Як масъули Кумитаи олимпии Норвегия ба хотири ҳимоят аз варзишгарони рус истеъфо дод

© Sputnik / Grigoriy Sysoyev / Гузариш ба медиабонкПрезидент МОК Томас Бах и мэр Парижа Анн Идальго на торжественной церемонии закрытия XXXII летних Олимпийских игр в Токио
Президент МОК Томас Бах и мэр Парижа Анн Идальго на торжественной церемонии закрытия XXXII летних Олимпийских игр в Токио  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.03.2022
Обуна шудан
Дар охирҳои моҳи феврал Кумитаи байналмилалии олимпӣ ба федератсияҳои варзишӣ тавсия дод, ки дар пасманзари вазъ дар атрофи Русия ва Украина варзишгарони русу беларусиягиро иҷозаи ширкат дар мусобиқаҳо надиҳанд
ДУШАНБЕ, 15 мар — Sputnik. Муовини узви раёсати Кумитаи олимпии Норвегия Эйвинд Ваттердал ба нишони эътироз аз манъ кардани варзишгарони Русия ва Беларус аз ширкат дар мусобиқоти байналмилалӣ мақомашро тарк кард.
Дар ин бора ӯ ба шабакаи телевизионии NRK хабар додааст.
Дар охири моҳи феврал Кумитаи байналмилалии олимпӣ ба федератсияҳои байналмилалии варзишӣ тавсия дода буд, ки ба далели вазъ дар атрофи Федератсияи Русия ва Украина ба варзишгарони Русия ва Беларус иҷозаи ширкат дар мусобиқоти байналмилалӣ надиҳанд.
Вынос на стадион паралимпийского флага на церемонии открытия XVI летних Паралимпийских игр - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.03.2022
Варзишкорони Русия аз иштирок дар Бозиҳои паралимпики Пекин маҳрум шуданд
Як қатор федератсияҳои байналмилалӣ русҳо ва белорусҳоро аз мусобиқаҳои таҳти сарпарастии худ хориҷ карданд, аз ҷумла Кумитаи байналмилалии паралимпӣ ширкати онҳоро дар паралимпики Пекин манъ кард.
Дигар федератсияҳо ба варзишгарони Русия ва Беларус иҷозат доданд, ки дар мақоми бетараф рақобат кунанд.

Ин тасмим дар асоси даъвати КОН дар бораи манъи иштироки варзишгарони Русия ва Беларус дар мусобиқаҳо гирифта шудааст. Ин тасмим ба арзишҳои ман ва ақидаам дар бораи он ки варзиш бояд чӣ гуна бошад, комилан мухолиф аст", - тавзеҳ додааст Веттердал.

Вай афзуд, ки ин корро ба хотири виҷдонаш мекунад, то ҳамкасбони худро ҳимоя ва тавонад "ба чашми онҳо нигоҳ кунад".
Ёдовар мешавем, ки рӯзи 2 март тимҳои Русия ва Беларус ба Бозиҳои паралимпӣ дар Пекин роҳ дода шуданд, аммо 17 соат пас Кумитаи байналмилалии паралимпӣ тасмимашро дигар кард. Варзишгарони Русия ва Беларус аз Бозиҳои паралимпӣ дар Чин берун карда шуданд.
Лентаи хабарҳо
0