Артиши Русия бори нахуст дар тамрингоҳҳои Тоҷикистон аз танкҳои нав истифода кард

© Sputnik / Михаил ВоскресенскийУчение ОДКБ "Взаимодействие-2018"
Учение ОДКБ Взаимодействие-2018 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.03.2022
Обуна шудан
Машқҳои низомии пойгоҳи 201-и Русия дар як тамрингоҳи наздики марзи Тоҷикистону Афғонистон барпо шуданд
ДУШАНБЕ, 15 мар — Sputnik. Дар ин тамрин дар Тоҷикистон барои нахустин бор низомиёни пойгоҳи 201-уми Федератсияи Русия аз танкҳои нави Т-72Б3М ва мошинҳои ҷангии БМП-2М муосир истифода карданд.
Дар ин бора дафтари матбуотии Ҳавзаи марказии низомии Вазорати дифои Русия хабар додааст.
Қобили зикр аст, ки машқҳои низомӣ дар як тамрингоҳи наздимарзии Тоҷикистону Афғонистон ҷараён доранд.
Ёдовар мешавем, ки моҳи декабри соли 2021 барои муҷаҳҳазсозии пойгоҳ 30 танки замонавӣ ворид шуда буд.
Баталони танкҳои ҳозиразамон қобилияти ҷангии пойгоҳро хеле зиёд кард.
"Низомиёни пойгоҳи 201-уми Русия бори нахуст дар машқҳои тактикӣ аз танкҳои нави Т-72Б3М ва мошинҳои ҷангии пиёдагардон (БМП-2М) истифода карданд", — омадааст дар хабар.
Гуфта мешавад, ки дар марҳилаи асосии машқҳо қисмҳои мототирандозӣ, ки бо танкҳо мустаҳкам карда шудаанд, амалиёти дифоӣ, зарба ва ҳамлаҳои ҷавобиро анҷом медиҳанд.
Учения сил ОДКБ в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.02.2022
Маълум шуд, ки соли 2022 дар Осиёи Марказӣ кадом машқҳо баргузор мешаванд
Ҳайати танкҳои замонавии дорои хусусиятҳои ҷангии беҳтаршуда бо машқҳо дар паҳлӯ ва ақибгоҳи душман каминҳои оташфишонро анҷом медиҳанд, хабар медиҳад хадамоти матбуотии Ҳавзаи низомии марказӣ.
Қаблан хабар дода шуда буд, ки низомиёни пойгоҳи низомии 201 барои маҳви гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ дар Тоҷикистон тамринҳои барномавӣ анҷом медиҳад. Машқҳои ҳарбӣ аз 14 то 18 март баргузор мешаванд.
Ҳамзамон мутахассисони ҷанги электронии пойгоҳи 201-ум дар як тамрин дар Тоҷикистон мавқеъҳои системаи дифои зиддиҳавоии С-300ПС аз душмани шартиро анҷом дода буданд.
Лентаи хабарҳо
0