгароёни украиниро шикаста, маҳаллаи истиқоматии Пантелеймоновкаро пурра зери назорат гирифта, ба маҳаллаҳои Верхнеторетское ва Новоселовка-2 наздик омаданд.
Назорати комил ба вилоят дар ҳолест, ки нерӯҳои Русия маркази маъмурии он - шаҳри Херсонро 2 март ишғол карда буданд. Дар пайи ин ҳамкорӣ бо шаҳрдорӣ барои барқарорсозии кори иншооти иҷтимоӣ, таъмини тартибот ва амнияти аҳолӣ роҳандозӣ шудаст. Ба шаҳр кумаки гуманитарӣ интиқол дода шуд, афзуданд мақомоти Русия.
Ин дар ҳолест, ки Кремл мегӯяд, Владимир Путин, раисҷумҳури Русия дар оғози амалиёти низомӣ дар Украина фармон дод, ки ҳамла ба шаҳрҳои бузург, аз ҷумла Киев ба таври фаврӣ сурат нагирад. Дмитрий Песков, сухангӯи раисҷумҳури Русия дар суҳбат бо хабарнигорон ҳадафи ин дастури Путинро ҷилавгирӣ аз қурбониёни зиёд миёни аҳолии осоишта хонд.
Маврид ба зикр аст, ки Русия рӯзи 24 феврал амалиёти низомӣ дар Украинаро оғоз кард. Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки дар тӯли ҳашт сол таҳти таъқиб ва наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд."
Ба ин манзур, ба гуфтаи ӯ, “ғайринизомисозӣ ва нозизудоии Украина”, таҳвили муҷримони ҷангии масъул дар “ҷиноёти хуношом алайҳи сокинони мулкӣ”-и Донбасс ба додгоҳ барномарезӣ шуд.
Бинобар баёнияи Вазорати дифои Русия, нерӯҳои ҳарбии ин кишвар танҳо зерсохтҳои низомию низомиёни Украинаро ҳадаф қарор медиҳанд ва ин амалиёт шаҳрвандони мулкиро таҳдид намекунад.
Бо ҳимояти нерӯҳои ҳавоии ФР ҳуҷуми гурӯҳҳои ҶХД ва ҶХЛ доман мегустарад. Ин ҷо ҳарф дар бораи забти Украина нест, гуфт раисҷумҳури Русия. Дар баробари амалиёт инчунин музокироти Русия ва Украина низ ҷараён дорад.