https://sputnik.tj/20220315/bozdidi-komisari-olii-panohandagoni-smm-tojikiston-1046829445.html
Тасмими боздиди Комиссари олии паноҳандагони СММ аз Тоҷикистон
Тасмими боздиди Комиссари олии паноҳандагони СММ аз Тоҷикистон
Sputnik Тоҷикистон
Комисари олии паноҳандагонм Созмони Милали Муттаҳид аз Тоҷикистон боздид ва бо мақомоти расмии ин кишвар гуфтугӯ хоҳад кард
2022-03-15T23:00+0500
2022-03-15T23:00+0500
2022-03-15T23:00+0500
дар тоҷикистон
смм
паноҳанда
боздид
мақомот
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/07/0f/1040910062_256:0:1280:576_1920x0_80_0_0_cd6dcab64754eb1a19a44d9442c77ec5.jpg
ДУШАНБЕ, 15мар — Sputnik. Филиппо Грандӣ, комиссари олии паноҳандагони Созмони Милали Муттаҳид (СММ) дар таърихи 17-18 март вориди Тоҷикистон мешавад ва бо мақомоти олии кишвар гуфтугӯ мекунад, иттилоъ додааст хабаргузории “Форс”.Тибқи иттилои манбаъ, комиссари олии паноҳандагони СММ бо мақомоти Тоҷикистон дар мавзуи вуруди паноҳандагон ба ин кишвар ва талош барои пайдо кардани роҳҳалҳои пойдор барои паноҳандагон гуфтугӯ хоҳад кард.Инчунин қарор аст, комиссари олии СММ бо вазъияти искони паноҳҷӯён дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ошно хоҳад шуд.Дар ҳоле ки буҳрони башарӣ умдатан дар дохили Афғонистон идома дорад, комиссари олии паноҳандагони СММ бо давлатҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон дар робита ба боло бурдани сатҳи омодагӣ нисбат ба вуруди эҳтимолии паноҳандагон ва вокуниши ниҳодҳои зидахли давлатии ин кишвар мутобиқ бо шартҳои ҳифозати байналмиллалӣ ҳамкорӣ анҷом медиҳад.Бар асоси гузориши комиссари олии паноҳандагони СММ, то охири соли 2021 дар Тоҷикистон 13 ҳазору 773 нафар паноҳҷӯ сабти ном шудааст.
https://sputnik.tj/20220202/tedod-panohjuyon-afghon-tojikiston-1045411998.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/07/0f/1040910062_486:0:1254:576_1920x0_80_0_0_22610d4364a8fc1c501862be9a4fdbbe.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, смм, паноҳанда, боздид, комисар
тоҷикистон, смм, паноҳанда, боздид, комисар
Тасмими боздиди Комиссари олии паноҳандагони СММ аз Тоҷикистон
Комиссари олии паноҳандагони Созмони Милали Муттаҳид аз Тоҷикистон боздид ва бо мақомоти расмии ин кишвар гуфтугӯ хоҳад кард
ДУШАНБЕ, 15мар — Sputnik. Филиппо Грандӣ, комиссари олии паноҳандагони Созмони Милали Муттаҳид (СММ) дар таърихи 17-18 март вориди Тоҷикистон мешавад ва бо мақомоти олии кишвар гуфтугӯ мекунад, иттилоъ додааст хабаргузории “Форс”.
Тибқи иттилои манбаъ, комиссари олии паноҳандагони СММ бо мақомоти Тоҷикистон дар мавзуи вуруди паноҳандагон ба ин кишвар ва талош барои пайдо кардани роҳҳалҳои пойдор барои паноҳандагон гуфтугӯ хоҳад кард.
Инчунин қарор аст, комиссари олии СММ бо вазъияти искони паноҳҷӯён дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ошно хоҳад шуд.
Дар ҳоле ки буҳрони башарӣ умдатан дар дохили Афғонистон идома дорад, комиссари олии паноҳандагони СММ бо давлатҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон дар робита ба боло бурдани сатҳи омодагӣ нисбат ба вуруди эҳтимолии паноҳандагон ва вокуниши ниҳодҳои зидахли давлатии ин кишвар мутобиқ бо шартҳои ҳифозати байналмиллалӣ ҳамкорӣ анҷом медиҳад.
Бар асоси гузориши комиссари олии паноҳандагони СММ, то охири соли 2021 дар Тоҷикистон 13 ҳазору 773 нафар паноҳҷӯ сабти ном шудааст.