Иштироки чаҳор ширкати сайёҳии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии Маскав

© Foto / Хадамоти матбуоти Шӯрои Федератсияи РусияФлаги на переговорах верхних палат парламентов России и Таджикистана
Флаги на переговорах верхних палат парламентов России и Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.03.2022
Обуна шудан
Дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии MITT-2022 дар Маскав имконоти сайёҳии Тоҷикистон муаррифӣ мешавад
ДУШАНБЕ, 15 мар — Sputnik. Намояндагони Кумитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон ва чаҳор ширкати сайёҳии Тоҷикистон, назири “Пойгоҳи кӯҳнавардию сайёҳии Артуч”, “Силквей эдвенче”, “Кошиф” ва “Антарес” имконияти сайёҳии Тоҷикистонро дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии MITT- 2022, ки имрӯзҳо дар шаҳри Москва дар ҳоли баргузорист, муаррифӣ мекунанд.
Тибқи иттилои Кумитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон, дар гӯшаи сайёҳии кишвар бартарияти рақобатнокии Тоҷикистон, аз ҷумла иқтидори бойи табиӣ, сайёҳии табобатию солимгардонӣ ва имконияти машғулият бо намудҳои туризми варзишию кӯҳнавардӣ, фарҳанги нодир ва тамаддуни қадимӣ инъикос гардидаанд.

“Иштироки ширкатҳои сайёҳӣ дар Намоишгоҳи байналмилалии Маскав яке аз роҳҳои самараноки ҷалби сайёҳони хориҷӣ ба ҷумҳурӣ мебошад, барои васеъ гаштани ҳамкории ширкатҳои сайёҳии ҷумҳурӣ бо ширкатҳои давлатҳои аз ҷиҳати сайёҳӣ пешрафта заминаҳои мусоид фароҳам меорад”, – таъкид кардааст манбаъ.

Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии MITT- 2022 то 17 март идома меёбад. MITT-2022 бузургтарин намоишгоҳи сайёҳӣ дар Русия дар шакли “Туризм ва фароғат” буда, он платформаи тиҷоратии байналмилалӣ барои кишварҳо, минтақаҳо ва ширкатҳои сайёҳии тамоми ҷаҳон мебошад, ки маҳсулот ва хидматҳои худро дар бозори Русия муаррифӣ мекунанд.
Горный турист - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.03.2022
Коршинос рушди сайёҳӣ дар ИДМ-ро пешгӯӣ кард
Ширкатҳои сайёҳӣ ва меҳмонони намоишгоҳ имкон доранд, бо намояндагони анҷуманҳои ҷаҳонии сайёҳӣ, танзимгарони соҳа вохӯрию суҳбатҳо доир намуда, муштариён ва шарикони нав пайдо кунанд ва ҳамкориро бо мақсади рушди туризм тақвият бахшанд.
Дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии MITT-Маскав, ки дар пойтахти ин кишвар баргузор мешавад, имсол 2 ҳазору 504 ожонси сайёҳӣ, 1348 назоратчии гардишгарӣ, 701 созмони ташкили сафарҳои корӣ ва фаъолияти корпоративӣ аз 51 давлати дунё ва беш аз 10 ҳазор меҳмон иштирок хоҳанд кард.
Лентаи хабарҳо
0