Дабири амнияти Русия гуфт, барои рушди иқтисоди Украина мусоидат мекунад

© REUTERS \ Valentyn OgirenkoФлаг Украины на фоне Монумента Независимости на площади Независимости в Киеве
Флаг Украины на фоне Монумента Независимости на площади Независимости в Киеве - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.03.2022
Обуна шудан
Дабири Шӯрои амнияти Русия ҳавасмандии Маскав барои эътидоли ҳаёти мардуми Украинаро баён дошт
ДУШАНБЕ, 15 мар — Sputnik. Русия ҳавасманди рушди иқтисодии Украина ва эътидоли зиндагии халқи бародари ин кишвар мебошад, изҳор дошт дабири Шӯрои амнияти ФР Николай Патрушев.
Ӯ зимни ҳамоиш дар мавзуи таъмини амнияти миллӣ дар ҳавзаи федералии Қафқози Шимолӣ дар шаҳри Грозний гуфт, Маскав аллакай иқдомеро барои эътидоли вазъ рӯи даст гирифтааст.
Патрушев зикр намуд, ки аллакай Русия ба минтақаҳои озодкарда аз нерӯҳои ифротию миллатгарои Украина кумакҳои башардӯстона фиристодааст.

"Мо ҳавасмандем, ҳаматарафа барои рушди иқтисодии Украина ва ба эътидол овардани ҳаёти мардуми бародар мусоидат мекунем", - таъкид намудааст дабири Шӯрои амнияти Русия.

Маврид ба зикр аст, ки Русия рӯзи 24 феврал амалиёти низомӣ дар Украинаро оғоз кард. Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки дар тӯли ҳашт сол таҳти таъқиб ва наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд."
Ба ин манзур, ба гуфтаи ӯ, “ғайринизомисозӣ ва нозизудоии Украина”, таҳвили муҷримони ҷангии масъул дар “ҷиноёти хуношом алайҳи сокинони мулкӣ”-и Донбасс ба додгоҳ барномарезӣ шуд.
Президент Украины Владимир Зеленский - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.03.2022
Зеленский иқрор шуд, ки Украина ба НАТО ворид нахоҳад шуд
Бинобар баёнияи Вазорати дифои Русия, нерӯҳои ҳарбии ин кишвар танҳо зерсохтҳои низомию низомиёни Украинаро ҳадаф қарор медиҳанд ва ин амалиёт шаҳрвандони мулкиро таҳдид намекунад.
Бо ҳимояти нерӯҳои ҳавоии ФР ҳуҷуми гурӯҳҳои ҶХД ва ҶХЛ доман мегустарад. Ин ҷо ҳарф дар бораи забти Украина нест, гуфт раисҷумҳури Русия. Дар баробари амалиёт инчунин музокироти Русия ва Украина низ ҷараён дорад.
Лентаи хабарҳо
0